• 02.05.2024

АШӮР ФАЙЗ

ФАЙЗИ АШӮР 7 ноябри соли 1965 дар шаҳри Кӯлоб, дар хонаводаи Шоири халқии Тоҷикистон Ашӯр Сафар, ба ҷаҳон омадааст.

Соли 1983, баъд аз хатми мактаби миёнаи №9, шогирди факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин шуда, соли 1990 ба итмом расондааст.

Солҳои 1985-1987 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ хидмат кардааст.

Солҳои 1990-1991 муаллими забони арабӣ дар мактаби №9 шаҳри Кӯлоб, 1991-1995 омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1995-2001 китобдори Китобхонаи ба номи Ашӯр Сафар, 2001-2004 мудири шуъбаи масоили иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва алоқа бо созмонҳои ҷамъиятӣ –сиёсӣ, муносибати байни миллатҳо ва дини дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб будааст.

Аз соли 2004 фаъолияти меҳнатиашро дар Китобхонаи ба номи Ашӯр Сафар ва Китобхонаи вилоятии бачагонаи ш.Кӯлоб идома додааст. Ҳоло мудири бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб аст.

Ба ҳайси шоир ва драманавис шинохта шуда, навиштаҳояш дар авроқи маҷмӯаҳои «Карашмаи субҳ», «Касби падар», «Хоки роҳ», «Ғамномаи нотамом», «Дунёст саҳна», «Ғизои андеша» ва «Рози оина» ба табъ расидаанд.

Ҳамчунин, муаллифи барномаҳои фарҳангии «Чароғи падарро фурӯзон дор!» (бахшида ба 40-солагии шаҳри Норак), «Наврӯзи Данғара», «Устоди ҳунар» (бахшида ба 60-солагии Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов), «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст» (бахшида ба 10-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ), «Мазҳари тамаддун» (бахшида ба 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, дар ҳамкорӣ бо М.Бахтӣ ва С.Айюбӣ) ва ғ. мебошад.

Асарҳои саҳнавияш «Захми дил», «Ё раб!», «Давлати Сомониён», «Ҳусайни аробакаш» ва «Фиғон» аз ҷониби Театр-студияи «Авасто», Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ва Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи А.Муҳаммадҷонови шаҳри Кӯрғонтеппа саҳнагузорӣ ва солҳои гуногун дар фестивал-озмуни «Парасту» пешкаши мухлисон гардонида шудаанд.

Солиёнест, ки силсилаи сурудҳояш аз ҷониби хори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ пешниҳоди шунавандагон гардонида мешавад.

Барандаи Ҷоизаҳои ба номи Шамсиддин Шоҳин, Ашӯр Сафар ва Мирзо Турсунзода.

Бо медали «Хидмати шоиста» сарфароз гардидааст.

Аз соли 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо