• 02.05.2024

АҲМАДЗОДА ЮСУФҶОН

ЮСУФҶОН   АҲМАДЗОДА 29 декабри соли 1947 дар ҷамоати деҳоти Пӯлодониноҳияи Конибодом  таваллуд ёфтааст.

Соли 1965, баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш, таҳсилро дар факултаи филологияи      тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин идома дода, ҳамзамон, дар нашриёти «Ирфон» машғули кори ноширӣ будааст.

Дар тӯли чилу ҳафт соли заҳмат аз дараҷаи мусаҳҳеҳӣ то мақоми муҳаррири хурду муҳаррири калон, мудири шуъба ва ҷонишини раиси нашриёти «Адиб» камол ёфтааст.

Ҳоло муовини раиси нашриёти «Адабиёти бачагон» аст.

Ҳамчун шоир ва нависандаи кӯдакону калонсолон шинохта шуда, суруду таронаҳо ва ғазалу рубоӣ мегӯяд.

Нахустин маҷмӯаи ашъораш «Туҳфаҳо» соли 1978 чоп шудааст.

Минбаъда шеъру достон ва қиссаву афсонаҳои ӯ дар авроқи маҷмӯаҳои «Мурғобӣ, чӣ    мекобӣ?!»    (1981),    «Хурсандӣ»  (1982), «Ҳулбӯ» (1987), «Садсола шав-е, дурроҷ!» (1989), «Панҷоҳ барг» (1996), «Марзи баланд» (1997),  «Оинаи  дидор»  (1999),  «Мӯрчае дона ёфт…» (2003),  «Абри  сафед» (2003), «Хумори ишқ» (2004), «Наҷвои хӯшаҳо» (2007), «Дар хаймаи Хайём» (2011), «Хурӯсаки тоҷбасар», «Офтоби сарам», «Ситорачаҳои барфӣ» (2013) мунташир гардидаанд.

Соли 2001 қисми якуми романи таърихии ӯ «Ҳафт рӯъё», соли 2010         романи «Ишқи духтари кулаҳпӯш»-аш ба нашр расидааст.

Баробари таълифи асарҳои манзуму мансур, дар тарҷумаи осори адибони маъруфи ҷаҳон – Бародарон Гримм, И.Бунин, Ҳ.К.Андерсен, В.Ҳауфф, К.Чуковский, С.Маршак, П.Мӯъмин, А.Барто, В.Бубнис, А.Валтон, Л.Тудев ва дигарон саҳм гирифтааст.

Хидматҳои ӯ дар соҳаи матбуот ва адабиёт бо  ордени  «Шараф»  (2002),  нишони  фахрии «Аълочии   матбуоти   Тоҷикистон»   (1999) ва «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011) такдир шудааст.

Аз соли 1980 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 2000 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Дигар хабарҳо