• 02.05.2024

БОҲИРӢ НОЗИРҶОН

НОЗИРҶОН БОҲИРӢ 12 августи соли 1940 дар деҳаи Пӯлодони ноҳияи Конибодом зода шудааст.

Соли 1965 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст.

Баъдан ходими адабии рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Пионери Тоҷикистон», моҳномаҳои «Машъал» ва «Истиқбол» будааст.

Муддате дар Афғонистон тарҷумонӣ кардааст. Шеърҳояш аз соли 1958 чоп мешаванд.

Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Андеша» (1975), «Дониш талабу бузургӣ омӯз» (1988), «Талош» (1990), «Оташи обдор»(2010) ва ғ. мебошад. Қиссаи сегонаи Х.Тӯхтабоевро аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ гардондааст (1976).

Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (1979).

Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1985), Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1991).

Аз соли 1990 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо