• 02.05.2024

БОБОҶОН АЛӢ

АЛӢ БОБОҶОН 10 феврали соли 1936 дар маҳаллаи Гумбазии шаҳри Конибодом ба ҷаҳон омадааст.

Аз соли 1959, баъди хатми факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе, фаъолияти меҳнатиро дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» сар карда, баъдан дар нашрияҳои гуногун ифои вазифа намудааст.

Муддате корманди илмии Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҷумҳурӣ будааст.

Аввалин чакидаҳои хомаи ӯ дар миёнаи солҳои панҷоҳуми қарни гузашта ба табъ расидаанд.

Муаллифи 30 китоби гуногунжанру мухталифмаъно, мақолаю очерк, мураттиби бисёр баёзу тазкираҳои дастҷамъона мебошад.

Барои кӯдакону наврасон ва ҷавонон китобҳои «Бачаҳои хуб» (1963), «Мусича» (1965), «Парвози орзу» (1971), «Некӣ ба некӣ» (1975), «Осмондара» (1981), «Зардолуи маҳтобӣ» (1988), «Атри кӯҳистон» (1993), «Алифбои парандаҳо» (2013) ва ғ.-ро ба қалам овардааст.

Барои шеърҳои аз ҳаёти кӯдакон сурудааш борҳо ғолиби озмуни рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ гардидааст.

Шеърҳои ӯ барои калонсолон дар маҷмӯаҳои «Гули бодом» (1966), «Мавҷи сурур» (1973), «Нилуфар» (1980), «Намаки зиндагӣ» (1986) ва ғ. интишор ёфтаанд.

Дастае аз асарҳои насрии Алӣ Бобоҷон (ҳикоёти воқеӣ, очеркҳои ҳуҷҷатӣ ва мақолаҳои публитсистӣ) дар китобҳои «Домулло Азизов» (1970), «Нахустқаҳрамони тоҷик» (1979), «Тоҷикистони ман» (1983), «Чароғи Ӯялӣ» (дар ҳаммуаллифии Собири Шоҳонӣ; 1996), «Соҳибҳунар» (1998), «Писархонди алоқачиён» (1999), «Конибодом» (дар ду ҷилд), «Меҳрпайванд» (2006), «Дурахши ситора (дар ду ҷилд, 2012) ва ғ. фароҳам омадаанд.

Силсилаи мақолаҳои ӯ дар ҷилдҳои гуногуни Энсиклопедияи советии тоҷик ба табъ расидаанд.

Аз таронасароёни варзидаи кишварамон буда, панҷоҳ сол инҷониб ҳамроҳи бастакору мутрибони ҷумҳурӣ дар равнақи суруди миллӣ заҳмат мекашад.

Соли 1984 дар Озмуни «Беҳтарин суруд дар васфи Тоҷикистон» ҷойи аввал насибаш гардидааст.

Бисёр шеърҳои ӯ дар силсилаи «Китобхонаи бачагони халқҳои СССР», ки ҷумҳуриятҳои шӯравӣ ба табъ мерасонданд, интишор ёфта, ба русию украинӣ, белорусию ӯзбекӣ, арманию озарӣ, қазоқию қирғизӣ, эстонию литвонӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд.

Китоби шеърҳояш «Устопарасту» (Боку, 1978) ба забони озарӣ, «Мусиқии баҳор» (2008) ба забони озарӣ ба табъ расидааст.

Намунаҳои ашъораш дар Эрону Афғонистон ҳам чоп шудаанд.

Тарҷумаи китобҳои шоирони озарӣ: Т.Муталлибов «Чӯҷаҳо», С.Мамадзода «Калид», тазкираи шуарои Вйетнам «Муҳаббат ва ғазаб» ба қалами ӯ мансубанд.

Тарҷумаи тоҷикии силсилаи шеъру манзумаҳои ба Тоҷикистон бахшидаи шоирони ҷаҳонро дар «Китоби дӯстӣ» (1989) дастраси умум гардондааст.

Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998), Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1982).

Бо Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1977) мукофотонида шудааст.

Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагон, аз соли 1973 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.

16-уми октябри соли 2020 аз олам даргузашт. 

 

 

Дигар хабарҳо