ШАҲОБУДДИНИ ШУҶОЪ (Маҳмадшоев Шаҳобуддин Шуҷоуддинович) 27 августи соли 1961 дар деҳаи Томини ноҳияи Айниии вилояти Суғди ҷумҳурӣ таваллуд ёфтааст. Соли 1985 факултаи забонҳои Шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хатм кардааст. Солҳои 1982-1983, 1985-1987 дар Афғонистон машғули фаъолияти тарҷумонӣ, солҳои 1988-1989 корманди Китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии АИ ҷумҳурӣ, солҳои 1989-1991 хабарнигори шуъбаи Тоҷикистони Агентии навигариҳои […]Идома...
МАҒФИРАТ ЮСУФӢ 9 майи соли 1975 дар деҳаи Алмосии ноҳияи Ҳисор ба ҷаҳон омадааст. Баъди хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш таҳсилро дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома додааст. Баъди хатми донишгоҳ (2013) муддате рӯзноманигори мустақил будааст. Чанде дар Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Кумитаи давлатии радиову телевизиони ҷумҳурӣ кор кардааст. Алъон котиби масъули бахши Ҳисори […]Идома...
ҲАБИБ ЮСУФӢ соли 1916 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар назди падараш, ки донандаи хуби адабиёт буд, фаро гирифтааст. Соли 1940 факултаи филологияи Университети давлатии Ӯзбекистонро хатм кардааст. Чанде ходими илмии Институти таърих, забон ва адабиёти Филиали Тоҷикистони АИ Иттиҳоди Шӯравӣ будааст. Соли 1942 ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст. Соли 1943, баробари […]Идома...
НАЗРИ ЯЗДОНӢ (Раҳматуллоев Назрулло) 18 августи соли 1949 дар ноҳияи Сангвори Вахё (ҳозира Тавилдара) таваллуд шудааст. Хонадонашон соли 1953 ба ноҳияи Сталинобод (Рӯдакии ҳозира) кӯчида, дар деҳаи Маҳмадшоҳ маскун шудааст. Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро дар ҳамин ҷой (деҳаи Маҳмадшоҳи колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Рӯдакӣ) ба фарҷом расондааст. Соли 1967 ба шуъбаи англисии факултаи забонҳои хориҷии Донишкадаи […]Идома...



