АТАХОН САЙФУЛЛОЕВ 1 майи соли 1933 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1940 ба мактаб рафта, соли 1950 мактаби миёнаи №3 шаҳри Хуҷандро бо баҳои аъло хатм кардааст. Солҳои 1950-1954 донишҷӯи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Киров буда, баъди хатми он дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳ ба ҳайси муаллими […]Идома...
НОСИРҶОН САЛИМОВ 3 декабри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд, дар хонадони адабиётшиноси маъруф Юсуфҷон Салимов (1935-1978), ба ҷаҳон омадааст. Соли 1978 мактаби миёна, соли 1982 факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинободро ба итмом расонда, солҳои 1982-1984 лаборанти кафедраи адабиёти донишкадаи мазкур будааст. Аз сентябри 1984 дар кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба […]Идома...
ВАЛӢ САМАД 20 январи соли 1936 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара зода шудааст. Соли 1956 Омӯзишгоҳи педагогии Конибодом, соли 1961 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷандро хатм карда, нахуст ба ҳайси референти Ҷамъияти «Дониш»-и вилоят, сипас ба сифати муаллими донишгоҳи мазкур фаъолият бурдааст. Соли 1964 вориди аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, курси асосиро дар […]Идома...
АБДУНАБӢ САТТОРЗОДА 27 феврали соли 1941 дар деҳаи Варзикандаи ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфта, пас аз хатми мактаби ҳаштсолаи деҳа таҳсилро дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент ва факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) идома додааст. Фаъолияти меҳнатиро соли 1963 дар донишгоҳи номбурда ба ҳайси коршинос оғоз бахшида, баъдан, то соли […]Идома...
АСРОРИ СОМОНӢ (Асрори Раҳмонфари Сомонӣ) 1 ноябри соли 1952 дар деҳаи Артучи ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Панҷакент таваллуд ёфтааст. Соли 1969 мактаби миёнаи №6 ба номи Абдусалом Деҳотии шаҳраки Колхозчиён, соли 1974 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба поён расонда, дар шуъбаи матншиносии Институти шарқшиносӣ (баъдан–Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ)-и Академияи […]Идома...
6 ноябри соли 1948 дар деҳаи Лучоби ноҳияи Рӯдакӣ ба ҷаҳон омадааст. Мактаби миёнаи №16 ба номи Т.Г Шевченкои деҳаро хатм кардааст. Соли 1965 муҳассили Донишкадаи давлатии педогогии ба номи Т.Г. Шевченко шудааст. Баъди ду соли таҳсил, баробари ифтитоҳи факултаи санъат дар ҳамин донишкада, ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи навтаъсис супурда, таҳсилро аз курси аввал сар кардааст […]Идома...
АЛИИ МУҲАММАДИИ ХУРОСОНӢ 28 октябри соли 1950 дар деҳаи Нигноти ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ба ҷаҳон омада, баъди хатми мактаби миёна (1967) донишомӯзи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шудааст ва соли 1972 ба итмом расондааст. Баъди хатми донишгоҳ, соли 1972, дар шуъбаи матншиносии Институти шарқшиносии АИ ҶТ ба ҳайси лаборанти калон […]Идома...
СУЛАЙМОН АНВАРӢ 5 октябри соли 1946 дар деҳаи Ҷавчии ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод таваллуд ёфтааст. Хатмкардаи факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии ба номи Т.Г.Шевченко (ҳозира Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) мебошад. Фаъолияти меҳнатиро дар кафедраи забони тоҷикии донишгоҳи мазкур оғоз намудааст. Соли 1980 дар мавзӯи «Вожаҳои низомии «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ» […]Идома...
РАЗИЮЛЛО АБДУЛЛОЗОДА (Расмӣ) 13 марти соли 1912 дар шаҳри Итаравшани вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд) таваллуд ёфтааст. Соли 1930 Техникуми иқтисоду саноати Тошканд, соли 1941 Институти давлатии педагогии Душанберо хатм кардааст. Аз соли 1930 то охири умраш омӯзгорӣ кардааст. Дар Омӯзишгоҳи педагогии Панҷакент, Омӯзишгоҳи педагогии Ӯротеппа ва мактаби миёнаи ба номи М.Горкийи шаҳри Истаравшан дарс гуфтааст. […]Идома...
САДРИДДИН АЙНӢ Сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик Устод Садриддин Саййидмуродзода Айнӣ 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони хонигарии Бухоро таваллуд ёфта, айёми баччагияшро дар миёни аҳли заҳмат сипарӣ намудааст. Ҳикояту афсонаҳои аҷоибу ғароиб, суруду таронаҳои дилнишин ва латифаю зарбулмасалҳои пурҳикмате, ки аз одамони хуштабъу заковатманд мешунид, ӯро ба олами сеҳрангези эҷодиёти бадеии халқ […]Идома...



