САЙФУЛЛОЕВ АТАХОН

 САЙФУЛЛОЕВ АТАХОН

АТАХОН САЙФУЛЛОЕВ 1 майи соли 1933 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1940 ба мактаб рафта, соли 1950 мактаби миёнаи №3 шаҳри Хуҷандро бо баҳои аъло хатм кардааст. Солҳои 1950-1954 донишҷӯи факултаи филологияи Донишкадаи давлатии педагогии Ленинобод ба номи С.М. Киров буда, баъди хатми он дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳ ба ҳайси муаллими адабиёт ба кор пардохтааст. Пас аз як соли хидмат, соли 1955, ба аспирантураи Институти давлатии педогогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко дохил шуда, курси пурраи онро соли 1958 ба итмом расондааст. Солҳои 1959-1965 ходими хурди илмӣ ва ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ будааст.

Солҳои 1965-1968 мудири кафедраи адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии Ленинобод, солҳои 1968-1973 котиби масъули раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, солҳои 1973-1985 сармуҳаррири Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, аз сентябри 1985 то феврали 1989 ходими пешбар ва сарходими илмии Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ будааст.

Аз феврали 1989 то августи 1990 дар вазифаи директори Институти такмили ихтисоси муаллимони ҷумҳурӣ фаъолият доштааст. Аз августи 1990 то июли 1991 мудири шуъбаи ҳамкорӣ бо созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва муносибатҳои миллии КМ ҲК Тоҷикистон, аз соли 1991 то майи 1992 раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, аз майи 1992 мудири кафедраҳои забонҳо ва адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз июни соли 1994 то августи 2002 котиби масъули шуъбаи Суғди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.

Аз июли 1997 раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ҳоло муовини якуми раиси Ҳаракати мазкур аст.Аз августи соли 2002 сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва ҷамъиятии «Хуҷанд» (алъон – «Паёми Суғд»), аз июни 1992 профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мебошад.

Доктори илмҳои филология, профессор, ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон. Бо ду Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон, орденҳои «Шараф», «Дӯстӣ», медали тиллои Кумитаи ҷумҳуриявии сулҳ, медалҳои «10-солагӣ ва 20-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон» «20-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шудааст.

Эҷодиёташ аз соли 1954 – аз давраи донишҷӯйӣ ибтидо гирифта, нахустин мақолааш «Бо оташи ҳаҷв» ном доштааст, ки дар бораи мазҳакаи А. Деҳотӣ ва Б.Раҳимзода «Қиссаи Таърифхӯҷаев» навишта шудааст. То имрӯз бештар аз ҳазор мақолаи илмӣ, адабӣ ва танқидияш ба чоп расидаанд. Муаллифи 60 монографияи илмӣ-тадқиқотӣ мебошад.

Фаъолияти илмӣ ва эҷодии ӯ хеле серсоҳа буда, ба сифати адабиётшинос ва мунаққид, насрнавис ва драматург, публитсист ва тарҷумон, шеъру достонсаро маъруф гардидааст. Муҳимтарин китобу монографияҳои тадқиқотии ӯ «Тафаккур ва образ» (1968), «Мактаби Айнӣ» (1978), «Мирзо Турсунзода. Очерки ҳаёт ва эҷодиёти шоир» (1983, 2004), «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» (дар шаш ҷилд; ҷ. 1–1984; ҳамроҳи Х. Мирзозода ва А. Абдуманнонов), «Аркони сухан» (1985), «Малики адаб. Сайре дар гулшани рози Хоҷа Камол» (ҳамроҳи С.Абдуллоев), «Садриддин Айнӣ – Қаҳрамони Тоҷикистон» (1998), «Зуфархон Ҷавҳарӣ. Таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёт» (2002), «Фурӯғи маънавият» (2003), «Ҳусни нигорандагӣ» (зиндагинома ва фаъолияти эҷодии Меҳмон Бахтӣ, 2003), «Ҳалқаҳои пайванди адабӣ» (2003), «Ҳаким Карим» (2005), «Уфуқҳои тозаи наср» (2006; нашри дувуми такмилёфта – дар се муҷаллад, Хуҷанд, 2013) «Ҷону ҷаҳони наср» (2009), дар бораи эҷодиёти Абдулҳамид Самад» (2007), «Паямбари ишқ» (2012), (ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ), Аз таърихи андешаи миллии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва аввалҳои аср XX» (ҳамроҳи Осим Каримов, 2011) «Оинаи барқади сухан» (2013), мебошад.

Аз «Асарҳои мунтахаб»-и дар даҳ муҷаллад тарроҳишудаи А. Сайфуллоев то имрӯз се ҷилди аввали он дар нашриёти «Шуҷоъиён» («Бухоро») интишор ёфтааст.

Ҳамроҳи шодравон С. Абдуллоев дар бораи кору пайкори Сарвари давлатамон китобҳои «Президент Эмомалӣ Раҳмонов: дирӯз, имрӯз ва истиқболи Тоҷикистон» (1977), «Президент Эмомалӣ Раҳмонов» (2000)-ро офаридааст, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ интишор ёфтаанд.

Асарҳои саҳнавии «Бомдоди ошиқон», «Умри ҷовид», «Хуршедсавор», «Ҳафт манзар», «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо», китобҳои шеъру достони «Армуғони дил», «Чаманоро», «Таронаҳои ваҳдат ва муҳаббат» ва ғ. ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Муаллифи қиссаҳои «Шаби бехобӣ», «Тақдир», «Зӯртар аз тақдир», «Шаҳиди ошёни худ», силсилаи ҳикояву очеркҳост.

Рисолаҳои ӯ ба забони русӣ таҳти унвони «Меридианы поэзии» (1971), «Проблемы взаимодействия литератур» (1976), «В единстве и родстве» (1989) интишор ёфтаанд.

Баъзе аз мақолаҳояш ба забонҳои арабӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, испонӣ, итолиёӣ ва ғ. чоп шудаанд.

Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2014) ва Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Мирзо Турсунзода.

Аз соли 1963 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Атахон Сайфуллоев соли 2017 аз олам чашм пӯшид.

Дигар хабарҳо