АЙНӢ САДРИДДИН

 АЙНӢ САДРИДДИН

САДРИДДИН АЙНӢ

Сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик Устод Садриддин Саййидмуродзода Айнӣ 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони хонигарии Бухоро таваллуд ёфта, айёми баччагияшро дар миёни аҳли заҳмат сипарӣ намудааст.

Ҳикояту афсонаҳои аҷоибу ғароиб, суруду таронаҳои дилнишин ва латифаю зарбулмасалҳои пурҳикмате, ки аз одамони хуштабъу заковатманд мешунид, ӯро ба олами сеҳрангези эҷодиёти бадеии халқ ворид овардаанд.

Ҳангоми мактабхонӣ бо намунаҳои ғазалиёти Ҳофиз, Сойиб, Бедил ва диг. устодони шеъри классикии форсии тоҷикӣ шиносойӣ пайдо кардааст.

Аз сабақҳои пандомӯзи падараш Саййидмуродхоҷа, ки марде маърифатдӯсту мухлиси адабиёт будааст, баҳраҳо бардошта, дар дил нисбат ба илму дониш ва шеъру шоирӣ муҳаббати сӯзоне парваридааст.

Баъди вафоти падару модараш, ба сахтию маҳрумиятҳои бардавоми зиндагӣ нигоҳ накарда, соли 1890, бо нияти таҳсил, Бухоро омада, дар ибтидо, ба сабаби муҳтоҷию тангдастӣ, маҷбур шудааст, ки хидмати ҳуҷрадорони мадраса ва муллобачаҳои давлатмандро адо ва танҳо дар лаҳзаҳои фороғат дарсхонӣ кунад.

Муҳити илмию адабии Бухоро, алоқа пайдо кардан бо зиёиёни равшанзамир ва махсусан, шиносо шудан бо ақидаҳои маърифатомӯзи Аҳмади Дониш (1827-1897) дар инкишофи фикрии ӯ таъсири муфиде гузоштаанд.

Баъди хатми мадраса фаъолияти адабию ҷамъиятии худро ба ҷараёни маорифпарварӣ марбут сохта, дар таъсиси мактабҳои усули нав ва ислоҳ таълиму тадрис ширкат варзидааст.

Албатта, иқдомоти ӯ дар асари алоқамандӣ бо ҳаракати ислоҳталабонаи ҷадидӣ аз бархе камбуду нақси ғоявӣ холӣ набудаанд.

Аммо, бо вyҷуди ин, дар ҳамон шароити истибдоду таассуби шадиди динӣ чунин рафтору амал хилофи тартиботу низоми аморат ба шумор мерафт ва ҳиммату ҷасорати хосеро талаб мекард.

Дар даврони ҷанги якуми ҷаҳон (1914-1918) таъқиботи ҳукумати амирӣ қувват гирифта, бисёр одамони тараққихоҳ аз Бухоро фирор кардаанд.

Устод Айнӣ ҳам ба Қизилтеппа рафта, чанде дар заводи пахта кор кардааст.

Сипас ҷонибҳои Қаршию Самарқанд ва Хуҷанду Фарғона сафар карда, дар ҳама ҷо манзараҳои мудҳиши зулму истисмор ва ҳоли фаҷеъу риққатовари коргарону деҳқононро мушоҳида карда, нафраташ нисбат ба сохти феодалии мавҷуда боз ҳам афзунтар гардидааст.

Баъди баргашт ба Бухоро дигар ба тарғиби мактабу маориф маҳдуд нашуда, беш аз пеш ба масъалаҳои сиёсӣ дахолат намудааст.

Моҳи апрели соли 1917, рӯзҳои ҳуҷуми қувваҳои иртиҷоъӣ, аз тарафи одамони амир дастгир ва бо 75 дарра муҷозот шудааст.

Ҷисми беҷонашро дар ҳолати абгорӣ аскарони рус аз зиндон халос карда, ба Когон овардаанд.

Қариб ду моҳ дар беморхона табобат ёфта, 3 июни ҳамон сол ба Самарқанд рафта, шаҳри номиро иқоматгоҳи доимӣ қарор додааст.

Соли 1918 амири Бухоро бар қасди ӯ бародари хурдияшро ба қатл расондааст.

Инқилоби Октябрро бо хушнудӣ пазируфта, аз рӯзҳои аввал ба хизмати он камар бастааст ва дар сохтмони ҳаёти нави сотсиалистӣ фаъолона ширкат варзидааст.

Аз соли 1918 дар системаи маорифи халқ ва нахустин матбуоти инқилобии тоҷику ӯзбек кор кардааст.

Баъд аз таъсиси Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (1920) муддате дар консулхона, сипас дар идораи тоҷорати он хидмат кардааст.

Аз соли 1926 дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон вазифаҳои мушовир ва муҳаррири адабиро баҷой овардааст.

Соли 1934 дар Анҷумани якуми умумииттифоқии нависандагони шӯравӣ ширкат варзида, узви Раёсати Иттифоқи нависандагони СССР интихоб шудааст.

Соли 1940 сазовори унвони фахрии Ходими хидматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон ва соли 1943 шоистаи унвони ифтихории Ходими хизматнишондодаи илми РСС Ӯзбекистон гардонида шудааст.

Соли 1943 ба узвияти фахрии Академияи илмҳои РСС Ӯзбекистон пазируфта шуда, соли 1948 Шӯрои илмии Университети давлатии Ленинград ӯро сазовори унвони баланди илмии доктори илми филология донистааст.

Соли 1951 академик ва аввалин президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Осори адабии ӯ дар қолаби назму наср офарида шудаанд.

Нахустин ашъорашро ҳанӯз дар овони таҳсили мадраса таҳти тахаллусоти «Муҳтоҷӣ», «Ҷунунӣ» ва «Сифлӣ» ба қалам овардааст.

Аз соли 1895 тахаллуси «Айнӣ»-ро қабул ва бо ҳамин ном шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст.

Шеърҳои даврони мадрасаи ӯ дар пайравии шоирони гузаштаву муосираш эҷод шуда, бештар ба кайфияту ҳолати зиндагонии давраи таҳсилаш алоқаманд будаанд.

Чанде аз ин қабил шеърҳояш ба тазкираву ҷунгу баёзҳои ҳамон замон дохил шудаанд.

Баъдтар, дар ҷараёни фаъолияти маърифатпарварӣ, шеърҳои тарбиявӣ гуфтааст.

Китоби дарсии «Тазҳиб-ус-сибён» (1909–1917) ва манзумаи тамсилии «Кирмаку Парвона» (1917) моҳияти тарбиявию ахлоқӣ ва иҷтимоӣ дошта, аз беҳтарин офаридаҳои пешазинқилобии ӯ ба шумор мераванд.

Пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр ҳаёту эҷодиёти худро бо тақдири халқи мубориз ва бунёдкори шӯравӣ пайваста, аввалин намунаҳои назми инқилобии тоҷикро ба вуҷуд овардааст.

Шеърҳои дар тӯли солҳои 1918-1921 навиштаи ӯ «Марши ҳуррият», «Ба шарафи Инқилоби Октябр», «Инқилоб», «Марши байналмилал», «Якуми Май» ва ғ. дар маҷаллаи «Шуълаи Инқилоб» ва ҷаридаи «Меҳнаткашлар товуши» («Садои меҳнаткашон») чоп шуда, ба нахустин маҷмӯаи ашъораш «Ахгари Инқилоб» (Бухоро, 1923) ворид гардидаанд.

Ҳамчунин, он солҳо дар боби воқеаҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ мақолаҳои зиёди публитсистӣ навишта, моҳияти ҳаводиси ҳаррӯзаи даврони инқилобро ба тӯдаҳо фаҳмондааст.

Тадриҷан зарурати дар эҷоди бадеӣ тасвир намудани симои қаҳрамонон ва бунёдкунандагони ҷамъияти сотсиалистиро ҳис карда, дар боби адои ин вазифа насрро қолаби мувофиқтар донистааст ва ҷиддан ба насрнависӣ гузашта, аввалин очерку ҳикоя ва қиссаву романҳои ҷолибашро тақдими адабиёт намуда, барҳақ асосгузори насри реалистии тоҷик гардидааст.

Соли 1920 якумин қиссаи мусаннади худ «Ҷаллодони Бухоро»-ро навишта, дар заминаи корбасти санаду далелҳои муътамади таърихӣ разолату ҷаҳолат ва ҳодисаву фоҷиаҳои хунбори вопасин рӯзҳои аморати Бухороро ҷасурона фошу мазаммат кардааст.

Баъдан қиссаи «Саргузашти як тоҷики камбағал ё ки Одина»-ро ба қалам оварда, қисмҳои аввали онро солҳои 1924-1925 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп кунондааст.

Соли 1927 қиссаи мазкур таҳти унвони «Одина» дар шакли китоби алоҳида чоп шудааст.

Дар асар ҳаёти тоҷикони кӯҳистони Бухорои Шарқӣ дар арафаи инқилоб тасвир ёфтааст.

Нахустин романи ӯ «Дохунда соли 1930 аз чоп баромад, ки лаҳзаву лавҳаҳои дилхароши зиндагонии пешазинқилобию даврони инқилоб ва ҷангу хунрезиҳои ҳамватаниро фаро гирифта, муборизаи халқи тоҷикро дар роҳи озодӣ ва бунёди ҳаёти нав воқиъбинона ба тасвир овардааст.

Соли 1935 калонтарин романи ӯ «Ғуломон» интишор ёфтааст, ки ҳаёти беш аз садсолаи халқамонро инъикос намуда, дар бораи чӣ тавр аз ҳолати мазлумӣ ба зиндагонии саодатманди сотсиалистӣ расидани мардумро равшану зиндаву гӯё ҳикоят кардааст.

Солҳои 1935-1940 чанд асари дигари мансур офаридааст, ки қиссаҳои мусаннади ёддоштии «Мактаби куҳна»-ву «Ятим» аз он ҷумлаанд.

Устод Айнӣ ба воситаи қиссаву романҳои номбурда аввалин бор дар таърихи адабиётамон оммаи меҳнаткашро каҳрамони асосии адабиёт қарор додааст.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) Устод як силсила ҳикоя, очерки таърихӣ ва мақолаи публитсистӣ таълиф намуда, вуҷуди ватандӯстони тоҷикро ба ҷӯшу хурӯш овардааст ва адовати сӯзонашонро нисбат ба фашизм аланга бахшидааст.

Дар тӯли солҳои 1949-1954 асари чорҷилдаи тарҷумаиҳолии «Ёддоштҳо» ба табъ расид, ки дар авроқи он муҳимтарин лаҳзаҳои таърихи ҳаёти халқи тоҷик дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX инъикос ёфтаанд.

Ин асари безаволу беназир, ки ҳам дар баёни ҳақиқати зиндагӣ, ҳам дар фарогирии хулосаҳои амиқи пурҳикмат ва ҳам дар нигориши бадеию офариниши образҳои мухталиф ба авҷи камол расидани маҳорати адабии нависандаро нишон медиҳад, на фaқат дар эҷодиёти ӯ мавқеи марказиро ишғол намудааст, балки яке аз муваффақиятҳои ба назар намоёни адабиёти тоҷик дар солҳои пас аз ҷанг эътироф гардидааст.

Соли 1950 барои ду ҷилди аввали «Ёддоштҳо» нависанда сазовори Мукофоти давлатии СССР гардонида шудааст.

Устод Айнӣ дар даврони шӯравӣ асосан ба насрнависӣ машғул шуда бошад ҳам, шеъргӯйиро тарк накарда, аҳёнан дар ҷаридоти «Овози тоҷик», «Тоҷикистони Сурх», маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» ва «Шарқи Сурх» шеърҳои таблиғотӣ, қасидаву манзумаву достонҳои хонданӣ чоп кунондааст.

Намунаҳои осори манзуми дар давраҳои гуногун офаридаи ӯ дар маҷмӯаҳои «Ёдгорӣ» (1935), «Ашъори мунтахаб» (1958), «Ахгари Инқилоб» (1974) гирдоварӣ ва чоп шудаанд.

Устод Айнӣ, дар баробари фаъолияти адабӣ, бисёр асарҳои пурқимати илмӣ ҳам таълиф намудааст, ки «Таърихи амирони манғитияи Бухоро» (Тошканд, 1923), «Материалҳо оид ба таърихи Инқилоби Бухоро» (Маскав, 1926) ва чандин мақолаву очерки тадқиқотӣ намунаи онҳостанд.

Мақолаҳои ӯ доир ба масъалаҳои мубрами забоншиносӣ дар роҳи демократӣ кунондани забони адабии тоҷик ва инкишофи он нақши муҳим бозидаанд.

Хидмати ӯ, махсусан, дар соҳаи адабиётшиносӣ хеле бузург аст ва беҳуда нест, ки таърихи адабиётшиносии даврони шӯравии тоҷик аз соли нашри нахустин асари сарнавиштсози тадқиқотии ӯ – «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) солшуморӣ мешавад.

Рисолаҳои илмии ӯ дар хусуси ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ, Ибни Сино, Саъдӣ, Навоӣ, Бедил, Восифӣ ва диг. ҳанӯз ҳам аҳаммияти илмиашонро гум накардаанд.

Осори адабию илмии Устод Айнӣ дар Куллиёти 15-ҷилда гирдовардӣ шудаанд, ки то имрӯз 14 ҷилди он аз чоп баромадааст.

Устод Айнӣ ҳиссае аз асарҳояшро ба забони ӯзбекӣ ҳам таълифу тарҷума карда, дар ташаккули адабиёти даврони шӯравии ӯзбек ҳам саҳми сазовор гузоштааст, ки муҳимтарини онҳо дар мунтахаби ҳаштҷилдаи осораш (ба забони ӯзбекӣ) дар Тошканд интишор ёфтаанд.

Устод Айнӣ дар бобати нашри осори гузаштагон ва тарҷумаву таҳрири асарҳои тарҷумавии нависандагони халқҳои бародар низ фаъолона ширкат доштааст.

Тарҷумаи романи Ф.Дюшен «Қамар» (1927) аз тоторӣ ба тоҷикӣ мутаъаллиқи хомаи заркори ӯст.

Аксарияти таълифоти ӯ, минҷумла, асарҳои калони насрияш, ба забонҳои гуногуни олам тарҷума ва борҳо чоп шудаанд.

Устод Айнӣ узви Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (1923), узви КИМ РСС Тоҷикистон (1929-1938), депутати Совети Олии СССР (1950-1954), депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (1947) буда, чанд навбат депутати Совети шаҳрии Душанбеву Самарқанд интихоб шудааст.

Барои хизматҳои беназири адабӣ ва ҷамъиятияш бо се ордени Ленин (1941, 1948, 1949), ордени «Байрақи сурхи меҳнат» (1931) ва Ифтихорномаҳои Совети Олии РСС Тоҷикистону Ӯзбекистон мукофотонида шудааст.

Солҳои 1935, 1949 ва 1953 ҷашни солгарди ҳаёту эҷодиёти ӯ, соли 1978 садумин солгарди зодрӯзи бузургмарди таърихи миллат ботантана таҷлил ёфтаанд.

Аз соли 1958, ҳамасола, дар рӯзи таваллуди нависанда Маҷлиси илмии «Солонаи Айнӣ» барпо гардида, маводи он дар маҷмӯаи махсуси «Ҷашнномаи Айнӣ» нашр мешавад.

Бисёр деҳаю шаҳру навоҳӣ, кӯчаю хиёбон, мактабу муассисаи маърифатию равшаннамоӣ номи азизи Устодро гирифтаанд.

Дар шаҳри Душанбе Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ, дар Самарқанд (дар ҳавлии нависанда) Осорхонаи ёдгории Садриддин Айнӣ ташкил ёфтаанд, ки зиёратгоҳи хосу оми ҷаҳонанд.

Ҷоизаи махсуси адабии Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ (2005) номи ӯро дорад, ки дар ду сол як маротиба адибони соҳибкитоби хушсалиқа сазовораш гардонида мешаванд.

Устод Айниро ҷамоати мутамаддини олам воқеъбинона яке аз классикони адабиёти Ховарзамин ва тамоми ҷаҳон дониста, ширкатварони Конфаронси дувуми мамолики Осиёву Африқо (Қоҳира, 1962) дар баённомаи худ якдилона ба таъкид овадаанд, ки «мо дар инкишофи тафаккуру бедории худ аз осори бисёр адибони гумном, инчунин, нависандагоне монанди Робиндронат Такур, Лу Син, Садриддин Айнӣ ва Тоҳо Ҳусайн миннатдору сипосгузорем».

Устод Айнӣ соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори унвони олӣ – аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон гардонида шуд.

Соли 1977 муҷассамаи азиму нимпайкараҳои муҷаллояш дар пойтахти кишвари соҳибистиқлоламон ва чандин шаҳру навоҳии Тоҷикистону Ӯзбекистон қомат афрохтанд.

Аз соли 1934 Узви Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ мебошад.

15 июли соли 1954 дар шаҳри Душанбе вафот кардааст.

Марқади шарифаш дар «Боғи Устод Айнӣ» (шаҳри Душанбе) қарор дорад.

Дар воқеъ, Устод Айнӣ яке аз парчамдорони фарҳанги пурғановати миллӣ, равшангари таърихи шарафманду ҷоннисори Ватану миллати бузургамон буда, месазад аз номи пурифтихору мероси мондагори ӯ абадулобод фахрему нозему илҳом бардорем.

Дигар хабарҳо