УСТОДИ МАТНШИНОСИИ МУОСИР

2 феврали соли равон дар партави Паёми имсолаи Пешвои миллат Конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявии ДМТ ва ИНТ таҳти унвони «Адабиётшиносӣ ва нақди матн дар замони Истиқлол» барпо гардид.  Конфронсро декани факултаи филологияи  тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз бахшид. Муовини ректори ДМТ оид ба илм Сафармамад Сафармамадов аз номи раёсати таълимгоҳи бузургтарини мамлакат баргузории ин чорабинии илмиро, ки ба 75-умин зодрўзи узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор, адабиётшиноси маъруф Аламхон Кўчарзода бахшида шудааст, ба иштироккунандагон шодбош гуфт.

Гардонандаи конфронс мудири кафедраи назарияи адабиёти форсии  тоҷикӣ, адабиётшинос Муртазо Зайниддинзода хидматҳои дурахшони Аламхон Кўчарзодаро дар рушди адабиётшиносӣ ва адабиёти муосир зикр намуда, баргузории конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро дар айёми мавлуди номбурда фоли нек ва рамзӣ хонд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим роҷеъ ба шахсияти муътабари инсониву илмӣ ва ҷамъиятии  профессор Аламхон Кўчарзода андешаронӣ намуда, саҳми ин донишманд ва адиби барўмандро дар пешбурд ва равнақбахшии  доираи адабии  Тоҷикистон, бахусус соҳаи матншиносии осори сардафтари адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ арзишманд арзёбӣ кард. Низом Қосим барои ин хидматҳои намоён ба профессор Аламхон Кўчарзода нишони ИНТ «Сухан»-ро тақдим дошт.

Сипас профессор Абдулҳай Маҳмадаминов ба суханрониҳои илмӣ оғоз бахшид. Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ Боймурод Шарифзода аз фазилатҳо ва ғамхориҳои беғаразона ва устодонаи матншиноси барҷаста Аламхон Кўчарзода ёдовар гардид.

Фарзанди устод Насиба Кўчарзода аз номи фарзандону пайвандон миннатдорӣ изҳор кард.

Суханронӣ ва маърўзаҳои  конфронси илмӣ-адабии мазкур ба ҳозирин, ки аз бахшҳои АМИ Тоҷикистон, пажўҳишгоҳҳо ва мактабҳои олии кишвар намояндагӣ намуданд, таассуроти амиқу носутурданӣ бахшиданд.

МУҲТАРАМ АЛАМХОН КЎЧАРЗОДА

Шумо ҳамчун донишманд дар бахшҳои муҳими адабиётшиносӣ барои илми тоҷик хидмати босазо кардаед, ки боиси сарфарозии аҳли қалами тоҷик аст. Аз соли 1969 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон  ба номи В. И. Ленинро ба итмом расонда, дар Донишгоҳи давлатии омўзгории Кўлоб ба кор шурўъ карданатон нишони пайвастани Шумо ба илму адаби тоҷик буд. Соли 1978  номзади илмҳои филологӣ гардиданатон роҳи Шуморо ба илми адабиётшиносии тоҷик ҳамвор намуд ва барои дар соли 1997  дар мавзўи «Мавқеи нақди матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои матншиносии насри С. Айнӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намуданатон мусоидат кард. Баъдан Шуморо зарур омад, ки ҳамчун донишманди қавиирода ва мутахассиси варзида дар ҳамин солҳо ба сафи устодони кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДДМТ пайваста, барои таълиму тарбияи насли ҷавон ва пешрафти илму адаби тоҷик хидмат намоед. Солҳои 2002-2011 мудир ва  солҳои 2011-2016  сарходими илмии Институти илмӣ-таҳқиқотӣ дар назди ДМТ, соли 2016 профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ, соли 2017 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон ҳама аз заҳматҳои пайвастааи Шумо дар роҳи илм шаҳодат медиҳанд. 

Рисолаҳои «Хусусиятҳои миллӣ ва интернатсионалии назми Мирзо Турсунзода» (1988), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» (1994), «Нақди матни осори С. Айнӣ» (2000), «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри Садриддин Айнӣ» (2002), «Турсунзода: маҳорат ва садоқат» (2011), «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи С. Айнӣ» (2013), «Муҳаққиқи соҳибмактаб» (2014), «Маориф – гарави  пешравии ҷомеа» (2015, бо ҳаммуаллифӣ), «Нақди матн ва нақди адабӣ» (2017),  «Матншиносӣ» (2017) «Фаъолияти муҳассилӣ ва омўзгории устод Садриддин Айнӣ» (2018) ва зиёда аз  470 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, ки ба қалами Шумо мутааллиқанд,  дар равнақи илми адабиётшиносии тоҷик мақомеи шоиста доранд.   

Ғамхории бевоситаатон нисбат ба маорифу мактаби тоҷик буд, ки китоби  «Адабиёти тоҷик» барои синфи 11-и мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ (бо ҳаммуаллифии Худойназар Асозода)-ро таълиф намудед ва он борҳо бо такмилу иловаҳо мунташир шуда, барои ҳазорҳо навомўзи мактабҳои миёна хидмат менамояд. Дар ин росто «Раҳнамои омўзгор аз фанни адабиёти тоҷик барои синфи 11» (2018)-ро таълиф намуданатон тақвияти хидмате буд, ки бо китоби аввалӣ анҷом додед.

Китобҳои бадеии «Сад рубоӣ» (2012), «Бобо ва набераҳо» (2013), «Насабномаи Файзалӣ» (2016), «Замзамаи Роғун» (2018), «Аламдор» (2019)-атон бахши дигари фаъолияти адабии Шуморо пур менамояд.  

Матнҳои илмии қиссаҳои «Одина» (1992) ва «Марги судхўр» (2010)-и С. Айнӣ ва матнҳои саҳеҳи  рисолаҳои «Қуддусия» (1993), «Маърифати нафс» (1994) ва «Дарвешия» (2014), «Се рисола»-и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (2015)-ро ба табъ расониданатон аз хидматҳои босазои Шумо дар ҳимояи осори гузаштагон аст.

Заҳмати Шумо барои илми тоҷик ҳамеша қадр мешавад, ки далелаш Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995), Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008) ва ба ордени Дўстии халқҳо (2001) ва Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (2003)  сазовор гардиданатон аст. Аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони  Тоҷикистон мебошед. Шуморо ба муносибати 75-солагиятон самимона муборакбод гуфта, бароятон, адиби гаронқадр, умри дарозу пурбаракат таманно дорем.

РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН

Дигар хабарҳо