Шоири маҳбуби мардуми тоҷик, муаллифи суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт. Маросими ҷанозаи Гулназар Келдӣ шоми ҳамин рӯз дар оромгоҳи Лучоб бо ҳузури шахсиятҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ҳаводорони шоир баргузор гардид. Дар маросими ҷанозаи шоири […]Идома...
Хуш омадед ба меҳмонхонаи «Адабиёт ва Санъат», хонандагон муштоқи суҳбати самимонаи шумоанд. Иҷозат диҳед, суҳбатамонро бо ин суол шурўъ кунем: Дар ҳамбастагӣ бо овозхонӣ аз даврони кўдакиатон чӣ хотираҳо доред? -Падарам бештар сурудҳои Маъруфхўҷа Баҳодуровро дўст медоштанд ва дар хатнасури ману бародарам ўро даъват намуда буданд. Бародарам Музаффар Неъматов низ аз наврасӣ бо рубобу тор […]Идома...
Шодбошии Акбар Абдулло Шумо дар ҳамин рўзҳо дар деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шўроободи вилояти Хатлон ба ҷаҳон омадаед. Давраи тифлии Шумо дар сояи лутфу меҳрубониҳои волидон сипарӣ шуд. Баъд, таҳсилоти миёнаро дар мактаби таҳсилоти умумии ба номи Т. Г. Шевченкои ноҳияи Восеъ касб намудед. Дар дилатон азми парвозҳои баландтар чун чўҷаҳои шоҳини кўҳсорони баланд пайдо шуд. Солҳои […]Идома...
14 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ …» аз рӯйи чор номинатсия ва рақобат барои Шоҳҷоиза ҷамъбаст гардид. Ғолиби Шоҳҷоиза бо гирифтани 253, 5 хол хонандаи Муассисаи таълимии хусусии литсейи «Раҳнамо» Бунёд Раҳнамо дониста шуда, ба ӯ Шоҳҷоиза ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 50000 сомонӣ тақдим гардид. Дар чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди […]Идома...
Чанде пеш бо тасмимоти Созмони аҳдномаи ҳамкорӣ дар Аврупо ё ба истилоҳ САҲА дар шаҳри Варшава нишасти анъанавӣ, ки ҳамасола вобаста ба вазъи демократия, озодии баён, аҳзоби сиёсӣ ва дар маҷмўъ перомуни раванди рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварҳо баргузор мешавад, анҷом ёфт. Дар ин нишаст дар баробари кишварҳои дигар аз ҷониби Тоҷикистон низ ашхоси расмию ҳолдон, […]Идома...
Валӣ Самад — донишманди нуктасанҷ, пухтакор, ҷўянда ва заҳматкашу фидокор, пайвандгари риштаҳои фарҳангӣ, аз барҷастатарин муҳаққиқони ҷўянда ва ёбандаи гавҳарҳои ноёби тамаддуни миллӣ, фирдавсишинос ва шоҳномапажўҳ, адабиётшиноси маъруфи тоҷик, муаллифи даҳҳо монография ва мақолаҳои илмӣ, 24 октябри соли 2019 пас аз беморӣ дар синни 83-солагӣ дунёро падруд гуфт. Валӣ Самад 20 январи соли 1936 дар деҳаи […]Идома...
Барои ҳар миллат забони модариаш азизу муқаддас аст, зеро он муарриф, ойинаи рўзгор ва фарҳанг, хулоса, ҳастию бақои вай мебошад. Барои мо, мардуми тоҷик, забони модариамон дучанд азизу муътабар аст. Чунки дар давоми садсолаҳо мо соҳиби давлати миллӣ набудем, маҳз забони модариамон, ки дар тўли дарози таърих забони илму фарҳанг ва муоширати байни қавмҳои муқими […]Идома...
Дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати Рўзи Рўдакӣ маҳфили бошукўҳи адабӣ баргузор гардид. Дар маҳфил адибон, адабиётшиносон, донишҷўён ва дигар ҳаводорони шеър иштирок намуданд. Гардонандаи маҳфил мудири бахши назми ИНТ, шоир ва муҳаққиқи шинохта Муҳаммадалии Аҷамӣ нахуст аз паҳлуҳои гуногуни эҷодиёт ва зиндагии устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ сухан кард. Ў зикр […]Идома...
9 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози кори агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» иштирок ва суханронӣ карданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли […]Идома...
Насли ҷавони имрўз, ки он солҳо наврас ва тифлакони гуруснаву берўзӣ буданд, инак 22 сол аст, ки аз ҳавои сулҳу осоиштагии Тоҷикистони соҳибистиқлол нафас мекашанду озодона кору фаъолият менамоянд. Воқеан, 27 июни соли 1997 дар саҳифаҳои таърихи ҷомеаи навини Тоҷикистони азизамон муқаддас ва тақдирсоз маҳсуб мешавад. 22 сол мешавад, ки аз эҳёи миллӣ ва баҳамоӣ, худсозӣ […]Идома...



