Баракати “Як каф гандум”-и Азизи Азиз

 Баракати “Як каф гандум”-и Азизи Азиз

Нависандаи хуби кӯдакона касеро мешиносанд, ки ҳамеша таровату покизагӣ ва шӯру такопӯйи пуротифаву эҳсоси даврони кӯдакиро дар осораш хифзу нигаҳдорӣ намояд. Миёни нависандагони тоҷик чанд тане ҳастанд, ки дар инъикосу бозтоби зеҳнияти кӯдакон, вижагиҳои олами ботинии онҳо истеъдоду маҳорати чашмгире доранд. Яке аз онҳо, ба ақидаи инҷониб, нависанда Азизи Азиз мебошад, ки дар ҷомеаи адабии мо ҷойгоҳи хоссе дорад. То имрӯз маҷмуаҳои зиёде аз номбурда мунташир гашта, ки ҳамагӣ аз ҷониби хонандагон хуб пазируфта шудаанд. «Як каф гандум» аз зумраи маҷмуаҳои нисбатан мукаммали ин нависанда аст, ки солҳои охир ба табъ расидааст.

Бояд зикр кард, ки Азизи Азиз ба таълифи қиссаҳои нави бачагонаи замони Истиқлол замина гузошт. Чунин қиссаҳои ҷолибро танҳо Аминҷон Шукуҳӣ («Об аз куҷо меояд?») барои синни хурди мактабӣ ва Пӯлод Толис («Тобистон») барои синни калони мактабӣ эҷод карда буданд. Азиз синни миёнаи мактабиро хонандаи худ қарор дод ва тавонист, ки ҳушу завқи наврасонро ба мутолиаи қиссаҳояш ҷалб намояд. Ба андешаи аксар мутахассисону мунаққидон, шеваи эҷоди асарҳои калонҳаҷми бачагонаро имрӯз адибе мисли ӯ хуб намедонад, зеро ӯ аз олами ботину зоҳири хурдсолон хеле хуб огоҳ аст. Қиссаҳои китоби «Як каф гандум», махсусан, «Аниса ва Алиса»-ю «Як қадам он сӯ»ро метавон дар силки асарҳое қарор дод, ки барои хонандаи дигар мамолики олам низ ҷолибу хотирмонанд, яъне адиб қаҳрамони асарҳои худро гоҳо аз марзу буми кишвари худ берун бурда («Аниса ва Алиса», «Як қадам он сӯ»), шиддати воқеаҳоро боз ҳам тезутунд менамояд ва як китобхони хурдсоли рус, ё англису ӯзбек, ё чиниву ҷопонӣ аз муроду мақсади адибу бачаҳои тоҷик ба хубӣ огоҳ мегарданд. Аз ин сабаб тарҷумаю пешниҳоди ин китоб шуҳрати насри бачагонаи моро дучанд хоҳад кард.

Пас аз сохтору муҳтаво барои як асари адабӣ дарунмоя ё мавзуе, ки инъикосу тарсимаш манзури нависанда аст, дар мадди аввал қарор мегирад. Парвариши ҳамаҷонибаи хонанда маҳз бо баракати дарунмояҳо сурат мегирад. Бо шумори ин се вижагӣ метавон ба нахустин қиссаи китоби мазкур «Пирамард ва сипоҳӣ» нигоҳе андохт.

Мавзуи аслӣ дар ин қисса тавсифи кӯтоҳест аз ҳамлаи нобаҳангоми Чингизхону сарбозони он ба сарзамини тоҷикон. Матни қисса, ҳамон гуна ки хосси сабку саёқи А. Азиз аст, аз ҳар гуна обуранги бадеӣ холист, вале забони ривоят латифу ширин аст ва гирдобвор зеҳну ҳуши мухотабонро ба худ мекашад. Қисса аз забони нависанда ривоят мешавад ва фарогири се саҳнаи мухтасар аст: ҳузури қаҳрамони асосӣ Пирамард дар бозор, дидору асораташ бо чингизиён ва вокунишиу посухаш дар муқобили бархурди сарбозони душман.

Сужети мухтасари қисса ба шарҳи зер аст: Пирамарди огаҳгашта аз ҳуҷуми қарибулвуқуи чингизиён аз бозор ошуфтаву нигарон ба хона боз мегардад. Дар ин бозгашт ӯро ягона ёвару «ҳамсуҳбаташ» — маркаби пиру фартут ҳамроҳӣ мекунад. Аз қазо дар миёни кӯҳҳо ба сипоҳиёни аҷнабӣ асир мегардад. Сардори сипаҳ мехоҳад, ки аз асири солхӯрдаву коркӯфта иттилооти лозимро перомуни мардуми шаҳр, сатҳи зиндагиву имконоти дифоӣ бигирад. Вале пирамард бо виқору рашодати махсус ба пурсишҳои онҳо бо тамасхуру истеҳзо посух мегӯяд. Сипоҳӣ бо дидаи таҳқир ба пирамард пешниҳод менамояд, ки ба пушти ӯ полони маркабашро зананд ва ӯ як лаҳза пирамардро саворӣ кунад. Дар иваз сипоҳӣ ӯро метавонад озод намояд ва ӯ шояд нахустин нафаре гардад, ки дар ин сарзамин зинда бимонад.

Дар матни қисса омада, ки саркарда «Инро гуфту ба сар, то сари дашт, ки аскаронаш саф кашида, мунтазири амру фармон истода буданд, маънидор нигоҳ афканд, яъне ҳамин пирамард чӣ кас бошад, аҳли ин сарзамин ҳамин гуна касанд. Агар ӯ ҷавонмард аст, мардуми ин макон ҷавонмард, агар заиф аст, мардумаш заифу буздил аст».

Пирамард пас аз сукути сангин ба саркарда хитобан мегӯяд, ки озодии якумраро намехоҳад, танҳо раҳоии яклаҳзаинаро таманно дорад, то битавонад ба ҳамшаҳриҳояш хабар диҳад, ки чингизиён дар садади ҳамлаанд. Пас аз огаҳ сохтани ҳамшаҳриён пас хоҳад гашт ва ғуломии абадии чингизиёнро пазируфт.

Равшан аст, ки чунин пешниҳод чӣ таъсире бар тарафи муқобил мегузорад. Хулласи калом, ҳуҷуми чингизиён ба шикасти онҳо меанҷомад ва худи саркарда асир меафтад. Шигифт ин аст, ки зимни бозпурсӣ чунин изҳор медорад: «Ба шаҳри Шумо нисфи лашкари ман хуҷум овард. Нисфи лашкари маро як бегоҳ пирамарде бо шамшери сухан нобуд карда буд».

Воқеан, ин қисса аз ҳар нигоҳ омӯзанда аст. Интихоби пирамард ба сифати образи асосии қисса низ гузинаи ҳадафмандона аст, зеро дар фарҳанги мардуми мо бузургсолон ҳамчун намунаи ибрату шоистагӣ, мардуми гарму сарди дунёро чашида, рӯзгордида, ошно бо шебу фарози дунё шинохта шудаанд.

Аз ин рӯ, дар қиссаҳое, мисли «Пирамард ва сипоҳӣ» нависанда, ки мехоҳад масъалаи дӯст доштани марзу бум, ватандориро мунъакис намояд, пешкаш намудани образи пирамардро муносиб медонад, зеро дар чунин авзое ҳадафро набояд ба сурати мустақим, бо фармон баён намуд, балки ба тарзи ғайримустақим онро ҷойгузин дар зеҳнияти кӯдакон сохт. Ин аст, ки пирамард ба вуҷуди он ки умри худро зиставу ба қавли маъруф, «офтоби лаби бом аст», наметавонад ба сарнавишти мардуму сарзаминаш бетафовут бошад.

Бо назардошти ин амалу кирдор, муносибату бархӯрдаш бо ашёву падидаҳо, бо дигар бозигарони қисса ташаххусу барҷастагӣ пайдо намуда ва мусаллам аст, ки зеҳну ҳуши наврасонро таҳти таъсир қарор медиҳад. Матлаби дигаре, ки ба таври нопадидор дар достон матраҳ шуда, муносибат ба ҳайвонот аст. Ҳайвоноте, ки дар муҳити мо зиндагӣ мекунанд ва бархе дар конуни хонаводагии мо дахиланд. Дар оғози достон шеваи муносибати пирамард бо маркабаш, ки ягона василаи боркашонӣ дар умури хонаводагӣ аст, нишон дода шудааст. Пирамард «ба маркаб савор намешуд, зеро ҳайвон пиру лоғару коркӯфта шуда, базӯр по мекашид. Пирамард маркабро ҳамеша ба ҳолаш гузошта, аз пас қадам мезад».

Тӯли роҳ ӯ ҳар ҷунбишу ҳаракати маркабро наззора мекунад, дидани заъфу бемадории он дар ниҳодаш эҳсоси тараҳҳумро бедор месозад. Ба худ қавл медиҳад, ки дигар ин ҳамроҳи «солхӯрдаву коркӯфтаро» дар роҳҳои дур ба худ нагирад. Саҳнаи дигари омӯзанда аз ҷониби чингизиён лагадмол кардани маркаб аст. Дидани он ҳолат қаҳрамони солхӯрдаро ба шӯр меорад ва ба ҳимояти маркаб бармехезад: «Ҳайвон чӣ гуноҳ дорад? Чаро беҳуда мезанед?».

«Як каф гандум», ки бар маснади унвони маҷмуа нишаста, аз марғубтарин достонҳои нависанда аст. Достон бо тавсифи як орзуи кӯдакона, ки ҷанбаи ҳамагонӣ дорад, оғоз мегардад. Қаҳрамони наврас, ки ровии бе номи қисса аст, дучарха доштан мехоҳад, бо завқу салиқа, сатҳи андешагии наврасон, ки худ бозигари аслӣ мебошанд, шаклу сурат мепазирад ва волидайн ҳам ӯро дилбардорӣ мекунанд, ки он рӯз фаро хоҳад расид. Ниҳоят бобояш қавл медиҳад, ки дар рӯзи зодрӯзаш ба ӯ дучарха мехарад.

Моҷарои дарёфти дучарха замоне ҷаззобтар мегардад, ки бобо ба набера як каф гандум дода, шарт мегузорад, ки гандумро корида бисабзонад, он гоҳ соҳиби дучарха хоҳад шуд. Ноошноиву ноогоҳӣ аз амри киштукори гандум қаҳрамони хурдсолро ба пеши кордонону мутахассисон мекашонад, ба замину хок рӯ ба рӯ месозад. Аз қазо гандуми кишти аввал бо иллати риоя нагаштани шеваи коришу парвариш намесабзад. Марҳилаи тозае дар амри расидан ба ҳадафи ниҳоӣ оғоз мешавад. Марҳилае, ки такопуву ҷустуҷӯ, таҷрибаандӯзӣ, ранҷу азоб дорад. Оқибат, пас аз кишти севум, гандум месабзад ва боз бобо аст, ки шарти ниҳоиро пешниҳод месозад: хондани китоби «Афсонаи мардуми Корея». Ҳини хондани ҳикояе бо номи «Донак» тааҷҷуби қаҳрамони хурдсол бештар мешавад, чун муҳтавои он ба фикру андеша маҷбур месозад бидонад, ки он ба рафтору шарти бобо дар амри гандумкорӣ шабоҳати зиёде дорад. Дар хостаҳои аҷиби бобо ба қаҳрамонони наврас чӣ ҳикмате нуҳуфтааст! Мусаллам аст, ки зеҳни кӯдаконаи онҳо посухе муносибу дархури фаҳмашон пайдо месозад, вале ба гумони мо, ҳадафи аслии нависанда баёни ин воқеияти айнӣ ба шакли ғайримустақим аст. Яъне, инсон дар зиндагӣ ба суҳулату осонӣ ба орзуи хеш намерасад, бояд саъю талош намуд, ранҷ кашид. Дувум, барои инсон дониш аст, ки роҳро боз мекунад. Чунин дарку талаққиро маҳз адабиёт аст, ки тадриҷан дар зеҳни кӯдак ҷойгузин месозад.

Шак нест, ки китобхонӣ дар рушду камоли маънавии наврасон нақши кор- созе дорад. Бо баракати он дар зеҳни наврас андешаи худӣ перомуни муҳит, таҳаммулпазирӣ ба фарҳангу арзишҳои дигар қавму миллатҳо шакл мегирад.

Шаш қиссаи маҷмуаи мавриди назар ҳамагӣ дилчаспу хонданӣ, омӯзандаанд. Албатта, дар ин мухтасар наметавон перомуни ҳамаи онҳо изҳо- ри назар намуд, аммо аз зикри қиссаи «Дурӯғ» наметавон сарфи назар кард. Нахуст бояд арз дошт, ки ҳадафи аслии нависанда такрору таъкиди ин масъалаи машҳури ҷомеаи инсонӣ аст, ки дурӯғ набояд гуфт. Воқеият ин аст, ки бо шунидани калимаи «дурӯғ» назару натиҷаи дидаҳову шунидаҳоямон дар бораи дурӯғ дар хаёламон ҳувайдо мегардад. Дар умум, ҳама мувофиқанд, ки дурӯғгӯйӣ амали хушоянде нест. «Дурӯғ» шабеҳи дигар қиссаҳо фарогири чанд бахши бо ҳам муртабит аст.

Дар оғози достон чунин омада: «Ман барвақт медонистам, ки дурӯғ гуфтан гунохи азим аст. Дар хонаю мактаб, кӯчаю бозор аз забони хурду бузург бисёр шунида будам, ки умри дурӯғ кутоҳ аст, вале дурӯғ гуфтам». Ҷараёни ҳодиса дар идомаи достон аз забони наврасон нақл мешавад. Қаҳрамони наврас фалсафаи дурӯғ гуфтанро зода шудану шакл гирифтан, неруи зояндагӣ касб кардан ва фазоҳои нохушоянди равонӣ эҷод карданашро зина ба зина тасвиру тавсиф менамояд.

Асли воқеа ин аст, ки қаҳрамони марказии асар ба хотири мактаб нарафтан, баҳонаи дурӯғ – беморӣ пеш меорад ва ҳамзамон фазое саршор аз тарсу бим, изтиробу нигаронӣ месозад. Нигарон аст, ки дурӯғаш ошкор нашавад. Ба хотири мустаҳкаму неруманд сохтани дурӯғаш дурӯғҳои дигар мебофад, вале бо ҳар дурӯги тоза масъала печидатар мешавад. Дурӯғ танҳо муъзили ӯ нест, балки мисли зарпечак ба домани падару модар, наздиконаш мепечад. Ӯро маҷбураш месозад, то дар атрофи онҳое бияндешад, ки зиндагияшонро бар пояи дурӯғ бино ниҳодаанд. Гоҳо пас аз арзёбии амали анҷомшуда, пеши худ натиҷа мегирад: «фаҳмидам, ки мардуми дурӯғгӯй чӣ аҳвол доранд. Ман як дурӯғ гуфта, ба сарам ин қадар мусибату бало овардам. Онҳо ҳар рӯз сад дурӯғ гуфта, беғаму бепарво, ҳатто шоду мамнун мегарданд. Ба ин қадар азоби алим чӣ хел тоб меоранд?»

Ин як мисолест, ки мустақим ба ҳолу ҳавои равонии қаҳрамон бастагӣ дорад. То поёни ҳикоя шумори саҳнаҳо бо ширкати ашхосе, ки хоставу нохоста бо «баракат»-и дурӯғ вориди майдон шудаанд, меафзояд. Муҳим аз ҳама дар поёни қисса замоне, ки қаҳрамон аз асорати» дурӯғ раҳо мешавад, дар ниҳоди хонандагон эҳсоси нафрату бадбинӣ, андешаи парҳез аз дурӯғ бедор мешавад.

Ин яке аз шеваҳои хуби ҳунари нависандагии Азизи Азиз аст, ки аз таъкиду амри мустақим дар амалсозии хостаҳову дарунмояҳо парҳез менамояд. Бо забоне дилчаспу равон нодиданиҳоро диданӣ месозад.

Дар поён бояд зикр гардад, ки маҷмуаи мазкур барои дарёфти ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ пешниҳод гардидааст, ки навиди хушояндест. Иқтизои як ҷомеаи маданӣ аст, ки ҳунари асил, истеъдод бояд қадрдонӣ гардад ва ба ин восита таблиғу тарвиҷи адабиёт сурат бигирад.

Умар САФАР, профессор

Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Дигар хабарҳо