Се карат оқшуда

 Се карат оқшуда

(Боз ҳам пуфе ба гӯши суханношунави хиёнаткор Муҳиддин Кабирӣ)

Марди асил якрӯву адолатхоҳ, ҳалолкор аст ва ба касе зиён намерасонад, дасти фитодаро мегирад, дар бари бемор менишинад, тасалло медиҳад, пораи уфтодаи нонро аз замин мебардорад, дардошност ва аз ӯ чашми ёрӣ интизор шудан хато нахоҳад буд. Кору рафтори дуруст, ки дорад, доимо раҳмат мешунавад. Пиру барно самимона дар ҳаққаш мегӯянд: «Ҷавонмард аст, марди ҳақиқист, хока гирад, зар шавад, аз умр баракат бинад…»

Ин гуна мардро ҳама суроғ мекунад.

Суҳбати марди Худо мардат кунад,

Суҳбати номард дилсардат кунад.

Шунидед, суҳбати мард мард ва аз номард дилсардат кунад?! Чаро? Зеро номард номард аст, дар гапаш нест, дурӯғгӯст, як рӯ надорад, воҳима мекунад, ҳангома месозад ва ҳама чизу ҳама касро осон мефурӯшад. Ва ин зумра, гоҳҳо гуноҳро бар шонаҳои дигарон ниҳода, боз аз об хушк ҳам мебароянд. Огаҳдилон дар ҳаққи ин гуна дӯстфурӯшу душманшодкун мегӯянд: «Падару модараш аз ин номард баракат надиданд, мо аз куҷо бинем?! Монед, ки номард ба роҳи худаш равад, вагарна, ба ягон бало гирифторамон мекунад…»

Номард дӯстро ҳам фурӯхтаасту душманро ҳам. Ҳеҷ кас ба ӯ эътимод ва бовар намебандад. Шахсест, ки забон, миллат, Ватан ва имон барояш тамоман вуҷуд надорад. Дар ин бора умуман фикр ҳам намекунад. Ҳаракаташ он аст, ки бовари дигаронро ба даст орад, сохтакорона худро инсони хуб вонамуд созад. Вале ҳеҷ гоҳ ба манфиати ҷомеа кор накардааст ва дар ин бора фикр ҳам намекунад. Ӯ ҳатто ҳамсару фарзанд ва пайвандонашро фаромӯш карда, танҳо худро мебинаду халос. Номард танҳо барои худ кору зиндагӣ намекунад, аз тинати бадаш ба решаи дигарон теша ҳам мезанад. Аламовараш ана ҳамин аст.

Шумо, хонандаи гаронқадр, боз чандин амалҳои нофораму шуму номатлубро аз номард шунида ва бо чашм дидаед. Аз ҳамааш огаҳед, ҳоҷат ба такрор нест. Лек як нукта мусаллам аст: омилу сабабҳое низ вуҷуд доранд, ки кас хоҳ-нохоҳ ба номардӣ мегаравад. Вале ҳеҷ сабабу омиле баҳонаи хиёнаткорӣ ба ватану миллат шуда наметонад. Вуҷуд надорад чунин сабабе. Ин мадраки собитшуда ва дақиқ аст. Охир, кӣ модари азизи худ, бародару хоҳари худ ва хешу табори худро муфт ба дасти аҷнабиёну зархаридон месупорад? Боз ба кӣ? Тасаввур мекунед, ба бегонаҳои моҷароҷӯ – барангезандагони оташи ҷанг! Ҳадди охири номардӣ ҳамин аст. Агар душман ба ватанатон силоҳ бардорад, медонед, ки душман аст, аммо гоҳе ки ҳамватани тангравиш бо дасти бегона ба сари ҳамватан силоҳ мебардорад, дар ҳеҷ тассавур намегунҷад. Инашро дида будем, ки солҳои парешонии 92-и асри мозӣ чӣ гуна тоҷик ба сари тоҷик силоҳ бардошту кишварро ба вартаи ҳалокат овард, акнун инаш даромад, ки тоҷик аз кишвари бегона ва бо дасти зархаридони аҷнабӣ бар сари модари тоҷик оташи силоҳ афканд, то бо ин «модели наву замонавӣ»-и расидан ба қудратро пиёда созад. Ин амали фарзандони номард хиёнати азимест, ки онро ба ҷуз ватанфурӯшию модарфурӯшӣ чизи дигаре нагӯянд. Ин амали хиёнатро падарону модарон, агар барҳаёт бошанд, чӣ гуна таҳаммул кунанд?

Дар адабиёти муосир моно ба ин ҳодисаҳои нангин асарҳои гуногун эҷод гаштааст. Бовар дорам, ки шумо ҳикояи «Марги ҳофиз»-и нависандаи забардасти тоҷик устод Сотим Улуғзодаро мутолиа кардаед. Дар ин ҳикоя падар — ҳофизи мумтозу маҳбубе тасвир мешавад, ки соати огаҳ шуданаш аз хиёнати ватанфурӯшии фарзанд, ҳамон ӯро дар пеши чашми мардум бо ханҷар ба қатл мерасонад. Ва аз шарму ҳаёи хиёнати фарзанд, то нигоҳаш ба нигоҳи одамон наафтад, ба ҷойи дуртар рафта, пасон ба синаи худ низ ханҷар мезанад. Ин ватандӯстии падар буд, ки хиёнати фарзандро таҳаммул карда натавонист ва Ватанро аз фарзанди нохалаф садҳо карат авло донист. Ин гуна мисолҳои воқеӣ дар адабиёти мо кам нестанд. Нависандагони мо онҳоро, воқеан, аз зиндагӣ бардошта, боз ҳам ба хидмати зиндагӣ додаанд. Аммо мақсуди мо дигар — перомуни паҳлуи бисёр фоҷиабору ғамангези мардиву номардии одами худӣ, ки аслан онро хиёнати комил гӯянд, ҳарф задан, ҳақиқатро пешорӯ дидан ва ба он ҷавонмардона баҳо додан аст.

Ин ҷо мехоҳам пурсам, аз номардӣ дида, боз чӣ чизе бадтар буда метавонад? Гумонам, ки ҳадди баландтарини номардӣ хиёнат ва пасон ифротгароист.

Рафтору гуфтор ва муносибати як тан аз ҳамватани мо – Муҳиддин Кабирӣ, собиқ раиси ҳизби террористии наҳзати ислом, ки дунболи барангехтани оташи ҷанг ва таҳдиди силоҳкашӣ ба Тоҷикистон аз ҳамватан гуфтанаш забони кас намегардад, дар хориҷ аз кишвар, ба кадом дараҷаи инсонӣ рост меоянд? Мард аст ё номард? Посух чун рӯз рӯшан аст.

Оре, Кабирӣ мард нест! Ӯ пасттар аз ин — хиёнаткор, ватанфурӯш, душмани ватан, оқшудаи ҳам модар ва ҳам аз падар аст! Ҷойгоҳи баланди Ватан ва мафҳуми оқшударо дар замонаш фарзанди баномуси миллат, поягузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ басо рӯшану саҳеҳ тавзеҳ додаанд: «Ҳар як одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки ватан модари ӯст, ватан хеш ва табори ӯст, ватан зан, фарзанд, ҳамшира ва хоҳари ӯст, ватан шараф ва номуси ӯст, ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст.

Фарзанде, ки хидмати модари худро накунад, ба ӯ ёрӣ надиҳад ва ӯро ранҷонад, на танҳо дар назари модар, ҳатто дар пеши ҳамаи ҷамъият ҳам манфур мегардад, ҳама ба ӯ нафрат мекунанд, ӯ бо унвони «оқи модар» машҳур мегардад. «Оқи модар»-ро дар ҳеҷ ҷамъияти инсонӣ роҳ нест.

Ватан ҳам мисли модар аст, балки модари ҳақиқӣ ватан аст! Чунки агар модар фарзанди худро дар шиками худ 9 моҳ ва баъди зоидан дар пеши худ 4-5 сол тарбия мекарда бошад, ватан фарзанди худро як умр аз рӯзи пайдо шуданаш то мурданаш тарбия мекунад.

Ба ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро барҳам надодааст, ватани худро монанди модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, ӯро ҳимоят ва мудофиа мекунад».

Муҳиддин Кабирӣ чӣ? Хидмати модару падарро ба ҷо наоварда, ба онҳо ёрӣ надодаву сахт ранҷонда, дар пеши ҷамъият манфур гаштааст, афзун, сифати инсонии худро батамом барҳам дода, ватанро заррае ҳимоят ва мудофиа накардааст. Пас, оё ӯ оқшудаи модар, падар ва ватан нест? Сад дар сад оқшуда аст, оқшудаи секарата! Ва ба оқшудаи секарата аз модару Ватан сухан гуфтан ба ақл рост намеояд. Чаро ки ӯ модару падару ватанро нашунид, дигаронро аз куҷо? Ҳо, вонамуд месозад, ки гӯш мекунад, аммо намешунавад. Сад дареғ, ки чашм дорад, вале нигоҳаш ба ҷуз сияҳ чизи дигареро набинад. Бадбахтиаш ин аст, ки аз ҳавову осмону замини ватан канда шудааст, ба ҷуз аз дур ҷакидан илоҷи дигар надорад. Вале ҷак-ҷаки оқшудаи секарата ба як пайсаи пучак ҳам намеарзад, мисле ки саг ак-ак мекунаду корвон ба роҳаш меравад. Ҳоло хоҳам гуфт, ки чаро?

Аввалаш, вақте ки ба кас ҳамин ватан маъқул нест, аз ҳамзабонону ҳамнишинон нафрат дорад, обу ҳавои кишвар барояш тангӣ мекунад, ба куҷое, ки хоҳад, мардона баромада меравад. Ихтиёр ба дасти бахтиёр. Пул дорад, аз чапу рост маблағи бедардимиён ғун кардааст, меравад хомӯш ва бесару садо он ҷое, ки дилаш мекашад, зиндагӣ мекунад. Мардӣ ҳамин аст, охир! Ҳеҷ кас садди роҳи касе нагаштааст. Дунё – васеъ. Ин ватан маъқулат нест, ҳеҷ гап не, мард ворӣ баромада раву моро ба ҳоли худамон гузор! Магар мо ғӯра-ғӯра гиря кунем, ки «бачаи кампир, илтимос, нарав, ки бе ту дар зиндагӣ раҳгум мезанем, ҳоламон табоҳ мешавад!»

Вақте ки ту, Кабирии хиёнаткор, ҳамчун раиси ҳизби мамнуи наҳзати ислом ва пасон аз ин ниҳод вакили мардум будӣ, ба қавле, чор тараф чарида мегаштӣ, иддае аз зиёиён бо сабабҳои тангравишии ба худашон маълум оҳиста аз ватан баромада рафтанд. Онҳо чанд сару гардан аз ту боло буданд ва дар ғурбат ҳамеша бо ёди ватан зистанд, меҳан дар боғи дилашон буд. Устоди сухан, тавонотарин ва забардасттарин шоири миллат Бозор Собир, ҳарчанд ки аз шахсони алоҳида ранҷида ва ҳамчун шоири аслӣ ҳамеша алайҳи ҷараёни зиндагӣ шино мекард, дар хориҷ аз кишвар ба номи миллату ватан иснод наовард, ба сӯйи ватан санг ҳаво надод. Ин ҷо аз суханони Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, ки дунболи даргузашти устод Бозор Собир бо самимияти баланд портрети комили ӯро офарид, ёд кардан бамаврид аст. Намуна:

“Бо амри тақдир дунёро дид устод, вале фирефтаи ҷилоҳои арзони ин ҷову он ҷо нашуд. Ҳамеша Ватанро суруд, хоку афлок, лаълу санг, гулу гиёҳ, сағиру кабир, расму оин, дирӯзу имрӯзи Тоҷикистонро шеъри дилрасу монданӣ кард. Солҳои дуриаш аз Ватан ҳам пайваста ашъори ба мардум наздик гуфт ва пиру ҷавонро ба миллати рӯ ба озодиву давлати даст ба ободӣ, ба садоқату самимияти ватандорӣ қарибтару қаринтар намуд. Шоири Тоҷикистон буд ӯ, шоири тоҷикон буд ва, то ин забони шеъру ин макони шоирона боқист, ҳамчунон ҳасту ҳамчунон хоҳад монд.

Бисёр сафар мекард ва ҳар бор Ватанро бо ҳама ғаму шодиаш дар дили хеш мебурду худро бо ёду хотираҳои ширини шахсияту эҷодаш дар Ватану бо ҳамватанон мемонд. Ин бор ҳам чунин аст – бо мост ӯ, чун дарку эҳсоси зебо бо мост, чун андешаву афкори воло бо мост, чун меҳри сӯзони ин кишвари арҷманду ин миллати сарбаланд бо мост. Агар рафтааст, аз пайи шеъри нав рафтааст, барои дарёфти маънии тоза рафтааст, ба суроғи сайқали завқу таҳкими руҳу равони мо рафтааст…”

Оре, устод Бозор Собир рафтааст! Аммо худро дар чашму дилу ҷон, дар руҳу равони мардум ва миллат чун азизи азизон ҷо кард. Барои ҳамин халқ бовар дорад, ки шоири маҳбубаш сафари дур рафта бошад ҳам, боз ба сурати дигар бармегардад. Мардум худро дилпур сохтааст, ки инак-инак меояд, аз наомаданаш бовар надорад. Ин эътимоди халқ ва дӯстдорони ӯро Низом Қосим ба худи мардум чунин пешкаш карда (интихобан):

Равони роҳи маънӣ бар сафар рафтасту меояд,

Ба чашми дил зи дунёи назар рафтасту меояд.

Ҳамора дилгазон аз куҳнагӯӣ, куҳнароҳиҳо,

Раҳи нав ҷуста, бо роҳи дигар рафтасту меояд…

Баҳорон асту сӯи пуштаҳои сабзи Файзобод

Хабаргирии лахтони ҷигар  рафтасту меояд.

Ҳама розу ниёзи модари дилхастаи худро

Шунида аз лаби гӯёи ҷар рафтасту меояд.

Зи дунболи бародарҳои хорузори бемораш

Савори аспи армони падар рафтасту меояд…

Ба ёдаш ғарқаи гул саҳнаҳои хотироти мо,

Ҳамон сон гулбашеъру гулбасар рафтасту меояд.

Тасалло дода худро, ҳар дилу ҳар чашми тар гӯяд:

Ба кашфи Амрикои шеъри тар  рафтасту меояд…

Аммо ту чӣ, эй Кабирии кандабоди Файзобод, эй гарди хоки пойи Бозор Собир! Чаро ба модар, ба ватан, ба миллат хиёнат кардӣ? Чаро руҳи поки тавонотарин шоири зодгоҳатро ранҷондӣ? Охир, аз ҳамон обу ҳавое, ки Бозор Собир нӯш мекарду нафас мегирифт, ту ҳам аз ҳамон баҳра бардоштаӣ! Чаро раҳи ту дигар шуду аз шоир дигар? Чаро шоир руҳи модарро шод карду ту руҳи модарро шикастӣ ва боз ҳам поймол кардан дорӣ? Ҳамин суолҳоро ақаллан пушти нохун андеша кардаӣ ё на?! Оё боре нигаҳи хираат ба ин шоҳбайти Шавкати Бухороӣ уфтодааст:

Ҷаҳонро равшанӣ аз мардуми бедордил бошад,

 Бувад аз дидаи моҳӣ чароғон  маҳфили дарё.

Магар ҳамин тавр нест? Оре, ҳамин тавр! Инсони бедордил ба ҷаҳон рӯшанӣ мебахшад, на торикӣ, на дашном, на бадгӯйиву бар сари миллати хеш зархариду силоҳ кашидан! Ҳатто моҳӣ, ки ҳарфе аз забонаш берун намеояд, дидаи бедор дорад, дарёро барои худ чароғон мебинад. Халқ низ нодон, гӯлу пакар нест, як бор ба чоҳи кандаи ту ворӣ наҳзатиҳо кӯр-кӯр уфтоду зарбаи ҷонкоҳе бар сараш фуромад, пароканда шуд, фирорӣ гашт ва ҳамаро барбод дод, шикасти гарони миллатро садсолаҳо барояш басанда медонад. Ба бахти миллати ҷафокашида Худованд сарвари дурандешу хирадманд, фарзанди фарзонаи тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро бар сари қудрат овард, вагарна, ту барин наҳзатиҳои таассубгаро пӯсти якдигарро медариданд ва аз куҷо ин гуна Тоҷикистони навину озод, илму фарҳангу адабиёту ҳунари миллӣ буд? Аз куҷо ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”-у нашрияи миллии адабии “Садои Шарқ” буд? Яқин буд, ки бо нашрияҳои “Наҷот”-у паҷотҳои маргтарсону маргборатон одамонро аз зиндагӣ дилсард ва рӯзгорашонро ҷаҳаннам гардонда мегаштед. Ҳазорон бор шукр, ки халқ бо талошҳои хастагинопазиру шаббедориҳои пурранҷи Пешвои муаззамаш, ки ҳамаро дидаву озмудаву фаҳмидаву аз нав сохтааст, номардро аз хиёнаткор, сияҳро аз сафед куллан фарқ мекунад, нуктадон аст, баҳо медиҳад, таҳлил мекунад ва аз пушти миллати рӯ ба озодиву давлати даст ба ободӣ задаашро нағз медонад. Зеро:

Бар бисоти нуктадонон худфурӯшӣ фазл нест,

Ё сухан дониста гӯ, эй марди оқил, ё хамӯш!

Ҳо, оқилон суханро дониставу санҷида мегӯянд! Вале ту, ки бар сари ватану миллат бо силоҳи зархаридон ҳуҷум оварда, дар Бадахшон хуни ноҳақ рехтӣ, аз оқилӣ бӯ намебарӣ ва дар кӯчаи одамгарӣ номат тамоман вуҷуд ҳам надорад. Зеро ниятҳои нопоку бадбӯят чун рӯз равшан гаштанд ва халқ кӣ будани туро бори дигар шинохт.

Дувум, гоҳе ки бо арроз баромада рафтӣ, ватан, миллат, мардуми зодгоҳатро бо худ бардошта набурдӣ-ку! Ватан дар ҷояш қарор аст, миллат қадам ба қадам пеш меравад, одамон бо орзуву ҳавас кор мекунанд, зиндагии тоза месозанд, фикри ободиву пешрафти фардоро доранд. Тоҷикистон бо сарварии фарзанди фарзонааш Эмомалӣ Раҳмон фасл ба фасл ободтару зеботар мегардад. Модоме ки ту ғами ободиву осудагии ватанро дар мағз надорӣ, ватан гунаҳгор нест, парвои ту ҳам надорад. Одам ғами ватан ва хонаву дари худро мехӯрад, на ватан ғами хонаву дари одамро. Ҳар кас хонаи худро месозад, на бегона хонаи туро. Агар ранҷида бошӣ, аз одамони алоҳида ранҷидаӣ, аз миллату ватан чаро меранҷӣ? Гуноҳ, ки карда бошӣ, мувофиқи қонун ҷавоб намегӯйӣ? Пас фикри он ҷоеро биандеш, ки барои худ манзил интихоб кардаӣ. Барои миллате, ки аз дур ба сӯяш санг меандозӣ ва имрӯз бо таҳдид ба сараш силоҳ кашидаӣ, тамоман бегонаӣ. Чаро бегона шудӣ? Медонӣ, барои чӣ? Гӯш кун, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқоти хеш бо соҳибкорони зодаи Тоҷикистони кишвари Русия падарона баён карда буданд: «Ҳар шахсе, ки нангу номус дорад, худро соҳиби Ватан ва фарзанди миллат мешуморад, бояд бо сохтани иморате, бунёди корхонае, кушодани роҳе, обод кардани маконе, ҳатто шинондани дарахте аз худ нақше боқӣ гузорад. Сангеро аз сари роҳ дур афканад, дасти афтодаеро бигирад, ҳоҷати бечораеро барорад, бо амали шоистае номи худ ва номи миллатро баланд бардорад».

Ангезаи ин суханони қудратофар иддае аз муҳоҷирони муваффақи Русияро гунае такону таҳрик дод, ки вуҷудашонро меҳри саршори ватандорӣ аз нохуни по то тори сар фаро гирифт ва бар тасмимашон тасмим афзуд, то ҳарчи зудтар ба сӯйи Ватан парвоз кунанд. Ҳамин тавр ҳам шуд; бисёриҳо дар ватан деҳаҳои худро ободу роҳҳоро мумфарш намуданд ва пулҳо сохтанд, бунгоҳҳои тиббӣ ва мағозаҳо бунёд карданд, коргоҳҳои навро ба кор дароварданд, истеҳсоли маҳсулоти худиро ба роҳ монданд ва ба ин васила даҳҳо ҳамватани худро дар кишвар бо ҷойи кор таъмин карданд.

Аммо ту ва думравонат чӣ? Дар деҳаҳои худ иморате ё корхонае сохтед? Роҳе кушодед? Маконе обод кардед? Ақаллан дарахте шинондед, ки аз худ нақше гузошта бошед?! На, чунин накардед, баръакс, сангҳои бағалатонро бо чангол гирифта, пайваста бар сари миллат афкандед, дасти ягон афтодаеро нагирифтед, ҳоҷати бечораеро набаровардед, фақат бо дашному ҳақоратҳо ба номи миллату давлати миллӣ доғ гузоштеду халос. Акнун ватанро бо дасти ағёр на, бо дасти ёр мехоҳед вайрона созед, мусибати гаронеро бо дасти куффор на, бо дасти ба ном «мусулмонҳо»-и ифротгаро мехоҳед ба сари мардум оваред. Вале ин андешаҳои хоматон ҳеҷ гоҳ амалӣ нахоҳанд шуд. Дигар руҳи тавонои миллати тоҷикро ҳеҷ оқшудае шикаста наметавонад. Давлат ҳам, тавре ки чун мурғи орзупарасти ку-ку гумон мебаред, акнун он давлати заифу нотавони солҳои 90-и асри мозӣ нест; тавоност, пуриқтидор аст. Аз он ки зи кишварҳои дур чун суғур гоҳу но гаҳ сар кашида, ҷон меканед, ки гӯё зинда ҳастед, бароятон суде надорад. Зеро худ ва думравонат, ки гӯши суханшунав надоред, лабатон ҳеҷ гоҳ хандаи тар, нигоҳатон осмони мусаффои тори сар ва поятон замини модарро нахоҳанд дид. Чунки зиндагии бе муҳаббат устухони пӯсидаеро дар лаҳади гӯр мемонад, ки ҳамагӣ моно ба ҳамин ҳастед. Сад дареғ, ки ту ва думравонат ватан, модар, миллат, имону виҷдон ва ҳамаро батамом фурӯхтед, ҳол он шоири навҷӯву навгӯйи Эрон Қайсари Аминпур аз шумо барин каҷбинон қаблан хоҳиш оварда буд:

 Ин ҳанҷара, ин боғи садоро нафурӯшед,

Ин панҷара, ин хотираҳоро нафурӯшед.

Дар шаҳри шумо, боре, агар ишқфурӯшист,

Ҳам ғайрати ободии моро нафурӯшед.

Танҳо, ба худо, дилхушии мо ба дили мост,

Сандуқчаи рози Худоро нафурӯшед.

Сармояи дил нест ба ҷуз ашку ба ҷуз оҳ,

Пас дастикам ин обу ҳаворо нафурӯшед.

Дар дасти Худо ойинае ҷуз дили мо нест,

Ойина шумоед, шуморо нафурӯшед.

Дар паллаи парвона ба ҷуз кирм налӯлад,

Парвонаи парвози раҳоро нафурӯшед.

Як умр давидему лаби чашма расидем,

Ин ҳарвалаи саъю сафоро  нафурӯшед.

Дур аз назари мост агар манзили ин роҳ,

Ин манзараи дурнаморо нафурӯшед.

Ҳо, шоири асилро, ки аз забони халқ барои халқ шеър мегуфт, куллан нашунидед. Акнун дониста бошед, ки аз ин фурӯхтанҳои хоинона ҳеҷ гоҳ сер нахоҳед шуд ва яқину дақиқ аст, ки сари худатонро чун мор худатон хоҳед хӯрд ва носер аз дунё хоҳед рафт.

Ҳақиқати собитшудаи ҳаёт ҳамин аст, на чизи дигар!

Зардони БОХТАРИЁН 

Дигар хабарҳо