Манзили шоири бузург

 Манзили шоири бузург

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Хона-музей дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи арзишҳои фарҳангию таърихии миллати куҳанбунёди тоҷик, гиромидошти фарзандони фарзонаи миллат бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сохта шудааст. Хона-музей бо дарназардошти унсурҳои қадимаи шаҳрсозии халқи тоҷик бунёд ёфтааст.

Сутун ва дари хонаҳо бо санъати баланд кандакорӣ шуда, диққати ҳар бинандаро ҷалб месозанд. Хонаи рамзии Мавлоно аз ҳавлии дарун ва берун иборат мебошад.

Дар пешайвони даромадгоҳ аз дохил шоҳбайти Мавлоно ҳаккокӣ гардидааст. Дар байни ҳавлии берун сутуни кандакоришуда гузошта шудааст, ки он рамзи анҷоми рақси “Самоъ” аст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз «Хонамузейи Ҷалолиддини Балхӣ», бунёди онро дар замони ҷаҳонишавии фарҳангҳо ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллию таърихии халқи тоҷик, аз худ кардани таърих ва омўхтани гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик барои ҷавонон муҳимму саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Пешвои миллат таъкид доштанд, ки бояд насли наврас осори пурҳикмати Ҷалолиддини Балхиро, ки аҳаммияти бузурги маънавӣ дорад, бахусус асари безаволи «Маснавии маънавӣ»-и ўро мутолиа намуда, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури худро тақвият бахшанд.

Аз тарафи чапи даромадгоҳи ҳавлии беруна китобхона ҷойгир аст. Китобхона асосан бо сандуқҳо барои нигаҳдории китобҳо муҷаҳҳаз шудааст.

Ҳавлии дарун ё дуюм, ки дорои саҳни васеъ мебошад, бо ду дарахти тути сафед дар марказ ва гул оро ёфта, дар деворҳо токчаҳо барои шамъчароғ ё пилтачароғ насб шудаанд. Саҳни ҳавлӣ давраи зиндагии Ҷалолиддини Балхиро бозгў менамоянд.

Аз тарафи рости даромадгоҳи ҳавлии дарун меҳмонхона ҷой гирифтааст. Хона гиландова шудааст. Дар охири хона (самти шимолӣ) тоқчаҳо ва барои рахти хоб тахтмон аз гач сохта шудаанд.

Ҳавлии дарун аз ду бахш — “Мардона” ва “Занона” иборат мебошад. Он аз даҳлез пешайвон, хонаи нишаст ва дарун иборат аст.

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҳфили «Ворисони Ҷалолиддини Балхӣ» ташкил шудааст, ки дўстдорони ашъори орифи тоҷик ба он ҷалб гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки то имрўз осори пурғановати Ҷалолиддини Балхӣ ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шуда, чандин шарҳи «Маснавии маънавӣ» ба вуҷуд омадааст.

“Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ» намои қадимаро ба худ касб карда, он тарзу усули зиндагонии аслии давраи гузаштаи ин адиби тоҷикро муаррифӣ мекунад.

Дар сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳёи расму оин ва ҳунарҳои мардумӣ ҷойгоҳи махсус дошта, дар ин самт тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд.

Дигар хабарҳо