Рушди босуръати Бадахшон дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон

 Рушди босуръати Бадахшон дар даврони истиқлолияти Тоҷикистон

(Ё чӣ гуна факту рақамҳо воқеиятро нишон дода, таблиғоти ғаразнокро инкор мекунанд)

Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои муҳимми кишвар ба ҳисоб рафта, суботу оромӣ ва рушду тараққии он дар маркази сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Хосса аз файзи истиқлол пешрафту ободии Бадахшон ба марҳалаи сифатан нав гузашта, ҳатто бо як мушоҳидаву муқоисаи одӣ метавон дарёфт, ки дар ин муддати кўтоҳи таърихӣ симои шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоату деҳоти вилоят ба таври куллӣ тағйир ёфтааст.

Аммо моҳҳои охир дар фазои иттилоотию шабакаҳои иҷтимоӣ тамоюле мушоҳида мешавад, ки баъзе гурўҳҳои бадхоҳ ва фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ тамоми ин тағйирот ва ободиҳои Бадахшон дар замони истиқлолиятро дидаву дониста сарфи назар намуда, онро ҳамчун «минтақаи маҳрум» ва «бенасиб аз рушду ободонӣ» муаррифӣ кардан мехоҳанд. Онҳо танҳо ба хотири эҷоди ҳисси норозигию эътироз миёни мардуми Бадахшон ва ноором сохтани вазъияти Тоҷикистон дар ин масъала таблиғоти ғаразнок ба роҳ гузоштаанд, ки он на таҳлили илмию воқеии вазъияти иқтисодӣ ва ободонии вилоят, балки як амали комилан сиёсӣ ва таблиғотист. Табиист, ки чунин инкори ошкорои воқеият ва талқини тасаввури нодуруст метавонад дар зеҳни сокинони вилоят таъсири манфӣ гузошта, ба ваҳдати миллӣ халал эҷод намояд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар навиштаи ҳозир талош шудааст, ки ба масъалаи ободонӣ ва рушди ВМКБ дар давраи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рў оварда, бо баррасии муқоисавии вазъият ва истифодаи факту рақамҳои мушаххас аз гузоришҳои расмии боэътимод воқеияти ин мавзўъ барои хонандаи гиромӣ нишон дода шавад. Зеро маҷмўаи корҳои анҷомшуда, сармояҳои гузошташуда, лоиҳаҳои ободонии татбиқшуда, иншооти наву бешумори қадафрохта ва тарҳҳои зиёди пешбинишуда худ гувоҳӣ медиҳанд, ки Бадахшон дар даврони истиқлол дар маркази сиёсати давлатӣ ва дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои муҳтарами миллат қарор дошта, як марҳилаи рушду ободонии босуръати худро аз сар мегузаронад.

***

Баррасии раванди рушди Бадахшон дар даврони истиқлолро метавон аз ин оғоз намуд, ки ҳанўз 16-уми июли соли 1993 Қарори Шўрои Вазирони ҶТ «Дар бораи тадбирҳои аввалиндараҷаи ба эътидол овардани вазъи иқтисодию сиёсии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон» қабул шуда, соли 1995 Қарори мукаммалтари Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон» ба тасвиб расид. Дар заминаи ин ҳуҷҷатҳои давлатӣ дар давраи истиқлол чандин барномаҳои мукаммали рушди иқтисодию иҷтимоии ВМКБ таҳия ва татбиқ гашта, барои рушди тамоми соҳаҳои вилоят марҳала ба марҳала корҳои зиёде ба анҷом расиданд.

Аз ҷумла, соли 2007 бо фармоиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодии ВМКБ дар тўли солҳои 2007- 2010” қабул гардид, ки дар доираи он тайи чор сол 40 иншооти ниҳоят муҳимми соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 107 млн. сомонӣ бунёд ва барқарор гардида, мавриди истифода қарор гирифт. Сипас иҷрои барномаҳои мукаммали рушд то соли 2015 ва то 2020 низ ба рушду ободонии вилоят такони тоза доданд. Ҳоло дар вилоят барномаи рушд барои солҳои 2020-2025 дар ҳоли татбиқ аст.

Албатта, ҳуҷҷату барномаҳои калони давлатӣ сиёсат, дидгоҳ, чорчўб, асосҳои ҳуқуқӣ ва саҳму нақшаи давлат дар ин самтро ба таври мушаххас ифода мекунанд, аммо таваҷҷуҳ ба тарҳу лоиҳа ва иқдомоти мушаххас метавонад манзараи рушду ободонии Бадахшонро ба таври боз ҳам рўшантар нишон диҳад. Масалан, дар соҳаи саноат, ки яке аз соҳаҳои ояндадори рушди вилоят ба ҳисоб меравад, дар даврони истиқлол дар вилоят сохтмони корхонаҳои коркарди маъданҳои кўҳӣ, коркарди сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, масолеҳи сохтмонӣ, саноати сабук ва маҳаллӣ, аз ҷумла корхонаи истихроҷи тилло дар Рангкўл, кони «Баҷу»-и Рўшон, истихроҷи нуқра дар Караҷилга, истихроҷи кони турмалинаи полихромии «Мика», таҷдиди фабрикаи коркарди сангҳо «Лаъл», сохтмони корхонаҳои коркарди сангҳо дар ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим, Мурғоб, таҷдиди коргоҳ барои истеҳсоли арматура дар шаҳри Хоруғ, корхонаи хурди намаки ошӣ дар кони Шорбел, корхонаҳои хурди оби минералӣ дар деҳаҳои Гармчашма, Сист ва Қозидеҳ ба нақша гирифта шуда, аксари онҳо ҳоло ба фаъолият оғоз намудаанд. Аз ин миён, тарҳу корхонаҳое, ки дар муҳлати муайяншуда ба истифода дода нашудаанд, бо ҷалби сармояҳои иловагӣ дар ҳоли татбиқшавӣ мебошанд.

Соҳаи кишоварзии вилоят низ дар даврони истиқлол рушди хосса ёфтааст, ки он барои таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ нақши муҳим мебозад. Масалан, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар вилоят соли 2020 ба 573 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд мебошад. Соли 2020 нисбат ба соли 1991 истеҳсоли ғалладонагиҳо 1,7 баробар, аз ҷумла гандум 2,6 баробар, картошка 3,2, сабзавот — 3,8 ва мева 17 баробар афзудааст. Дар ин самт метавон ёдовар шуд, ки агар дар 70 соли даврони шўравӣ ҳамагӣ 1,2 ҳазор гектар замин (аз ҷумла 0,8 ҳазор га замини обӣ) барои қитьаҳои ҳавлигии аҳолӣ тақсим шуда бошад, дар замони истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ қариб 3765 гектар замин бо ҳамин мақсад ҷудо гаштааст, ки ба вазъияти зиндагии аҳолӣ таъсири мусбат дорад.

Дар солҳои истиқлол рушди соҳаи энергетикаи вилоят низ хеле чашмрас будааст. Дар ин давра, аз ҷумла, бунёди неругоҳи барқи обии “Помир-1” бо иқтидори 28 мегавват, неругоҳҳои барқи обии “Андарбак” бо иқтидори 360 киловатт, неругоҳи “Техарв” 400 киловатт, неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон” дар ноҳияи Мурғоб бо иқтидори 1500 киловатт, неругоҳи хурди барқи обии “Хатфат” бо тавоноии 450 киловатт дар водии Бартанги ноҳияи Рўшон ва ҳамчунин неругоҳҳои хурди барқи обии «Ширг-1», «Ширг-2» ва «Ванҷ-2» сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Навбати якуми неругоҳи барқи обии “Помир-1”(соли 1995) фаъол гашта, неругоҳи оби барқии «Андарбак» дар соли 1999 бунёд гардид, ки он водии Ванҷро бо барқ таъмин сохт. Илова бар ин, дар Қарори Ҳукумати ҶТ “Оид ба Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020” аз 2 феврали соли 2009 дар ҳудуди ВМКБ сохтмони 16 НБО-и хурд ба нақша гирифта шудааст.

Дар маҷмўъ, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар соҳаи энергетикаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон 24 лоиҳаи хурду миёна ба маблағи умумии 1,7 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, имрўзҳо амалисозии боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ идома дорад. Ҳамчунин, барои такмилу таҷдиди шабакаи барқии вилоят дар давраи истиқлол 250 зеристгоҳи барқӣ ва 270 километр хатҳои интиқоли барқ насб ва таҷдид гардид, ки дар натиҷа ҳудуди барқтаъминкунӣ дар вилоят аз 13 фоизи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ то ба 96 фоиз расонида шуд. Бо татбиқ гардидани якчанд лоиҳаи энергетикии дигар вилоят 100 фоиз бо барқ таъмин карда мешавад. Аз ҷумла, ҳоло амалисозии лоиҳаи сохтмони НБО «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт идома дошта, мувофиқи нақша дар нимсолаи аввали соли 2023 ба истифода дода мешавад, ки илова ба таъмин кардани ВМКБ, ба афзоиши иқтидори содиротии кишвар мусоидат менамояд. Умуман, рушди ин соҳаи муҳим рўшантарин намунаҳои рушди ин вилоят дар даврони истиқлолият мебошад.

Рушди зерсохторҳои иртиботии Бадахшон низ дар тамоми давраи истиқлол дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар будааст. Бинобар ин, моҳи ноябри соли 1998 аз тариқи вилоят роҳи автомобилгарди Мурғоб-ағбаи Қулма кушода шуд, ки он шабакаи роҳҳои Тоҷикистонро ба Чин пайваст. Соли 1999 бошад роҳи автомобилгарди Кўлоб — Қалъаихум ифтитоҳ гардид, ки он натанҳо ду вилояти калонтарини Тоҷикистонро ба ҳам пайваст, балки барои дар тамоми фаслҳои сол таъмин будани иртибот бо Бадахшон шароит фароҳам сохт. Ҳалли ин масъала, ки ҳатто дар даврони Шўравии абарқудрат муяссар нагашта буд, дар таърихи муосири вилоят ва кишвар рўйдоди муҳимми таърихӣ ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи лоиҳаҳои ободонӣ ва созандагӣ дар ин самт моҳи ноябри соли 2005 дар ҳудуди вилоят қитъаи роҳи Шкев-Зиғар ба истифода дода шуда, корҳо дар қитъаи Шоҳон-Зиғар оғоз ёфтанд. Сипас қитъаҳои Зиғар-Хостав-Шкев, Шоғун-Зиғар- Кўлоб-Қалъаи Хумб, Шўрообод-Шоғун ва ғайра ба истифода дода шуданд, ки лоиҳаи мазкурро такмил намуданд. Ҳоло корҳо дар ду қитъаи тўлонӣ ва мураккаби роҳ то маркази вилоят — қитъаҳои Қалъаи Хумб-Ванҷ ва Ванҷ -Рўшон идома доранд, ки фақат бахши аввали он 110 километр дарозӣ дошта, бо арзиши умумии беш аз 2 миллиард сомонӣ сохта мешавад. Қитъаҳои роҳи Кўлоб Шамсиддин Шоҳин (32 километр) ва Шкев-Қалъаихумб (26 километр) бошад ба маблағи умумии қариб 1 миллиард сомонӣ анҷом шуда, лоиҳаи “Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои табиӣ”, ки дар доираи он 17 пул бунёд ва барқарор карда мешавад, бо арзиши 211 миллион сомонӣ дар арафаи анҷомёбист. Дар натиҷа, дар ин давра дар вилоят бунёду навсозии 373 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалидошта ва 40 пул ба анҷом расонида шуд. Ҳоло дар ин соҳа татбиқи боз 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,2 миллиард сомонӣ идома дорад. Чунин таваҷҷуҳ ва сармоягузорӣ дар соҳаи ободонии роҳҳои вилоят маҳз бо шарофати истиқлол ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муҳтарами миллат ба ин масъала имконпазир гаштааст.

Ҳамзамон бо рушди иқтисодӣ дар давраи истиқлол рушди иҷтимоии вилоят низ дар маркази сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Аз ҷумла, дар ин давра соҳаи маориф ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилоят рушди махсус ёфта, дар шаҳру ноҳияҳои он 180 бинои нави муассисаҳои таълимӣ ба маблағи умумии 302 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Ҷиҳати рушди имкониятҳои зеҳнии кўдакон дар вилоят 21 муассисаи томактабӣ ва 146 маркази инкишофи кўдакон низ фаъолият доранд, ки дар самти тарбияи солими кўдакон хизматрасонӣ менамоянд. Ҳамасола тариқи квотаи Президентӣ то 150 нафар хатмкунандагони мактабҳои вилоят ба муассисаҳои олии кишвар қабул шуда, аз соли 1997 то имрўз 1650 нафар дар маҷмўъ аз имтиёзи мазкур баҳравар гардидаанд, ки қариб 1000 нафарашон духтарон мебошанд.

Дар бораи рушди соҳаи тандурустии вилоят зикри ҳамин воқеият кофист, ки агар то соли 2006 ба аҳолии вилоят 246 муассисаи тиббӣ хизмат мерасонида бошад, имрўз шумораи чунин муассисаҳо ба 347 расида, ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда шудаанд. Бо мақсади ҳалли масъалаи нарасидани мутахассисон дар соҳаи тандурустии вилоят ҳоло аз минтақаи Бадахшон дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино 292 нафар, аз ҷумла бо квотаи президентӣ 190 нафар ҷавонон таҳсил мекунанд.

Дар доираи барномаҳои рушди ВМКБ дар даврони истиқлол ба рушди зерсох- торҳои фарҳангию иттилоотӣ ва таъмини фазои иттилоотии вилоят низ аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст. Аз ҷумла, дар ин давра бо ҷалби ширкатҳои иштироккунандаи бозори иртиботии кишвар то шаҳри Хоруғ ва дигар марказҳои ноҳияҳои вилоят хатти фибрии нурӣ кашида шудааст, ки он иртиботи интернетӣ бо вилоятро таъмин менамояд. Ба истифода дода шудани қасрҳои фарҳанг дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рўшон ва Шуғнон ва бунёду азнавсозии Театри мусиқию мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров дар шаҳри Хоруғ низ далели рушди фарҳангӣ ва ободонии вилоят мебошад. Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ барои иштирокчиён ва собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят бо маблағгузории давлатӣ дар ноҳияи Ишкошим Осоишгоҳи “Бибӣ Фотимаи Зуҳро” барқарор карда шуд, ки дар он солона садҳо нафар собиқадорони ҷангу меҳнат ва мардуми ниёзманд табобат мегиранд.

Дар ин раванди бузурги созандагӣ, қариб дар тамоми марказҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят аксари биноҳои мақомоти гуногуни давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, марказҳои фарҳангию варзишӣ ва ғайра бозсозӣ ё пурра аз нав сохта шудаанд. Хусусан, симои маркази вилоят — шаҳри Хоруғ дар даврони истиқлол комилан дигар шуда, ба як шаҳри обод ва инак бо марказҳои тиҷоратию фароғатӣ, зерсохторҳои иҷтимоӣ ва биноҳои баландошёна табдил шудааст. Бо сарфи маблағи 3 миллиону 751 ҳазор доллари ИМА шабакаи обтаъминкунӣ дар шаҳри Хоруғ пурра барқарор ва навсозӣ шуда, сокинони аксари маҳаллаҳои он бори аввал ба оби босифати нўшокӣ таъмин гаштаанд. Ҳамчунин, бо сарфи беш аз 1 миллион доллари ИМА лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии маркази вилоят татбиқ шудааст, ки он яке аз мушкилоти деринаи шаҳрро бартараф кард.

Маркази ноҳияи Шуғнон — шаҳраки Ваҳдат аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ пурра аз нав сохта шуда, имрўз ба ободтарин маркази маъмурӣ дар сатҳи вилоят табдил гаштааст. Симои маркази ноҳияи Дарвоз — шаҳраки Қалъаи Хумб бошад бо вазъияти 10 соли пеши он ҳатто қобили муқоиса нест: дар ин ҷо даҳҳо биноҳои зебои замонавӣ, корхонаҳои пешрафтаи саноатӣ, марказҳои тиҷорӣ, меҳмонхонаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, биноҳои идорию хидматӣ, марказҳои варзишию маишӣ, тарабхонаву қаҳвахонаҳо ва ғайра қад афрохтаанд, ки барои чунин минтақаи кўҳистон дар чунин муддати кўтоҳ ҳатто шигифтовар аст.

Умуман, татбиқи лоиҳаҳои гуногун боис шудаанд, ки дар ин марҳала вазъи зиндагии сокинони вилоят ба куллӣ дигар шудааст. Аз ҷумла, Маҷмўи маҳсулоти минтақавии ВМКБ дар солҳои охир бомаром афзоиш ёфта, ба 1,1 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расидааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 21 баробар ва ба ҳар як нафар аҳолӣ 100 баробар афзудааст. Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар имкон доданд, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 97 фоизи соли 1999 то ба 29,7 фоиз дар соли 2020 паст карда шавад. Дар маҷмўъ, дар давоми солҳои истиқлолияти давлатӣ ба хотири ободонии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои мустақими Пешвои миллат тавассути ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 21 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Нуктаи муҳимми дигар он аст, ки барномаҳои дурнамои рушди Бадахшон, ки аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ шудаанд, татбиқи лоиҳаҳои бисёр ҷиддитари иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зерсохторӣ дар ҳудуди вилоятро дар назар гирифтаанд, ки он ба маънои боз ҳам рўшантар ва ободтар шудани ояндаи ин сарзамин мебошад. Дар ин самт, аз ҷумла як қатор лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар соҳаҳои рушди саноат, таҷдиди низоми маориф, бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин, тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ, рушди истеҳсолоти кишоварзӣ ва идораи ҳавзаи дарёҳо, барқарорсозии системаҳои обёрӣ, таҳкими гумрук ва рушди инфрасохтор ва ғайра дар назар гирифта шудаанд. Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони вилоят дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон барои солҳои 2021-2025» амалисозии боз 135 лоиҳа ба маблағи умумии қариб 5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Яке аз чунин тарҳҳои бузург бунёди минтақаи озоди иқтисодии “Ишкошим” мебошад, ки корҳои муқаддамотӣ дар он анҷом ёфта, пешбинӣ мешавад, ки минтақаи мазкур низ ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир оғоз намояд.

Тавре раиси собиқи ВМКБ Ёдгор Файзов дар таърихи 22.08.2020 иброз дошт, ҳамаи он дастовард ва рушду инкишофе, ки имрўз дар Бадахшон ба даст омадааст, натиҷаи фаъолият ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз ин рў, ин баррасии раванди бузурги созандагию ободонии Бадахшон дар даврони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо суханони худи Пешвои муҳтарами миллат ҷамъбаст менамоем, ки дар ин бора гуфтааст: “Маҳз бо мақсади таъмин намудани рушду тараққиёти вилоят мо асри 21-умро — асри рушди Бадахшон ва ин минтақаи биҳиштосои кишварамонро — дарвозаи тиллоии Тоҷикистон эълон намуда, бо ҳамин мақсад садҳо нақшаву барномаҳои созандаро амалӣ карда истодаем.”

Хулоса, тавре дар оғози ин ёддошт қайд шуд, маҷмўаи корҳои анҷомшуда, сармояҳои гузошташуда, лоиҳаҳои ободонии татбиқшуда, иншооти наву бешумори қадафрохта ва тарҳҳои зиёди пешбинишуда худ гувоҳӣ медиҳанд, ки Бадахшон дар даврони истиқлолият дар маркази сиёсати давлатӣ ва дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дошта, як марҳалаи рушду ободонии босуръати худро аз сар мегузаронад. Бинобар ин, ҳеҷ гуна таблиғоти манфию ғаразнок наметавонад ин воқеияти ошкору устуворро таҳриф ва пинҳон намоянд. Мардуми азизи Бадахшон низ ба воқеият маҳз бо чашми хирад ва воқеъбинона менигарад.

Абдуллоҳи РАҲНАМО, узви Раёсати ИНТ

Дигар хабарҳо