Хусусиятҳои насри Анвар Олим
Ба муносибати 70-солагии зиндаёд Анвар Олим
Номи Анвар Мирзоҳакими Олим дар адабиёти тоҷик дар солҳои 80-уми садаи гузашта пайдо шуд ва он замон барои чопи яке аз аввалин ҳикояҳояш “Шохи шикаста” устоди наср Фазлиддин Муҳаммадиев хатти фатво дода, навишта буд: “Яке аз устодони наср Абдулло Қаҳҳор дар суҳбате навқаламонро ба мутрибони навмашқ ташбеҳ додаанд, ки ҳамин ҳоло созе ба даст гирифта, торҳои онро нав ҷўр кардаанд ва тарзи навохти нахустин савтҳоро аз бар мекунанд. Чанд ҳикояи Анвар Олимовро аз ин пеш бо мароқ хондаам. Ҳикояе, ки манзури хонандагони муҳтарам мешавад, аз олами рангин ва пурэҳсоси инсони кўчак ба назокат нақл мекунад. Муаллифи ҷавон торҳои созашро ҷўр сохтааст, таронаҳои аввалинашро батааннӣ ва батаъсир менавозад. Аз ў навоҳои хуш, оҳангҳои дилошўб умедворем”.
Аз он рўзгор то имрўз якчанд маҷмуаи осори Анвар Олим иборат аз ҳикояву қиссаҳое бо номҳои “Вақти гули зардолу”, “Бачаи лалмӣ”, “Моҳмомо” интишор ёфтаанд ва асари минбаъдаи ў “Дар ломакон”низ аз бозҷустҳо ва тозакориҳои бадеии нависанда дарак дода, моро бовар мекунонад, ки муаллиф бо шеваи хосси худ ба рамзу розҳои ҷаҳон посух ҷустааст. Тарҷумаи ҳикояву қиссаҳои Лев Толстой, Чингиз Айтматов, Андрей Гринков, Лилли Промет, Василий Шукшин ва дигарон низ гувоҳи он аст, ки ки ошноии ин адиб бо адабиёти ҷаҳон сарсарӣ набуда, балки ў ба умқи ҳар ҳарфу вожаи ин нависандагони забардаст сар фурў бурда, таҷрибаҳои онҳоро андўхтаву ба таҷоруби худ афзудааст.
Зимнан ҳадаф аз навиштан ҳамеша матлаберо барои хонанда арз кардан аст. Барои Анвар Олим муҳимтарин матлаб кушодани ҷавҳари инсон аст ва даъвати мардум ба сўи инсонгароӣ, некӣ, имон, муҳаббат, садоқат ва ишқ. Ва ин мафоҳими меҳварӣ дар навиштаҳои ў маъмулан аз назари як кўдак, як наврас ё навҷавоне, ки ба дунё ва гирудори он бо чашмони маъсуми тифлона менигарад, шарҳу тавзеҳ меёбанд ва либоси бадеӣ мепўшанд.
Дар насри муосир, ки нависандагоне мисли Ўрун Кўҳзод, Муҳиддин Хоҷазод, Абдулҳамид Самад, Саттор Турсун, Кароматуллоҳи Мирзо, Сорбон, Маъруф Бобоҷон, Баҳманёр, Сайф Раҳим, Муҳаммадзамони Солеҳ, Абдурофеъ Рабиев ва дигарон аз чеҳраҳои мумтози он шинохта шудаанд, бояд гуфт, ки ҳар кадом бо услубу тарзи хос мавзуъро матраҳ мекунанд. Аз ин миён насри Баҳманёр, Сайф Раҳим, Муҳаммадзамони Солеҳ бо вежагиҳои хоси ҳунарӣ мумтоз аст. Насри Анвар Олимро низ ба ҳамин гурўҳи навҷўён ва навгўён метавон муртабит кард.
Нахустин маҷмуаи ҳикоёти Анвар Олим соли 1997 дар нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд бо номи
“Вақти гули зардолу” нашр шуда буд ва баъди бист сол нависанда онҳоро бознигарӣ намуда ва чанд ҳикояву қиссаи нав, аз ҷумла “Мўйсафед”, “Очаи Хол”, “Мактуб ба ошно”-ро илова карда, бо ҳамон унвони пешина муҷаддадан интишор намудааст.
Аз ин қиссаву ҳикоёт чанд хусусияти мумтози қалам ва сабки нигориши Анвар Олимро метавон пай бурд. Маълум мешавад, ки нависанда дўстдори сужетҳои пурмоҷаро нест. Дар ҳикоёти ў амал кам аст, воқеаҳо зиёд нестанд, андеша ва эҳсос тарҷеҳ доранд. Масалан, дар ҳикояи “Дар таги чанори баланд”, ки маҷмуаи мавриди назар аз он оғоз меёбад, сухан дар бораи Бибии Саломат аст, ки шавҳараш аз ҷанг барнагашта ва ў кўдаки худро танҳо калон кардааст, аммо ин писар бероҳа шуда, ба сари модар мушт мекашад. Ровии ҳикоя писаракест ташнаи дидори модар ва қаҳрамони ў модарест ташнаи меҳри фарзанд ва ин тазоди зиндагӣ басо пуртаъсир дар ҳикоя ба қалам омадааст.
Дар ҳикояи “Вақти гули зардолу” сухан аз кўдакест, ки ба муаллимаи худ дил баста, вале орзуҳои тифлонаи ў дар баробари воқеияти зиндагӣ шикаст хўрдаанд. Шавҳари муаллима ўро бераҳмона мезанад. “Муаллима ҳоло ҳам ба ман гапҳое мегуфт, вале банохост ғазабу нафрат вуҷудамро фаро гирифт. Ҳис кардам, ки дар қафаси синаам ба ҷои дил санги сарде ҳамоил аст”, – мегўяд ровӣ. Он рўзгор баҳор буд ва гули зардолу мерехт. “Он шаб бо ҳасрат ва таассуф ҳис кардам, ки дар ин бадгўиву масхарабозиҳо бачагии ман мағлуб шудааст. Баъди ин воқеа ман бачагии худро танҳо дар хаёл мебинам, танҳо дар хаёл ва дар хаёл ҳам ба ҳоли тифлиам чашмонам нам мешаванд. Дилам ба ҳоли он ишқ, ба ҳоли он шохаи пургули зардолу месўзад.” Ба ҳамин ҳол дар тамоми ҳикоёт назари таваҷҷуҳ на ба зоҳири воқеаҳо, балки ба ботини қаҳрамонҳо ва андешаву афкору эҳсоси онҳо нигаронида шудааст.
Қаҳрамонҳои Анвар Олим андешапарвар ҳастанд ва дар ҳикояҳо ҷаҳони ботинии онҳо бештар инъикос меёбад. Насри Анвар Олим насри психологии зеҳнгаро аст. Дар ҳикояи “Бемодарӣ”, ки қаҳрамони он Зафар ном писарбачаест, андешаву эҳсосҳои ин кўдаки маҳрум аз модар бо тамоми андуҳу ғамҳояш ба қалам омадааст. “Зафар гўё шах шуда буд. Аз ҷой намеҷунбид, вале ботинаш ғалаён дошт, дар қафаси синааш фарёд, нола ва эътирози гиряолуд тагорў мешуд. Вай худро то ба имрўз то ин дараҷа танҳои танҳо, бадбахт ва ҳақиру нотавон ҳис накарда буд”.
Яке аз вежагиҳои сабки Анвар Олим шоирона будани насри ўст, дар он тасвирҳои бадеӣ, муҷазбаёнӣ, тавсифу маҷоз мақоми аввалдараҷаро доранд. Тасвирҳо гоҳе хеле муфассал ва маҳсус ҳастанд, гоҳе бо самбулҳои шоирона ва мармуз омехта мешаванд: “Ситораҳо перомуни ман чарх мераванд… ва гоҳе ба ҳам бархўрда, чун булўри холис садои маҳин мебароранд, ки ҷонам аз он роҳат мекунад. Гўё аз устухонам садои най мехезад ва риштаҳои нури ситорагон дар ҷилави чашмам ҳалқа мезананд. Абрҳои гулобиранг аз дуриҳои дур ҷонибам шино мекунанд ва ҳини ҳаракат гоҳ титу парешон мешаванд, гоҳ дар як ҷо хирман зада, бо ҳам мепечанд, меҷўшанд…”. Чандин тасвири дигар, мисли “нигоҳам дар чашмҳоям ғарқ мешавад”, “пайкарам аз нафаси кабўтар пур мешавад”, “пағаи мўи сафедаш чун пари кафтар аст”, “хобҳои хобам кафтардоранд”, “чи рангу накҳате дорад гулистони хаёли ман”, “дашти дури лолағизол”, “паҳнои орзуҳо, ки дар осмони он абрҳои гули зардолу дар шиностанд”… ин мисолҳо ҳама аз ду ҳикояи аввал оварда шудаанд.
Нависанда ба масоили фалсафии маргу зиндагӣ, ишқу нафрат, имону беимонӣ ва мисли ин зиёд мутаваҷҷеҳ аст. Дар аксари асарҳои ў тазоди некиву бадӣ, сулҳу ҷанг, сиёҳу сафед, равшаниву зулмот инъикос меёбад ва он нукта ҷолиб аст, ки дар муҳориба ва муборизаи ин тазодҳо на ҳамеша қувваи некӣ ғолиб меояд, вале аз умқи ҳикояҳо боз ҳам умеди равшане дар дил пайдо мешавад, то тантанаи ниҳоии адолатро ба зеҳн бирасонад.
Дар ҳикояву қиссаҳои Анвар Олим хобу руъё ва хотироти гузашта нақши калидӣ доранд. Ин воситаҳо, аз як тараф, барои таъмини бадеияти асар хидмат кунанд, аз ҷониби дигар барои бозкушоӣ ва пурратар нишон додани образи қаҳрамонони асар мусоидат менамоянд. Тавассути хобу хотираҳо нависанда ҷаҳони пуррангубори орзуву омоли рангини тифливу наврасиро нишон медиҳад.
Ҷолиб он нукта аст, ки аксари қиссаву ҳикояҳо заминаи воқеӣ доранд.
Қаҳрамони аксари ҳикояҳо як наврасест, ки дар ҷустуҷўи меҳрубонии модар умр ба сар мебарад. Чунин ба назар меояд, ки Парвиз (ё Зафар) прототипи худи нависанда буда, ғаму дарди танҳоӣ, ранҷу азиятҳои кўдаки бемодар, бархўрди ў бо дунёи бераҳм ва инсонҳои сангдил, аз як тараф, ва, аз як тараф, аз ҷониби дигар, муҳаббати бузург ва беғарази марду зан ва пиру кампирҳои равшансиришти деҳа барои шинохти инсон ва ҷаҳон мусоидат мекунанд. Зимнан ҳамин шинохти Инсон ва Ҷаҳон муроди нависанда аст. Падар аз назари кўдак мисли чанори бузург, тимсоли бузургиву матонат, сабру тоқат ва донишу хираду ҳикмати ниёгон таҷассум меёбад. Модар – кабўтари сафед, офтоби гармрў, фариштаест, ки ноаён тифли худро ҳамроҳӣ мекунад.
Ду қиссаи ин маҷмуа, ки яке “Мактуб ба ошно” ва дигаре “Хола, Олимпур, Гугуш ва атлас” ном гирифтаанд, осори воқеӣ ҳастанд. Дар асари аввал дўстӣ ва садоқати қаҳрамони асар бо шоири хуштабъ равоншод Неъмати Оташ тавассути хотироти айёми навҷавонӣ, номаҳо, муколамаву муҳовараҳо ба қалам омада, дар асари дигар хотироте дар иртибот бо матои атлас аз рўзноманигор ва наворбардори номвар Муҳиддини Олимпур ва сарояндаи маъруф Гугуш нақл шудаанд. Забони навиштаҳои Анвар Олим хеле мавзуну хушоҳанг ва вожаву таъбиру таркибҳо завқбахшу хотирмонанд. “Кафшкани булаҷаби қадима”, “бистари абрҳои мармарии осмонӣ”, “табассумҳои серожанги анҷирии Очаи Хол”, “маҳмадонои ҳаштлаба”, “баттол”, “ғелмағел”, “нахўди пеши қошуқ”, “сакалту”, “аноӣ” ва мисли инҳо матни ҳикояҳоро ҷозибаву ширинии нотакрор бахшидаанд. Зарбулмасалу мақолот низ аз афзори кори ҳунарии нависанда аст.
Вожаҳои русиву интернасионалии “нокаут”, “хоккей”, “кино”, “майка”, “газета”, “проблема” ва ғайра ба забони асар халал ворид намекунанд, зеро аз забони гуфтугўӣ ва ҳамарўзаи мардум гирифта шудаанд. Зарофату ҷиддият, вожаҳои маҳаллу забони меъёр ба ҳам печида, як тарҳи ҷолиби полифонии хос ба вуҷуд овардаанд. Истифодаи диалогҳои пуррамзу роз, садоҳо ва нидоҳое, ки баёнгари эҳсосанд, барои дарки матлаби муаллиф кўмак мекунанд, зеро аз миёни ин садоҳо ногуфтаҳоеро метавон дарк кард ва ҳаяҷону халаҷони ботинии қаҳрамонҳоро дар вуҷуди худ эҳсос кард.
Се ҳикояти охирини маҷмуа “Духтари борон”, “Оҳ, Буваҷон” ва “Дидори муҳаббат” шабеҳи таронаанд. Дар ҳарсе асар сухан аз тавлиди нозуктарин эҳсосҳо, мужда ва башорати ишқ, бедор шудани руҳу ҷон меравад. Дар маҷмуъ, дар ин китоб ва дар тамоми осори дигараш муаллиф ба бузургтарин муаммоҳои зиндагӣ посух ҷуста, бо истифода аз хаёлпардозиҳои рангин ва забони шево нозуктарин ҳиссиёти инсониро ба ҷунбиш меорад.
Матлубаи Мирзоюнус



