НУР ТАБАР 15 июли соли 1941 дар деҳаи Ғешии ноҳияи Кофарниҳон (Ваҳдат) ба ҷаҳон омадааст. Соли 1962 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, соли 1970 шуъбаи рӯзноманигории Мактаби олии ҳизбии Маскавро ба итмом расонда, солҳои тӯлонӣ корманди матбуот, аз ҷумла, ходими адабӣ, котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», хабарнигори махсуси […]Идома...
9 июни 2021, соати 10, дар толори хурди Иттифоқи нависандагон маҷлиси навбатии садорати Иттифоқи нависандагон барпо мегардад. Аъзои садорат дар мавзӯи «Замони муосир ва бозтоби он дар адабиёти даврони Истиқлол» маърӯзаи узви садорат, адабиётшиноси шинохта, доктори илм, профессор устод Абдунабӣ Сатторзодаро шунида, перомуни он муҳокимаронӣ мекунанд. Ҷаласаи мазкур амалан ҳисоботи фаъолияти эҷодии адибони Тоҷикистон дар […]Идома...
Шоири маҳбуби мардуми тоҷик, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Гулназар Келдӣ дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ баён намуданд.Идома...
Устод Айнӣ яке аз ситораҳои дурахшони назми ўзбек Ҳамид Олимҷонро, ки бо шеърҳои дилкаши худ ба бўстони адабиёти ўзбек ҳусну таровати дигар бахшидааст, бо меҳри падарӣ ва устодӣ дўст медошт. Дар навбати худ дар қалби Ҳамид Олимҷони ҷавон нисбат ба инсони табаррук устод Садриддин Айнӣ меҳру муҳаббати беандоза ҷўш мезад. Адабиётшиноси маъруф ва шоир Ҷўра Аҳмадҷонов дар хотираҳои худ дар бораи Ҳамид Олимҷон […]Идома...
Ин хона зи хишти куҳна андохтаам, Дар вай ҷашне зи рафтагон сохтаам, То аҳли замони мо бидонанд, ки ман Як умри ҷавонӣ ба чи раҳ бохтаам. Дар оғози қарни бистум устод Садриддин Айнӣ бо ҳамроҳону ҳаммаслаконаш аз хиштҳои куҳани саргузашту сарнавишт, таъриху фарҳанг, илму адаб, расму оин, ахлоқу маънавиёти бузурги бостониамон бинои ҳастии давлату миллатамонро […]Идома...
31-уми майи соли 2018 дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷлиси Садорат доир гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим онро оғоз бахшид. Дар ҷаласа масъалаи меҳварӣ «Устод Айнӣ ва Истиқлолияти миллии тоҷикон» буд. Дар ҷаласа қарори Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул гардид. 1.Маърӯзаҳои узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон […]Идома...
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, субҳи имрӯз шоири маъруфи тоҷик, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Бозор Собир дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон аз олам даргузашт. Аҳли илму адаби тоҷик аз хидматҳои бузурги устод Бозор Собир дар рушду нумӯи адабиёти тоҷик ёдоварӣ карда, даргузашти ин шоири ватансароро барои халқи тоҷик, […]Идома...
Чуноне ки қаблан хабар дода будем, аз 3 то 6-уми октябри соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд Машварати омӯзишии адибони ҷавони мамлакат бо ташаббуси ИНТ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид, ки барои иштирок дар он ҷавонони эҷодкор аз манотиқи кишвар, аз ҷумла Душанбе, вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва шаҳру навоҳии тобеи […]Идома...