Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни пурарзиши бостониамон – Меҳргон самимона шодбош мегӯям. Ҷашни Меҳргон бар асоси қонунҳои табиат ва фаслҳои сол ташаккул ёфтааст, вобаста ба соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла зироаткорӣ ба вуҷуд омадааст ва дар фасли тирамоҳи заррин ва мавсими ҷамъоварии ҳосил таҷлил карда мешавад. Яъне ниёгони мо ҳанӯз ҳазорсолаҳо қабл Меҳргонро […]Идома...
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо ва ҳамзабонони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки ганҷинаи бебаҳои таъриху тамаддун, яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории миллӣ ва бақову пойдории миллату давлат мебошад, самимона табрик мегӯям. Забони ширину гӯшнавози тоҷикии форсӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик ҳамчун унсури асосии муттаҳидсоз ва ойинаи фарҳангу тамаддуни бостонии мо хизмат кардааст […]Идома...
Ҳамватанони азиз! Ҳозирини гиромӣ! Имрӯз мо – мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ҷашни муқаддасу сарнавиштсоз – 35-солагии истиқлоли давлатии худро дар фазои сулҳу оромии сартосарӣ, суботи комили сиёсӣ, ваҳдати пойдори миллӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвари маҳбубамон таҷлил мекунем. Бо ифтихору сарфарозӣ кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиамонро ба муносибати ин санаи бузурги […]Идома...
Меҳмонони арҷманди Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»! Муҳтарам аҳли зиёи мамлакат ва ҳозирини гиромӣ! Сию панҷ сол пеш мардуми куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди муқаддаси таърихӣ – истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд. Дар ин муддати начандон тӯлонӣ дар кишвари мо, дар радифи дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимову фарҳангӣ, ба хотири ҳифзи арзишҳои милливу таърихӣ, […]Идома...
Ҳамватанони азиз! Муҳтарам кормандони соҳаи маориф! Хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони гиромӣ! Имрӯзҳо мо дар остонаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон қарор дорем. Аз ин рӯ, ҳамаи шуморо ба ифтихори ин ҷашни бузурги таърихӣ, инчунин, оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш самимона табрик мегӯям. Ҳамчунин, кӯдаконеро, ки имсол бо шодиву […]Идома...
Муҳтарам бунёдгарони неругоҳи барқи обии «Роғун»! Роҳбарону фаъолони шаҳри Роғун! Мулоқоти имрӯзаи мо бо шумо дар арафаи ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, ки баъди чанд рӯз мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла бунёдгарони иншооти тақдирсози миллат – неругоҳи барқи обии «Роғун» таҷлил менамоянд, баргузор мегардад. Ҳамаи шуморо ба ифтихори ин санаи мубораки […]Идома...
Ҳамватанони азиз! Имрӯз барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми сулҳпарвари ҷаҳон рӯзи таърихӣ ва хотирмон мебошад. Дирӯз ташаббуси нави Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Ба муносибати ин рӯйдоди таърихӣ мардуми сулҳпарвари кишварро самимона табрик мегӯям. Ҳамчунин, […]Идома...
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шуморо ба муносибати иди Қурбон самимона табрик мегӯям. Ба ҳар яки шумо саломативу хушҳолӣ ва дар хонадонатон осоишу оромӣ орзу менамоям. Иди Қурбон яке аз муҳимтарин ойинҳои дини мубини ислом мебошад ва фазилатҳои зиёде дорад. Тақвияти дӯстиву муҳаббати байниҳамдигарӣ, тарғиби арзишҳои ахлоқӣ, анҷом додани амалҳои хайр, поси эҳтироми падару модарон ва калонсолон, […]Идома...
Ҳамватанони азиз! Ҳаштоду як сол муқаддам дар қатори миллионҳо нафар намояндагони дигар давлату миллатҳо бо қаҳрамониву шуҷоат ва ҷоннисориву матонати фарзандони Тоҷикистон низ ҷаҳон аз вабои фашизм озод гардид ва ин сана ҳар сол ҳамчун Рӯзи Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони ақибгоҳ ва мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям. Рӯзи […]Идома...
Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо – хурду бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯзро ба муносибати фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик мегӯям. Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои башар, оғози соли нав, айёми аз сардӣ ба гармӣ баромадан, эҳёи дигарбораи табиат ва тамоми мавҷудоту набототи он мебошад. Мардумони […]Идома...



