Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ РАҲМОН:

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ РАҲМОН:

Вазорати фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон ва дигар иттифоқҳои эҷодӣ доир ба ташкили вохӯриҳо, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, инъикоси фаъолияти коргарону мутахассисони Неругоҳи «Роғун» ва эҷоди асарҳои адабӣ дар бораи қаҳрамонони заҳмати созандаву ватандӯстона, яъне бунёдкорони иншооти бузурги аср мунтазам чораҷӯӣ намоянд ва дар ин самт ташаббускору фаъол бошанд.

Бо итминони комил изҳор менамоям, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар самти расидан ба истиқлоли энергетикии кишварамон саҳми бузург мегузорад ва бунёдгарони ин кохи бошукӯҳи нур дар майдони заҳмати созанда, саҳнаи нангу номуси миллӣ шуҷоату матонат ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ нишон дода, рӯзи таърихии ба итмом расонидани сохтмони онро барои мардуми тоҷик наздик месозанд.

Барои расидан ба ҳадафҳои минбаъда ҳар яки мо бояд масъулияти бештар дошта бошем ва бо истифода аз тамоми имкониятҳо корро дар ин сохтмони муҳимми аср ҳарчи бештар суръат бахшем. Бовар дорам, ки заҳмати ватандӯстона ва содиқонаи ҳар яки шумо дар таърихи навини Тоҷикистон сабт мегардад ва мардуми шарифи тоҷик натиҷаи фаъолияти содиқонаи шуморо ҳамеша қадрдонӣ мекунанд.

Бо истифода аз фурсат, аз номи худ ва Ҳукумати мамлакат ба ҳамаи бунёдгарони ин иншооти тақдирсоз, ки дар ин сохтмони бузурги аср софдилона заҳмат мекашанд, изҳори сипосу миннатдорӣ мекунам ва дар фаъолияти минбаъдаашон барору комёбиҳо орзу менамоям.

Дигар хабарҳо