«Мо «Роғун» -ро сохтем. Афсонаро ҳақиқат кардем»

 «Мо «Роғун» -ро сохтем. Афсонаро ҳақиқат кардем»

 Шеъри тозаэҷоди Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ҳошияи сафари Пешвои миллат ба ин Кохи нур

Миллати пирӯзи тоҷик имрӯзҳо баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани  ҷашни 31-солагии  Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон омодагӣ мегирад. Номгӯи  пирӯзиву дастоварҳои даврони истиқлолият ҳисоб надоранд. Ва, бидуни шубҳа, дар ин шумор бунёди Неругоҳи  барқии обии  «Роғун», ки яке аз бузургтарин сохтмонҳи азими ҷаҳон маҳсуб ёфтаву беназир аст, мақоми хоссаро ишғол мекунад. Зеро бунёди «Роғун» танҳо бунёди як неругоҳ нест, балки барои миллати тоҷик дар ин марҳилаи сарнавиштсози таърихияш бунёди “Роғун”  бунёди худи миллат ва худи халқ, худи кишвари куҳанбунёди мо гардид. Зеро, аввалан, “Роғун”   бузургтарину гаронтарин имтиҳони миллати мо дар пеши таърих ва ҷаҳон буд. Сипас, бунёди “Роғун” бунёду эҳёи худи мо гардид.Чунин иброз намудааст Шоири халқии Тоҷикистон Камол НАСРУЛЛО.

Дар идома шоир андешаҳояшонро чунин баён медорад:

— «Роғун»  дар гаронтарин рӯзгор, бар муқобили он ҳама садду монеаҳое шадид, бар алайҳи ҳамаи онҳое, ки зидди бунёди он буданду мегуфтанд ин кори номумкин аст ва ҳама корро карданд, ки он сохта нашавад, бунёд шуд. Эътимоду бовару ҷасорати Пешвои миллатамон раҳнамо ва илҳомбахши халқамон шуд ва мо «Роғун»-ро сохтем. Афсонаро ҳақиқат кардем. Хиради азалӣ, матонату иродати қавӣ ва муҳаббати баланди  ватандӯстонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва халқи шарифамон оқибат ба ин пирӯзӣ моро расонд. Оре, имрӯз:

Роғун башорат аст,
Роғун адолат аст,
Роғун ҳақиқат аст…!!!

Бунёди «Роғун» беш аз бунёди як неругоҳи азим аст. Зеро пирӯзии Роғун пирӯзии Истиқлолияти давлатии мо, пирӯзии Роғун пирӯзии Ваҳдати миллӣ, пирӯзии дӯстиву ҷавонмардиву ягонагии миллати мо гардид. Бунёди  «Роғун» дурахшонтарин падидаи таърихии халқи тоҷик аст, рамзест, ки дар он ҳама рамзҳои баланди инсониву фарҳангиву таърихии миллатамон ҷаъмулҷаъм зуҳури муҷалло ёфтаанд.

Оре, мо Роғунро «дар рӯи тахтапушти худ, чу кохи орзуи ҳафсадуҳафтод пушти худ», «ба рӯи шонаҳои худ, чу тахти шаъну шони худ» сохтаем. Ин аст, ки нури Роғун нури оддӣ нест, ин нури бахти тоҷикон аст, нурест, ки аз умқи ҳазоронсолаи миллати мо сарчашма мегирад.  Яъне, нури хирад, нури шарафу саодати миллати мост!

Дар радифи бунёди Роғун, бунёди ҳастии милати мо, умеду ормонҳо ва ҳадафҳои волои таърихии он идома дорад. Беҳуда нест, ки имрӯз мавзӯи Роғун мавзӯи ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва ваҳдату ягонагии мо, мавзӯи шеъру суруд ва сурури сарфарозии аҳли қаламу аҳли ҳунару аҳли илм гардидааст.

Инак, шеъри тозаэҷодгардиаи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол Насрулло пешкаши хонандагони арҷманд мегардад.

ТАНДЕСИ БАХТИ ТОҶИКОН

Роғун, туро мо сохтем!!!
Роғун, ту моро сохтӣ!!!
Бо худ чароғи бахтро афрӯхтӣ, афрохтӣ!

Дасти муҳаббат гар набуд дар пайкари сангини кӯҳ,
Тандеси Меҳан ҷилвагар чун гашт ин сон бо шукӯҳ!?

Дасти садоқат гар набуд, дар қаъри сангини замин,
Оё тавон бунёд кард ин нақбҳои озарин!?

Бунёди ту афсона шуд дар пайкари сарди Замин,
Бар халқи некоини мо  таърих хонад офарин.

Бингар,  ҳақиқатро чи сон з-афсонаҳо бунёд кард,
Банди ҳазоронсоларо бигсаст, то озод кард.

Ҷон дар хатар  мардонавор ӯ пеши дарёро бубаст,
Садҳо тилисми роҳро бо дасти худ танҳо шикаст.

Пирӯзии Рустам кунун бо аждаҳо афсона нест,
Симурғи бахти мо дигар дар осмон белона нест.

Болу параш эҳсони мост, файзу фараш аз ҷони мост,
Ишқи Ватан, ишқи Ватан  бахти балогардони мост!

Роғун, ту моро сохтӣ, Роғун туро мо сохтем!
Дар корзорони Ватан ҷону дилу сар бохтем!

Соруҷи бунёдат, Ватан, аз ашку хуни мо бувад,
Неруи беҳамтои ту  меҳри фузуни мо бувад!

Роғун туӣ, Роғун манам  рӯи кафи нанги замин!
Бунёди асли хеш кард ин миллати нурофарин!

Роғун — сафо, Роғун — вафо, Роғун- бақои мо бувад,
Армони чандинасра, уммеди ниёи мо бувад!

Анвори фазли халқи мо, эй дӯстон, Роғун бувад,
Афсонаҳои асрҳо дар пеши ӯ афсун бувад!

Тандеси пирӯзии мо афрохт қомат дар ҷаҳон!
Бодо муборак бар ҳама тадеси бахти тоҷикон!

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Дигар хабарҳо