• 30.04.2024
 Мунаққиде бо кӯлвори маърифату таҷриба

Мунаққиде бо кӯлвори маърифату таҷриба

6 июли соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили рӯнамои китоби тозанашри мунаққид ва адабиётшиноси маъруф Абдураҳмони Абдуманнон – «Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик» баргузор гардид.

Раиси ИНТ Низом Қосим дар оғоз роҷеъ ба ҷойгоҳи хоссаи Абдураҳмони Абдуманнон дар нақду адабиёшиносии тоҷик, ки инак ба синни мубораки 75 қадам ниҳод ва хусусиятҳои китоби мавриди назар муфасал суханронӣ кард. Аз ҷумла баён дошт, ки китоби тозанашри муаллифи соҳибҷашн, ки нақдҳои

пурбору мӯшикофона, ёддошту портретҳои адабӣ ва мусоҳибаҳои ҷолибро дар бар гирифтааст, хеле хонданиву арзишманд буда, дар нақду адабиётшиносии имрӯзи мо дастоварди муҳим аст.

Дар бораи вежагиҳои асосии тарзу шеваи кори ноқидӣ ва таҷрибаи ғании муаллиф, бо такя ба матлабҳои китоби тозанашр, академик Носирҷон Салимӣ гузориши пурмуҳтавою батафсил ироа намуд. Ӯ дар охири суханронияш изҳор дошт, ки чунин китобҳои воқеан арзишманду муҳим бояд бо теъдоди бештар интишор ёфта, ба доираи васеъи хонандагон дастрас гарданд.

Ҳамчунин дар атрофи фаъолияти пурбори ноқидиву адабиётшиносии мавсуф ва арзиши китоби зери назар Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор, профессор Абдунабӣ Сатторзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, донишмандон Кароматулло Олимзода, Аламхон Кӯчарзода, шоирони халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб ва дигарон андешаҳояшонро баён намуданд.

Китоби «Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик»-и Абдураҳмони Абдуманнон, ки аз тарафи нашриёти «Адиб» ба табъ расид, аз панҷ боб – «Ёде аз бузургон», «Хотироте аз устодон», «Чеҳраҳои ошно», «Андешарезаҳо» ва «Мусоҳибаҳо» иборат мебошад. Дар бахши аввал мақолаҳо дар бораи қаҳрамонони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва донишманди машҳур, академик Муҳаммад Осимӣ фароҳам омадаанд. Бахши дувум ёддоштҳои муаллифро аз дидору суҳбатҳо бо шахсиятҳои маъруфи адабӣ, аз ҷумла Носирҷон Маъсумӣ, Раҳим Ҳошим, Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, Абдуқодир Маниёзов ва дигарон дар бар гирифтааст. Дар бобҳои дигар нақдҳо ҳамроҳ бо портретҳои адабӣ манзур шудаанд, ки ҷолибу хонданиянд.

Дар бахши охир мусоҳибаҳои рӯзноманигорон бо мунаққид пешкаш шудаанд, ки дар ҳар яке мулоҳизарониҳо ва масъалагузориҳои муҳимму муфидеро метавон дид.

Китоби мазкур, бе шубҳа, ба алоқамандони фарҳангу адабиёт маърифат ва лаззати зиёди маънавӣ мебахшад.

Т. ХАЛИЛӢ

 

 

 

Дигар хабарҳо