• 30.04.2024
 Қуллаҳои баланди шеър

Қуллаҳои баланди шеър

Қуллаҳои ба номи Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноат

Бо мақсади арҷгузорӣ ба хидматҳои барҷастаи ҷамъиятиву адабӣ ва бузургдошти хотираи тобноки Шоирони халқии Тоҷикистон, дорандагони Ҷоизаи давлатии СССР ва Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, устодони назми муосири тоҷик Мирсаид Миршакар ва Муъмин Қаноат ду қуллаи баланди қаторкӯҳҳои Боми Ҷаҳон ба номи онҳо гузошта шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар доданд.
«Ин иқдом бо дарназардошти тавсияи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров амалӣ карда шуд», — илова кард манбаъ.
Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли равон дар Тоҷикистон 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон устод Мирсаид Миршакар ва 90-солагии Шоири халқии Тоҷикистон устод Муъмин Қаноат таҷлил гардиданд.

Дигар хабарҳо