Муҳтарам Амиршоҳи Хатлонӣ! Шумо аз ибтидои фаъолияти ҷамъиятиву эҷодии хеш хидмати содиқонаро ба Ватан қарзу фарзи инсонӣ дониста, солҳои тӯлонӣ барои пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти вилояти Хатлон заҳмат кашидед ва дар байни халқ соҳиби номи неку эътибори хос гардидед. Баъди касби маълумоти олӣ, охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта ҳамчун омӯзгор дар зодгоҳатон — ноҳияи Данғара […]
Муҳтарам Бахтиёри Ҷумъа! Шумо қабл аз он, ки хома ба даст гирифтаву пайи эҷод шавед, аввал аз мактаби нависанда ва тарҷумони маъруф, равоншод Ҳасан Ирфон дарси маҳорат омӯхтаед. Ҳангоми кор бо ин устоди забардасти сухан тасаввуроти Шумо нисбат ба адабиёт, аз ҷумла кори тарҷума вусъат ёфта, дар ҷараёни тарҷумаи романи Собит Муқонов «Мактаби ҳаёт» ва […]Идома...
Муҳтарам Равшан Замир! Шумо ҳарчанд хатмкардаи риштаи табиатшиносии Донишкадаи омӯзгории Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ҳастед, вале тамоми умри худро ба адабиёт ва пешаи рӯзноманигорӣ пайвастаед. Зеро аз оғози кӯдакӣ меҳри гарми суханро дар дил парвариш медодед ва ин меҳр батадриҷ афзунтар шуду Шуморо ба кӯи сухан овард. Дар ибтидои фаъолияти рӯзноманигорӣ хабарнигори рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло […]Идома...
Муҳтарам Ҳақназар Ғоиб! Шумо дар радифи шоирони ҷавони кӯшову тозанафасе, ки охири солҳои шастуми асри гузашта вориди адабиёт шуданд, бо нахустин қаламиҳои пурҳарорат аз худ дарак додед ва таваҷҷуҳи гавҳаршиносро ба сӯи хеш ҷалб кардед. Устодон Мирзо Турсунзода, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муъмин Қаноат ва Убайд Раҷаб бо хондани аввалин шеърҳои Шумо истеъдодатонро шинохтанд ва дарёфтанд, ки […]Идома...
Муҳтарам Амонбой Ҷуманов! Шумо – адиб ва тарҷумони шинохтаро бо фарорасии 80-умин солгарди зодрӯзатон самимона муборакбод менамоем. Боиси фараҳмандист, ки Шумо умри босамари хешро сарфи тарҷума кардед ва дар ин ҷода ба комёбиҳои назаррас ноил гардидед. Осори аксари нависандагони тоҷик тавассути қалами Шумо ба забони ӯзбекӣ тарҷума, нашр ва мақбули ҳазорҳо хонандагон гардидаанд. Шумо дар […]Идома...
Муҳтарам Ҷӯра Ҳошимӣ! Шеъри нахустини Шумо барои бачаҳо 48 сол қабл чоп шуда буд. Ба зудӣ бо «Соябони ранга» ба гулбоғи адабиёти бачагонаи мо дохил шуда, таваҷҷуҳу эътибори хонандагони асили шеъри кӯдаконаро ҷониби хеш ҷалб кардед ва то имрӯз «Хати амонӣ» дар даст, зери нурҳои ҳаловатбахши «Офтобак» бо «Баччаҳо дар кӯчаҳо» қадам мезанед, ба онҳо […]Идома...
Адиби арҷманд, устод Гулрухсор Сафӣ! Шумо дар навҷавонӣ ҳамчун узви фаъоли маҳфили адабии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) ному шуҳрат ёфтед ва намунаҳои ашъоратон дар нашрияҳо муттасил ба табъ мерасиданд. Аз соли 1970 то 1981 ба сифати муҳаррир дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» фаъолияти пурбору назаррас доштед ва дар пурмуҳтавотару хонданитар шудани […]Идома...
ШАҲРИЯИ ГИРОМӢ! Шумо дар радифи он бонувони қаламкашед, ки охири солҳои ҳафтод ва оғози солҳои ҳаштодум ба арсаи адабиёти тоҷик ворид шуданд ва бешак, ҷойгоҳи хоси худро пайдо кардед. Аз аввалин шеърҳоятон, ки ҳамон солҳо дар матбуоти даврӣ интишор меёфтанд, нафаси тозаи шоирӣ ва нафосати занонаи шеъратон бармало буд. Таҳсил дар факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии […]Идома...
МУҲТАРАМ АБДУЛҲАМИД САМАД! Шумо баъди фарогирии маълумоти миёнаи умумӣ дар мактаби миёнаи № 6-и деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ, ки ҳоло номи шоир Ғоиб Сафарзодаро дорад, ба факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе дохил гардида, онро соли 1969 бо муваффақият хатм намудед. Ҳамзамон дар баро- бари донишҷӯӣ ба ҳайси ходими адабӣ дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» фаъолияти […]Идома...
Меҳру муҳаббат нисбат ба адабиёт Шуморо баъди хатми мактаби миёнаи деҳаи Обқарчиғайи ноҳияи Истаравшан ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров овард. Фаъолияти меҳнатии Шумо аз шуъбаи фарҳанги ҳукумати ноҳияи Зафаробод оғоз ёфт. Сипас ба кори рӯзноманигорӣ гузашта, ибтидо ба ҳайси мухбири рӯзномаи «Зарбдор»-и ноҳия, солҳои 1982-1993 мухбири рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», […]Идома...