Муҳтарам Собир Султон! Шумо, ки яке аз куҳансолтарин ва собиқадортарин аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳастед, як умр бо дасту дили покиза қаламфарсоӣ карда, соҳиби обрӯву эътибори хоса гаштаед. Номи Шумо ба хонандагони тоҷик аз солҳои панҷоҳуми қарни гузашта ошност. Аввалин шеърҳоятон дар саҳифаҳои матбуот нашр шуда, баъдан дар маҷмуаҳои «Субҳи умед» (1973), «Чӯпонбача» (1978), «Таронаи […]
Муҳтарам Ҳалима Хушқадамова ! Шумо баъди бо дипломи сурх хатм кардани шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолияти худро дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳозира «Ҷавонони Тоҷикистон») ҳусни оғоз бахшидед. Тули ҳафт сол дар идораи рӯзнома сарварии шуъбаҳои гуногунро ба уҳда доштед. Соли 1988 вазифаи муҳарририи рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон» ва «Пионер Таджикистана» (ҳозира «Анбоз») […]Идома...
Муҳтарам Аҳлиддин Ҳисорӣ Шумо аз чеҳраҳои адабие ҳастед, ки ҳам бо осори шоиста ва ҳам бо фаъолияти хидматии хеш байни аҳли илму адаб ва хонандагон шинохта шудаед ва ҳамеша фурӯтанона ба хидмати адабиёт ва адибон камар бастаед. Нашриёти давлатии «Ирфон», ки коргоҳи аввалинатон буд, роҳи Шуморо сӯи дунёи китобу адаб ҳамвор кард ва меҳратонро ба […]Идома...
Муҳтарам Шаҳобиддин Ҳақназар! Шумо баъди ба итмом расонидани мактаби миёнаи №3-и зодгоҳ (1973), адои хизмати аскарӣ дар сафи Артиши Шуравӣ (1973-1975) ва факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ, 1982) ба сифати муҳаррири хурд, муҳаррир, ҷонишини сармуҳаррир ва сармуҳаррири идораи гуфторҳои мусиқии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ фаъолият намудед. Шунавандаҳои […]Идома...
Муҳтарам Абдулҳайи Қаландар! Шумо умри пурбаракати худро дар ду роҳ – эҷоди шеър ва таълими донишҷӯён сарф карда, соҳиби обрӯву эътибор гардидаед. Аз кӯдакӣ табъи Шумо дар мактаби зиндаву табиии ҳаёт — ҳалқаи хонавода ва пирони ҳикматшиноси зодгоҳатон – ноҳияи Ховалинг бо сухани баланду ширадор тарбият ёфт ва маҳз ҳамин муҳити созанда меҳратонро ба шеъру […]Идома...
Муҳтарам Муҳаммад Ғоиб! Шумо аз қадамҳои аввал дар ҷодаи адабиёт худро чун қаламкаши баистеъдоду ҳунарманд муаррифӣ кардед ва бо эҷодиёти гуногунпаҳлуи худ дар муддати кўтоҳ дар олами адаб ҷойгоҳи вижа пайдо намудед. Дар оғози солҳои 80-уми қарни гузашта нахустин навиштаҳоятон таваҷҷуҳи устодони варзидаи суханро ҷалб намуда, чароғи умеду бовар ба фардои равшани Шуморо дар дилашон […]Идома...
Муҳтарам Давлатхоҷа Назиров! Шумо баъди хатми мактаби миёнаи ба номи Калинини ноҳияи Фархор (1956) ва факултаи биологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1961) ба ҳайси омўзгори мактаби миёнаи №1-и ҳамин ноҳия фаъолияти меҳнатии хешро оғоз бахшида, баъдан ба сифати котиби якуми Кумитаи комсомоли ноҳия (1962-1963) ва корманди Кумитаи бехатарии давлатии Тоҷикистон онро […]Идома...
Муҳтарам Муҳсин Аминзода! Шумо чун вориси содиқу собитқадами падари маъруфи худ – Муҳиддин Аминзода по ба арсаи шеър ниҳода, солҳои дароз чароғи ин сулолаи машҳури адабиро фурӯзон нигоҳ доштед. Муҳити адабии хонавода барои парвариши завқу табъи Шумо ва ташаккули маҳорати суханвариятон бисёр мусоидат кард ва сарнавиштатонро барои ҳамеша бо шеъру сухан пайваст. Ҳанӯз овони донишҷӯӣ, […]Идома...
Муҳтарам Маҳбуба Неъматзода! Шумо дар силки бонувони сухангӯйи машҳуру маҳбуби адабиёти бачаҳо зиёда аз чил сол аст, ки заҳмат мекашед. Шавқи эҷод ва муҳаббат ба адабиёти хурдсолон ҳанӯз соли 1971, баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шуморо ба даргоҳи идораи рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» оварда буд ва аз он замон то имрӯз Маҳбуба маҳбуби дилу […]Идома...
Муҳтарам Назруллоҳи Назар! Шумо беш аз ним аср аст, ки дар як риштаи хоса ва пурмасъулияти адабиёт заҳмат мекашед, робитаҳои адабии тоҷикон ва ҷаҳони арабро, ки анъанаҳои хеле дерин ва ғанӣ дорад, эҳё менамоед ва такмил медиҳед. Шавқу завқ ва кўшиши омўхтани забони арабӣ Шуморо аз овони наврасӣ машғул дошта, боис шуд, ки бо ташвиқи […]Идома...