Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии адабиётшиноси маъруф равоншод Худойназар Асозода конфронси илмиву адабӣ баргузор гардид, ки дар он аҳли илму адаб, намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва устодону донишҷўёни факултаи филологияи донишгоҳ иштирок доштанд. Декани факултаи филология Сироҷиддини Эмомалӣ бо суханронӣ роҷеъ ба фаъолияти густардаи илмиву адабии Худойназар Асозода ба кори конфронс оғоз бахшид. […]Идома...
Пас аз ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ дар адабиёт ҳақиқатнигорӣ ва асолати сухан ба маротиб рушд меёбад ва мавзўъҳое вобаста ба худшиносиву худогоҳии миллӣ дар меҳвари адабиёт қарор гирифта, як адабиёти комилан миллӣ, ки ниёзи ҷомеаи гузаштаву имрўзи мост, арзи ҳастӣ мекунад. Нақди адабӣ ва адабиётшиносии тоҷик низ дар замони ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ […]Идома...
Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст, Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст. Мавлоно БАЛХӢ Тоҷикон бо фарҳанги дунёмадор ва ҳаётсозашон қалби халқи ҷаҳонро ҳақбаҷонибона дар тўли таърих тасхир намудаанд. Ҷавҳари ин фарҳанги оламшумул аз гуфтумони боадолат ва дархўри манфиатҳои ҳама қавму миллатҳое, ки ҳақдор ва соҳибони номбардори он ҳастанд, иборат мебошад. Дар замони муосир бо каме тағйир […]Идома...
Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо Амри Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сеюм роҳандозӣ мешавад, баргузор гардид. Дар маросими ҷоизасупории он муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди […]Идома...
Дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол — 2021» баргузор шуд. Дар оғози маросим муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода иброз дошт, ки бо иқдомот ва дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фазои маънавии Тоҷикистони соҳибистиқлол барои рушди китобу […]Идома...
6-уми сентябри соли равон дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурўҳ адибони тоҷик бо мукофоту ҷоиза ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд. Дар оғози ҷаласае, ки ба ин муносибат дар толори ИНТ баргузор гардид, бо фармони Пешвои миллат мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло […]Идома...
Аз 9 то 12 август дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз гардид, ки он то 12 августи соли равон […]Идома...
МУҲТАРАМ НУР ТАБАР! Шумо дар деҳаи Ғешии ноҳияи Кофарниҳон (алъон Ваҳдат) ба дунё омада, соли 1962 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, соли 1970 Мактаби олии ҳизбии шаҳри Маскавро бомуваффақият хатм намуда, солҳои тўлонӣ корманди матбуот, аз ҷумла ҷонишини сармуҳаррири рўзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», хабарнигори махсуси рўзномаи «Комсомольская правда», сармуҳаррири рўзномаҳои «Комсомолец […]Идома...
Аз тариқи нашриёти «Истеъдод»-и шаҳри Душанбе армуғони пурарзише пешкаши хонандагони тоҷик шуд. Романҳои Луиҷи Пиранделло – «Шодравон Маттиа Паскал», Френсис Скотт Фитсҷералд – «Гэтсбии муаззам» ва Ҳерман Ҳессе – «Гурги даштӣ» дар як муҷаллад ба забони тоҷикӣ интишор ёфтанд. Тарҷумаи ин романҳои бузургу оламгир, ки муаллифонашонро дар саросари офоқ номвар гардонидаанд, ҳосили захматҳои тўлонӣ ва […]Идома...
15-уми июни соли равон хабари андўҳборе аҳли адаби кишварамонро такон дод. Дар ин рўз шоири шаҳиру шинохта Салимшо Ҳалимшо бар асари бемории тўлонӣ дар синни 85-солагӣ олами фониро падруд гуфт. Салимшо Ҳалимшо аз шумори шоироне буд, ки нимаи дувуми асри бист по ба арсаи адабиёт ниҳоданд ва бо навиштаҳои хубу умедбахшашон аз ояндаи равшани шеър […]Идома...