Вожаи «зан» дар фарҳангҳо ба маънои «зиндагӣ» ва «зояндагӣ» аст ва ҷинси муқобили мард шинохта мешавад. Дар осори гузаштагони мо, дар ривояту асотири халқҳои эронинажод низ мақоми зан аз оғози ташаккули он мушоҳида мешавад. Дар адабиёти беш аз ҳазорсолаи тоҷику форс низ тасвири образи зан ҷойгоҳи вижа дорад. Мутафаккирони тоҷик бо ҷаҳонбинӣ ва муносиботи гуногун […]Идома...
Дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров маҳфили илмиву адабии “Шоири фарзонаи дил” баргузор гардид. Дар он адибону олимон, устодон ва меҳмонон аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Маҳфилро адабиётшинос Саидумрон Саидов оғоз намуда, дар бораи хидматҳои шоёни Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона дар адабиёти тоҷик изҳори андеша кард. Сипас ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд […]Идома...
Фарзона чун насими гуҳаррез аз нимаи солҳои даҳаи 80-и садаи гузашта ба шеъри форсӣ ворид шуд, то чароғи афрӯхтаи Рӯдакии Самарқандӣ, Сайфи Фарғонӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Камолиддини Хуҷандӣ ва дигаронро фурӯзон нигоҳ дорад, балки онро барои оянда мунтақил кунад. Сухан гуфтан аз Фарзона ва шеъри ӯ ба навъе сухан гуфтан аз покизагист, сухан гуфтан аз […]Идома...
Ба муносибати 90-солагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Таъсиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон чун ташкилоти эҷодии ҷамъиятӣ замони басо ҳассосу пурихтилоф – муборизаҳои шадиди оштинопазири ошкору ниҳони мафкуравӣ, алайҳи сохти феодалӣ бо зӯри туфангу шамшер реша давондан, густариш ёфтани сохти нави болшевикӣ-сотсиалистӣ ва дар ин гирудор аз ҷониби душманон инкори миллату забону адабиёт ва фарҳанги бостонии тоҷик, каҷравӣ, […]Идома...
Ба муносибати 90—солагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Саҳми бузурги устод Садриддин Айнӣ, устодон Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва дигарон дар таъсиси ИНТ ва бунёди адабиёти навини мо фаромӯшнашуданист. Аммо ҳар нафаре, ки ошноӣ бо ин созмон ва муҳити он дошт, агар хотираеро аз ҳавову вазъи ин муҳит рӯи варақ оварад, гумон дорам, дар равшан кардани […]Идома...
(Аз дафтари адиб) 29-уми марти соли 1991 дар толори Шурои Олии Тоҷикистон, ки маъмулан анҷуманҳои Иттифоқи нависандагон дар он ҷо баргузор мешуд, анҷумани ХII доир шуд, ки дар ҳавои бозсозиву демократисозии ҷомеа мегузашт. Зеро дар таърихи Иттифоқи нависандагон аввалин бор буд, ки ба мансаби раиси он ба тарзи алтернативӣ ва озод шаш нафар пешниҳод шуд […]Идома...
То аввалин вохӯрӣ чизе дар бораи Лоиқ намедонистам. Як бегоҳ дар телевизори сиёҳу сафеди аммаи шаҳриам, ки бо падарам дар таътил ба аёдаташ омада будем, маҳфили шеъри Ҳабибулло Файзуллоро дидам, ки бароям хеле аҷиб буд. Дар маҳфил дигар шоирони ҷавон низ шеър хонданд, ки номашон дар ёд намондааст. Аммо шоире, ки баъдан фаҳмидам, ки пешоҳанги […]Идома...
Ба муносибати 90-солагии Иттифқи нависандагони Тоҷикистон …Ба мо баъд аз муддати бисёр билохира муяссар шуд, ки дар ин анҷумани нависандагони худ одамони бори адабӣ доштагиро ҷамъ кунем. Дар ҳамин наздикӣ нависандагони ҷавони мо ҳамчун мурғ маҷбур буданд, ки аз як боғ ба боғи дигар, аз як ҷо ба ҷойи дигар парида раванд, зеро онҳо ба […]Идома...
Суханронии устод Садриддин Айнӣ дар Анҷумани якуми нависандагони шуравӣ ш.Москва, августи соли 1934 Рафиқон! Ба анҷумани шуроии нависандагон аз мӯйсафеди ҷавонгардида саломи гарму самимӣ! Оре, дӯстон, ман он мӯйсафеде ҳастам, ки имрӯзҳо ҷавон гаштааст! Наздик ба 40 сол аст, ки ба кори адабӣ машғул мебошам. Даврони феодалии Бухоро ва замони ҷадидҳоро шоҳид ҳастам ва дар […]Идома...
Аз 15 то 19-уми октябр дар шаҳри Душанбе Дувумин синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” таҳти шиори “Қадршиносии ҳунари асил” баргузор гардид, ки синамогарон аз Эрон, Беларус, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Русияро ба ҳам овард. Дастандаркорони ин озмун ҳадаф аз баргузории онро тарғиби дастовардҳои синамои миллӣ, тақвияти ҳамкории синамогарони Тоҷикистон ва пуштибонии ҷавонони боистеъдод унвон карданд. Бояд […]Идома...



