Сӯгворӣ. Даргузашти Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот
14 сентябри соли 2026 Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ устод Доро Наҷот дар синни 80-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Доро Наҷот 4 майи соли 1946 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Баъди ба итмом расонидани мактаби миёнаи зодгоҳаш ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод (ҳоло ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров) хидмати аскариро ба ҷой оварда, ба сифати мухбир дар рӯзномаҳои ноҳиявию вилоятӣ, рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият») , сардабири «Сомон» – ҳафтаномаи Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ таъин гардид ва баъдан то ба нафақа баромадан корманди Ройзании фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Фаъолияти эҷодии Доро Наҷот дар охирҳои солҳои шастум оғоз ёфтааст. Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Соҳиби кӯҳсор» (1979), «Шабнам» (1983), «Дарав» (1986), «Хирмани Маҳтоб» (1989), «Тулӯъе дар ғуруб» (1998), «Меоям аз шигифт» (2013), «Гулҷўшаҳо» (2016) мебошад. Ӯ баъди касби таҷриба ва омӯзиши пайваста ба шеъри сапед рӯй оварда, дар ин замина чанд китоби арзишманде офаридааст ва яке аз муваффақтарин гӯяндагони «шеъри сафед» дар Тоҷикистон эътироф шудааст.
Доро Наҷот соли 2012 барои китоби ашъори «Меоям аз шигифт» сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ шуда буд.
Як бахши дурахшони кори устод Доро Наҷот фарҳангнигорӣ буд. «Фарҳанги Доро»-ро дар ду ҷилд, (2021, шарҳи беш аз панҷ ҳазор вожа, истилоҳ, таркиб ва ибораҳои рехтаи форсии тоҷикӣ) таҳия кард, ки дар зоти худ нодиру камназир аст.
Ашъори алоҳидааш ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шуда, намунаҳои шеъраш дар нашрияҳои Эрон ба табъ расидаанд. Худ низ ба тарҷума машғул шуда, намунаи ашъори А. Блок, Ф. Тютчев, А. Ахматова, В. Соколов, М. Дудин, шоири украин Д. Павличко ва шоири ӯзбек Омон Матчонро ба тоҷикӣ гардондааст.
Аз соли 1987 узви Иттифоқи нависандагон мебошад.
Рӯҳаш шод ва манзили охираташ пурнур бод!



