Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма, Дӯстони азиз, Пеш аз ҳама, мехостам аз номи мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худам бори дигар меҳмони азизамон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич Токаевро самимона хайрамақдам гӯям. Мо сафари давлатии Шуморо ба Тоҷикистон, муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич, рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ менамоем. Зимни музокироти эътимодноки имрӯза […]