Самари эҷоду заҳмат

 Самари эҷоду заҳмат

Дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти хеш натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.

Аз ҷумла теъдоде аз адибон бо мукофотҳои баланди давлатӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ато Ҳамдам сазовори унвони Нависандаи халқии Тоҷикистон, Ҷӯра Ҳошимӣ ва Муҳтарам Ҳотам соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон шуданд.

Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2022 ба шахсони зерин супорида шуд:

Дар бахши адабиёт — ба Ато Мирхоҷа, барои романи «Саройи санг» ва ба Юнус Юсуфӣ, барои романи «Киштии Нӯҳ» (ҳарду асар аз ҷониби Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод шудаанд).

Дар бахши эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон — ба адиб Азизи Азиз, барои китоби «Як каф гандум» (аз ҷониби Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пешниҳод шудааст).

Дар бахши театр ва синамо — ба коргардони театр Давлаталӣ Убайдуллозода, барои спектакли «Пайкари миллат» (аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҶТ пешниҳод шудааст).

Дар бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ — ба Амирбек Мӯсозода, барои операи «Хусрав ва Ширин» ва консерти симфонии «Хуршеди фараҳ» (аз ҷониби Раёсати Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон пешниҳод шудааст).

Дар бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣ — ба рассом Олим Рабизода, барои силсилаи асарҳои тасвирии «Президент — кафили сулҳ», «Дарахти зиндагӣ», «Деворнигораҳои Шаҳристон» ва «Рустамнома» (аз ҷониби Раёсати Иттифоқи рассомони Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд).

Дар бахши тарҷума, пажуҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ — ба Одил Икром, барои тарҷумаҳои «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Балхӣ (шаш дафтар), «Синдбоднома»- и Заҳирии Самарқандӣ, «Ғазалиёт»-и Туғрал, «Модарнома» ва «Дилам дуо мехоҳад»-и Лоиқ Шералӣ, «Тасбеҳи ишқ»-и Фарзона, «Субҳ ба хайр»-и Озарахш, «Садои аср»-и Фурӯғи Фаррухзод, баёзи «Гулчини назми муосири тоҷик», «Лолаи Тӯр» ва «Армуғони Ҳиҷоз»-и Муҳаммад Иқбол (аз ҷониби Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Раёсати Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пешниҳод гардидаанд).

БАРАНДАГОНИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

 

Барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тотикистон

ба номи Абуабдуллоҳи
Рӯдакӣ (Ӯзбекистон, бахши тарҷума)

Барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ба номи Абуалӣ ибни Сино

КОРМАНДОНИ ШОИСТАИ ТОҶИКИСТОН

Дигар хабарҳо