Дарси ваҳдат ба наврасон
Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» чорабинии адабӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ рамзи шарафу номуси Ватандорист» ба хотири таҷлили «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» дар ҳамбастагӣ бо Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон, Мактаби бачагонаии рассомии шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намоиши рассомони наврас ва маҳорати эҷодии онҳо манзури тамошобинон қарор гирифт, ки дар худ моҳияти Ваҳдати миллиро инъикос менамуд. Сипас меҳмонон аз намоиши китобии Муассиса дидан намуданд, ки дар он асарҳои Пешвои миллат, китобҳои марбут ба соҳибистиқлолӣ, Ваҳдати миллӣ ва китобҳои тоза аз нашрбаромадаи адибони наврасон дидан намуданд.
Дар ин росто, Шоири халқии Тоҷикистон Ҷӯра Ҳошимӣ, директори Маркази тарғиби адабиёт Муродалӣ Собир, мудири шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасон Насимбек Қурбонзода бо суҳбат шеърҳои тару тоза хотири кӯдакон ва наврасонро шод гардониданд.



