Бедории чашми миллат…

 Бедории чашми миллат…

Истиқболи аҳли адаб аз ташаббуси навбатии Пешвои миллат

Агарчи арзишҳо аз нигоҳи аҳаммият болову поин қарор мегиранд, дар таҷрибаи давлати Тоҷикистон ду арзиш – яке Истиқлол ва дигаре Ваҳдати миллӣ вазн ва моҳияти баробар доранд. Ин ду арзиш бидуни якдигар буда наметавонанд, зеро агар Истиқлол ҳастии воқеии миллату давлат ва воситаи эътирофи он дар сатҳи байналмилал бошад, Ваҳдат зербинои он аст. То иттиҳоду ҳамбастагии мардум ба таври комил шакл нагирад, табиист, ки истиқлол дерпой буда наметавонад. Ҳар қадар ваҳдати мардум устувор бошад, ҳамон андоза истиқлол низ пойдор хоҳад буд. Агар, ба фарзи мисол, сад сол ва аз ин бештар гузарад ҳам, ғояе муассиртар ва лозимтар аз ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон нахоҳад буд, зеро бидуни ҳастии ин неъмати бебаҳо мавҷудияти муътадили давлату миллат ғайримумкин менамояд.

Ваҳдат барои мардуми мо ба ҳайси идеал ё қуллаи муроди миллат арзиш дорад, он танҳо ормон ҳам нест, балки беҳтарин воситаи тараққӣ ва ободгариҳост. Ҳамон тавре ки кишоварзе аввалтар аз ҳама, заминашро барои кишт омода мекунад ва баъдан донаи умед мекорад, ваҳдат низ ба ҳайси заминаи кишти орзуҳо ва таманниёти миллат барои расидан ба марҳалаи зиндагии шоиста хидмат мекунад. Барои ҳамин ҳам, дар тақвими ҷашнвораҳои миллии мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣ ҷойгоҳи махсус дорад.

Тоҷикистон 29 сол қабл аз ин бо имзо шудани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ» ба шоҳроҳи ваҳдати миллӣ ворид шуд ва имрӯз бо назардошти амну субот ва иттиҳоду ягонагии мардум дар вазъи рушди муътадил қарор дорад.

Созишномаи сулҳи тоҷиконро дар таърихи сиёсии ҷаҳони муосир ҳамчун як падидаи нодир арзёбӣ мекунанд ва таҷрибаи сулҳи моро дар манотиқи мухталифи ҷангзадаи ҷаҳон мавриди омӯзиш ва истифода қарор медиҳанд. Ваҳдати миллӣ ё ба қавли дигар, иттиҳоди мардум барои зиндагӣ ва фаъолияти осуда аз нигоҳи маънову забон чунин дарк мешавад, ки мардум барои як ҳадафи мушаххас ва як мақсади муайян дар асоси бовар ва эътимод ба ҳамдигар ба хотири фардои неку пешрафта самти дурусти зиндагиро интихоб мекунанд. Тимсоли ваҳдат дар динҳо тавҳид аст, яъне яккахудоӣ.

Замонҳое буданд, ки мардуми ҳар гӯшаи дунё ба бисёрхудоӣ майл доштанд, дар ҳар падида ё рӯйдоди табиат: боди сахту заминларза ва ё обхезиву тӯфону гармои шадид таҷаллии неруи ин ё он худоро медиданд, ҳатто байни яздонҳо мухолифату зиддият эҳсос менамуданд. Ин як тасаввуроти хеле содаи давраи ибтидоии халқҳои гуногун буд, ки дар илм онро устура ё мифология мегӯянд. Ҳатто дар ҳамон мифология орзуи одамон барои тинҷиву осуда зистан ва аз байн бурдани ихтилофот таъкид мешуд. Ҳатто одамони мутааллиқ ба дину ойинҳои гуногун, расму таомулҳои аз ҳамдигар мутафарриқ дар батни тасаввуроту афкори аввалияву ниҳоят содаи худ ғояи ваҳдатро мепарвариданд.

Аз нигоҳи сиёсӣ ваҳдат ба ҳайси таълимот ё маҷмуи афкорест, ки пешрафти ҷомеа ба хотири шукуфоии оянда, ҳамоҳанг сохтани манфиатҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа ба хотири аз байн бурдани шиддати ихтилофот, ба нестӣ расонидани низоъҳо дар байни гурӯҳҳои мухталифи ҷамъият фаҳмида мешавад.

Омили аз ҳама асосии таъмини ваҳдат сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шурои Олии Тоҷикистони вақт буд. Шахсияте сари қудрат омад, ки танҳо миллат ва ватан мегуфт, миллатро дар сарҷамъии ҳама медид. Ҳикмати сарвариаш аз аввал мантиқан дуруст буд: то даме ки мардум якҷо набошад, сарҷамъ нашавад, давлати ягона бунёд кардан имкон надорад. Вайронаҳоро мардуми сарҷамъ обод мекунад. Бо гузашти қариб сӣ сол таърих исбот намуд, ки ин ҳикмат воқеан созанда будааст.

Ваҳдат танҳо сухани муҷаррад нест. Онро танҳо ба маънои сарҷамъии мардум фаҳмидан ҳоло кам аст. Ин мафҳум аз якчанд омил – сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, демографӣ ва равоние иборат аст, ки мардуми як сарзаминро новобаста аз қавму маҳал ва мансубияташон ба ин ё он дину мазҳаб, миллату халқият муттаҳид месозад. Аз нигоҳи сиёсӣ ваҳдат дар тинҷиву осудагии мамлакат, набудани ихтилофи неруҳои сиёсии ҷомеа дарк мешавад. Муҳим ин аст, ки ҳамагон ба ояндаи неки ин сарзамин назари ягона дошта бошанд: Тоҷикистон ватани ҳар як сокини он аст, чи олиму чи авомуннос ва чи коргару чи роҳбар… Мулкро аз они худ донистан ва онро эҳтиром гузоштан  муҳимтарин фазилати ваҳдат аст. Омили дигари ваҳдат маънои иқтисодӣ дорад. Ин масъала ниҳоят муҳим аст, чунки фақру бенавоӣ метавонад хатари зиёде барои ягонагии миллат биёрад. Ғамхорӣ ва дастгирии табақаҳои осебпазири ҷомеа – ятимону пиронсолон, сол то сол афзоиш додани маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ, ҳавасманд намудани ҷавонон ба илмомӯзӣ ва даҳҳо тадбирҳои Пешвои миллат боиси таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ гардиданд.

Аз ҷиҳати фарҳангӣ ваҳдат ба як силсила омилҳои дигар, аз ҷумла худшиносии миллӣ ва эҳёи ҳофизаи таърихии миллат бевосита алоқаманд аст. Рӯйдодҳои таърихӣ хусусияте доранд, ки аҳаммияташон на дар замони вуқуъ, балки бо гузашти даҳсолаҳо дарк мешавад. Имрӯз ҳар қадар, ки аз 27-уми июни соли 1997 дуртар мешавем, ба ҳамон андоза нақш ва аҳаммияти он дар мавҷудияти кишваре бо номи Тоҷикистон бештар ба чашм мерасад. Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои дӯст кумакҳои зиёде дар раванди сулҳ ба мо расонданд, вале маҳз фидокориҳои Раҳбари давлат, хосту иродаи матин ва хиради азалии миллат, ҳамчунин гузашту ҳамдигарбахшии тарафайн сулҳро ба кишвар бозгардонд. Амнияте, ки имрӯз дорем, самараи арзишманди ваҳдату ҳамдилист. Имрӯз коршиносони минтақа шаҳри Душанберо амнтарин пойтахт дар саросари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил меноманд.

Дар асри кунунӣ, ки неруҳои даргир дар бисёр кишварҳои ҷаҳон борҳо сулҳ баставу борҳо аҳд шикастаанд, сулҳи тоҷикон бо пойдориаш беҳтарин таҷриба ва арзишмандтарин дастоварди на танҳо тоҷикон, балки Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи башарӣ дониста мешавад, ки то имрӯз аз сӯйи бисёр доираҳои сиёсӣ ба хотири ҷорӣ намудан дар дигар минтақаҳои ошӯбзада мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Олимони ҷомеашинос баршумурдаанд, ки бештар аз ҳаштод тамаддуни инсонӣ дар масири таърих аз набудани ваҳдат, дуруст муайян накардани зиндагии мураттаб аз ахлоқи поки инсонӣ ба футур рафтааст. Миллатҳо ва қавмҳои бешуморе ба иллати нофаҳмиҳо дар сохтмони як ҷомеаи адолатпарвар дучори фоҷиаҳо шудаанд. Ин ҳолат дар ҳофизаи таърихии халқҳову миллатҳо дар шакли асотиру афсонаҳо ва нақлу ривоятҳо боқӣ мондаанд. Қавмҳо ва давлатҳое будаанд, ки ба авҷи тамаддун расида буданд, аммо ба иллати ба ҷомеаи онҳо ворид шудани омилҳои ҷудоиангез, ақоиди бегона ва зиёновар, ҳамчунин бар асари ғуруру такаббур ва дигар омилҳои нифоқовар тобеи дигар сарзаминҳо шуданд, асолати миллии худро аз даст доданд ва ба таркиби дигар тамаддунҳо даромехтанд. Ин гуна мисолҳоро аз таърих зиёд овардан мумкин аст. Масалан, соли 184 то милод дар Рим Катон ном сиёсатмадор баробари сензор интихоб шуданаш муборизаро барои пешгирии вуруди афкору одатҳои барои ҷамоаи Рим хавфнок эълон намуд. Ҳамон ақидаву одат ва расму ойинҳое иҷозат дода мешуд, ки барои муттаҳидии ҷомеаи Рим мусоидат мекарданд. Ё солҳои сиюми асри гузашта Иқбол баъди сафаре, ки ба Афғонистон, хусусан шаҳрҳои Кобулу Ғазна ва Қандаҳор дошт, маснавие навишт бо унвони «Мусофир». Шоҳи Афғонистон Муҳаммад Нодиршоҳ ва фарзанди ӯ – Зоҳиршоҳро ҳушдор дод, ки рӯ ба маорифпарварӣ, рӯ ба илму мактаб биёранд, вагарна ин кишварро оқибатҳои номатлубе интизор аст…

Миллати тоҷик дар аҳди Сомониён ба қуллаи тамаддуни ҳамондавра расида буд, сарзаминҳои паҳноваре дошт, истиқлоли мувофиқ ба давлати абарқудратро касб карда буд. Аммо, тавре ки мегӯянд, бало аз дарун бархост ва ин кишвари паҳновару мутараққӣ ба ихтиёри онҳое гузашт, ки тарҳи парокандагии онро хеле бадиққат кашида буданд. Сомониён натавонистанд, ки стратегияи дуруст тарроҳишудаи пешрафтро амалӣ кунанд, баъдан адолати иҷтимоӣ низ дар баробари дигар авомил нуқси зиёде пайдо карда буд. Ҳукумат ба бегонагон гузашт ва натиҷааш ҳамин шуд, ки баъди ҳазор сол ба миллати тоҷик кӯҳдоманҳое аз Бухорои Шарқӣ, ки аз сад яки он сарзамини таърихиро мемонад, насиб гардид.

Ин дарс ва сабақи таърих аст, ки мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем. Ба қавли Иқболи Лоҳурӣ:

Боз бар рафтаву оянда назар бояд кард,
Ҳала бархез, ки андеша дигар бояд кард

Андешаи дигар ҳамин ваҳдат аст, ки тули бисту нуҳ сол аст, дар борааш мегӯянду менависанд, аммо боз гуфтаниҳову навиштаниҳо мемонад. Чаро чунин аст? Чунки ба ақидаи мо, роҳу воситаҳо ва омилҳои тақвият бахшидани ваҳдат интиҳо надорад, чунонки як давлати маънавибунёди миллӣ мегӯему бунёди он идома дорад. Сохтани чунин давлате, ки ҳам миллӣ бошаду ҳам қонунбунёд, кори саҳл ҳам нест, он даҳсолаҳо заҳмат мехоҳад, сабру таҳаммул ва иродаи матини ҳамагониро тақозо дорад. Ваҳдат бедории миллӣ дар муқобили тағофулу хуфтагии ахлоқиву маънавист. Миллате, ки сарҷамъ набошаду андешаи ояндаро дар заминаи сохтори неруманди кишвардории мутамаддин дар сар надошта бошад, зуд дар доми абарқудратони дигар мемонад. Бедории миллӣ низоми андешаи миллиро тақозо мекунад, ки ҳолиё аксари олимони ҷомеашинос сари он таҳқиқот мебаранд.

Боз ҳамон Иқбол ба хотир мерасад, ки ҳушдор дода буд:

Қудсиёнро субҳи ид он соате,
Гар шавад бедор чашми миллате

Чун нек бингарем, сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳое, ки қариб се даҳсола пеш ба сари миллати мо расида буд, таназзули ахлоқи ҳамида буд. Ҳамон ахлоқе, ки дарунмояаш имон ва виҷдон аст. Ношукриву бесипосӣ ба дастархони якҷоягиву ҳамбастагӣ чашмони қалбҳоро кӯр кард, тундравию ифротгароӣ ҳокими ақлҳо шуд ва натиҷааш ҳамин шуд, ки миллати тамаддунофари тоҷик, ки як вақтҳо ба тавассути Ҷалолиддини Балхӣ фалсафаи ваҳдати умумиҷаҳониро кашф карда буд, худаш ба коми парокандагие бар асоси низои мазҳабӣ афтод ва қариб буд, ки давлатро аз даст бидиҳад.

Мавлоно таҳаммулгароии бесобиқаро паҳн кард ва хулоса бардошт, ки ин ягона роҳи наҷоти ҳар миллате дар олами пурмазҳаб аст. Ҳол он ки Мавлонои Рум бузургтарин шахсияти руҳонӣ ва бунёдгузори андешаи нави исломӣ дар таърихи тамаддуни мо эътироф мешавад.

Андешаи таҳаммулгароӣ бузургтарин андешаи давлатсозу тамаддунофар то ҳанӯз боқӣ мемонад ва то кунун инсоният ба ҷуз ин андеша роҳи дигари бақои ваҳдати ҷамъиятҳои худро намедонад.

Ҳафиз РАҲМОН,
адабиётшинос

Дигар хабарҳо