Навои Борбад Хабар зи ишқ саҳарро навои барбат кард, Ки дида во гули саҳро зи хоби ғафлат кард. Даме, ки мурғи чаман рафта буд аз чаманаш, Ба бонги тирадилон гӯши ғунча одат кард. Танӯри сина насӯзад чу гарм аз сари сидқ Танӯри сина чи сон тобиши садоқат кард? Чу Борбад зи хиёнат бурид решаи хеш, […]Идома...
Ба муносибати 90-солагии адиби зиндаёд Усто-парасту Усто-парасту, Ту пухтакорӣ, Дар лонасозӣ Ҳамто надорӣ. Дар шифти айвон, Дар сақфи хона, Аз субҳгоҳон Хонӣ тарона. Бе чўбу тахта, Бе меху теша, Ту лона созӣ Аз гил ҳамеша. Аз сози лаҳнат Шавқат физояд, Илҳоми тоза Дар корат ояд. Нонат ҳалол аст, Усто-парасту! Кори ту бисёр Аъло, парасту! Самовор […]Идома...
Шаб омад, барафрӯхт оташ чу кӯҳ Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ. Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд, Сада номи он ҷашни фархунда кард. Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор, Басе бод чун ӯ дигар шаҳрёр, К-аз обод кардан ҷаҳон шод кард, Ҷаҳоне ба некӣ аз ӯ ёд кард. Идома...
Абдуллоҳи Раҳнамо Рафт Султонмуроди Одина Рафт Султонмуроди Одина, Беғараз, беғубор, бекина. Аз сари кӯҳи Хонақо бигзашт, Бе асо, бе таноб, бе зина. Ҷойи чашмаш ду гавҳари ғам дошт, Ҷойи дил […]Идома...
Ба муносибати 70-солагии адиби зиндаёд Ғазали мавлуд Эй нексиришти меҳрбунёд, Эй меҳру муҳаббати худодод. Мавлуди ту баҳри мо азиз аст, Ин рўз туро ба мо Худо дод. Аз файзи қудумат, эй шарафманд, Шуд маҳфили мо муҳаббатобод. Лабханди ту гашт хандаи бахт, Эй меҳрфизои бахтэҷод. Фархундагибахши умри моӣ, Бошӣ ҳама умр […]Идома...
*** Як ту мондӣ аз сари ор ориёнӣ, Як туӣ дар кору пайкор ориёнӣ. Ориён пайваста, дардо, рафт аз даст, Сарзамини ори мо гашт ормонӣ. Як ту эҳёбахши ин марзи куҳанбун Бо фару бо азму руҳи бостонӣ. Зеби даргоҳи Каёнӣ як ту мондӣ, Ҷоннисорӣ дар масири покҷонӣ. Бо ту акнун Тоҷикистон Ориёност, Нанги моро чун […]Идома...
Ба муносибати 90-солагии адиби зиндаёд Абдуллоҳ Қодирӣ *** Навҳа мекашад чун дил Абри дидагон бе ту. Тира дар само тобад Шамъи шабравон бе ту. Ашки сабза шуд шабнам, Лола дар даман дилхун. Ғунчаҳои нашкуфта Дар чаман хазон бе ту. Базми мо басе дилгир, Ҳарфҳо пароканда. Талх аз ҷудоиҳост, Айши ошиқон бе ту. Нози ту адо […]Идома...
Дар мотами ту ҷамъи малак гиря кунад, Чун будӣ аз ин ҷамъ, фалак гиря кунад. Аз марги ту сӯзад ҳама, аммо бисёр Бому дари ҳар камбағалак гиря кунад… Давлат Сафар *** Ало, сайди шикори ҷаҳли инсон, Кабӯтарбаччаи бепар парафшон. Касе, ки дар азои ту нагиряд, На дил дорад, на ҷон дорад, на имон. Гулрухсор *** […]Идома...
Фурӯғи Ориён Решаҳои ориёнӣ дар вуҷуди мо бувад, Хун ба хун омехта, дар тору пуди мо бувад. Ориёиему Хуршед аст моро раҳнамо, Ҳар саҳар аз Шарқ месабзад ҳамин нури Худо – Нури ақлу нури имон, нури ҳақ аз осмон, Нури меҳру нури шафқат, нури нерӯи забон. Рӯдакӣ оғоз бахшиду забони модарӣ Бо фурӯғи «Шоҳнома», «Маснавӣ» […]Идома...
Шукӯҳу манзалату шаъну эҳтиром муборак, Намоди тантанаи давлату низом муборак, Набарду ҳиммату пирӯзии мудом муборак, Бузургии назару вусъати калом муборак, Барои миллати соҳибватан Паём муборак! Забону миллату таъриху нангу ном муборак, Зуҳури тозаи фарҳангу фарру ҷом муборак, Давоми рӯшани ин роҳи бардавом муборак Ва шаҳди неъмати худмеҳварӣ ба ком муборак, Барои миллати соҳибватан Паём муборак! […]Идома...



