Дар мотами ту ҷамъи малак гиря кунад, Чун будӣ аз ин ҷамъ, фалак гиря кунад. Аз марги ту сӯзад ҳама, аммо бисёр Бому дари ҳар камбағалак гиря кунад… Давлат Сафар *** Ало, сайди шикори ҷаҳли инсон, Кабӯтарбаччаи бепар парафшон. Касе, ки дар азои ту нагиряд, На дил дорад, на ҷон дорад, на имон. Гулрухсор *** […]Идома...
Фурӯғи Ориён Решаҳои ориёнӣ дар вуҷуди мо бувад, Хун ба хун омехта, дар тору пуди мо бувад. Ориёиему Хуршед аст моро раҳнамо, Ҳар саҳар аз Шарқ месабзад ҳамин нури Худо – Нури ақлу нури имон, нури ҳақ аз осмон, Нури меҳру нури шафқат, нури нерӯи забон. Рӯдакӣ оғоз бахшиду забони модарӣ Бо фурӯғи «Шоҳнома», «Маснавӣ» […]Идома...
Шукӯҳу манзалату шаъну эҳтиром муборак, Намоди тантанаи давлату низом муборак, Набарду ҳиммату пирӯзии мудом муборак, Бузургии назару вусъати калом муборак, Барои миллати соҳибватан Паём муборак! Забону миллату таъриху нангу ном муборак, Зуҳури тозаи фарҳангу фарру ҷом муборак, Давоми рӯшани ин роҳи бардавом муборак Ва шаҳди неъмати худмеҳварӣ ба ком муборак, Барои миллати соҳибватан Паём муборак! […]Идома...
Парафшон парчами мо зинда бодо! Нишони кишвари паҳновари мост, Умеди халқи таърихофари мост, Ба дунёи парафшонӣ пари мост, Ба авҷи фатҳу нусратҳо сари мост. Парафшон парчами мо зинда бодо, Ба авҷи бахти мо поянда бодо! Ба ҳар ҷое, ки боло мешавад он, Сари болотари мо мешавад он, Чу бо се ранги зебо мешавад он, Бари […]Идома...
ПАЙКИ НАҶОТ БО МОСТ Имрӯз пар кушода дил дар ҳавои миллат, Дорад сафои дигар тан аз сафои миллат. Дар ҷони мост ҷони ин халқи некойин, Бахту бақои мо шуд бахту бақои миллат. Наврӯзу Меҳргону ҷашни Сада бақо ёфт, Олам таронахон аст аз муждаҳои миллат. Сад қулла фатҳ гардид, сад қуллаест дар пеш, Фирӯз миллати мост […]Идома...
Хоно китоби бахти миллат шуд, Санги асоси кохи давлат шуд, Бар мулки мо рўҳи дигар бахшид, Бар халқи мо роҳи саодат шуд. Дилшодии афзун муборак бод, Таҷлили Сарқонун муборак бод! Мо табъи чун оби равон дорем, Рўҳи баланд аз осмон дорем, Дорем то дар даст Сарқонун, Мо тахту тоҷи ҷовидон дорем. Дилшодии афзун муборак бод, […]Идома...
Алии Муҳаммадии Хуросонӣ 75-сола шуд Душанбеи ҷавони ман Туро ман дӯст медорам, Душанбеи ҷавони ман, Бурун аз дида нагзорам, Душанбеи ҷавони ман. Куҳаншаҳре, ки имрӯзат беҳ аз боғи Ирам бошад, Ба ҳуснат ҳусни нав корам, Душанбеи ҷавони ман. Ба ҳар маҳфил, ба ҳар маҷлис, ба ҳар базму ба ҳар назме Сароғозӣ ба гуфторам, Душанбеи ҷавони […]Идома...
Марсия ва таърих ба даргузашти Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо Кадом боди самуме вазид ҷониби мо, Рабуд бехабар аз мо Каромати Мирзо. Рафиқи анҷуманорои гулситони адаб, Суханваре, ки зи аҷдоди нек дошт насаб. Адиби пешсафи насри даври Истиқлол, Зи сабру заҳмати пайваста кард касби камол. Муқими кунҷи қаноат, ҳафизи ганҷи адаб, Ба сеҳри хома бино […]Идома...
Гавҳарам тоҷик, маконам тоҷикист, «Миллатам тоҷик, забонам тоҷикист». Тоҷикӣ чун лафзи аҳли ҷаннат аст, Ин ҷаҳону он ҷаҳонам тоҷикист. Фӯтаи рангинкамонам дар миён, Ҳам замин, ҳам осмонам тоҷикист. «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад»: Мағзи нойи устухонам тоҷикист. Бар тани ман номи дигар мениҳӣ? Чун кунӣ ҷонам? Ки ҷонам тоҷикист! Аз насими Рукнободам шунав: Бӯйи […]Идома...



