Ваҳдат

Қатра-қатра оқибат дарё шудем

Қатра-қатра оқибат дарё шудем,
Зарра-зарра кӯҳи побарҷо шудем.
Сад ҳазорон  «ман» ба ҳам ҷамъ омадем,
То дар ин даҳри парешон «мо» шудем.
Ҳосили ҳамдасту ҳампоӣ бубин,
Дасти ҳам бигрифтаву барпо шудем.
Меҳри ҳам варзида, қад афрохтем,
Қадри ҳам дониста, сарболо шудем.
Дасти ҳам бигрифта ҳамчун ҳарфҳо,
Рӯи авроқи Ватан маъно шудем.
Рафт овои дили мо сӯи ҳам,
Ҳамсадо гаштем, ҳамово шудем.
Милро аз чашми миллат карда дур,
Ҳамчу шеъри Рӯдакӣ бино шудем.
Доруи дарди ҷудоӣ ёфтем,
Вориси шоистаи Сино шудем.
Рӯ ба роҳи Ҳақ ниҳодем аз дигар,
Рострав чун сатри Мавлоно шудем.
Бин ба мо ҳар субҳ чун бар Офтоб,
Гум нагаштем, аз дигар пайдо шудем.
Мо на хокистар, шудем оташ зи нав,
Чун самандар мо зи худ эҳё шудем!
                                                              Низом Қосим

 

***

Сарзамини Тоҷикистон,
Сарзамини сулҳу ваҳдат,
Саҷдаи шукрона бояд
Дар камини сулҳу ваҳдат!
Ин диёри нурбезу
Ин диёри нурхез аст,
Медурахшад сад ситора
Дар ҷабини сулҳу ваҳдат.
Тахти Ҷамшед аст кӯҳаш,
Тоҷи хуршед ифтихораш,
Пешвои миллати мо,
Тахтшини сулҳу ваҳдат.
Соядасташ соябони
Шаҳхати армони аҷдод,
Миллати тоҷик бодо
Сояшини сулҳу ваҳдат.
Дар миёни Пешвоён,
Пешвои Тоҷикистон,
Пешвои беҳтарину
Беҳтарини сулҳу ваҳдат!
Пурҷило аз нақши нангу
Аз фазилатҳои ном аст,
Хотами ангуштаринаш
Бо нигини сулҳу ваҳдат!
                                           Давлат Сафар

 

***

Эй, ки гул-гул мешукуфӣ чун дарахти себ,
Хандаҳоятро мабод осеб!

Баски дар он рӯзҳои сард
Сӯхтан аз сардию аз дард
Ташнаи гулхандаҳои гарми инсону дарахтам кард,

Ҳол гӯям, хандаҳоятро биханд,
Муғчаҳоятро шукуф.

Қарни нав аз роҳ меояд, ба уммеди навиди тозаву оҳанг,
Чун дигар аз қарни ашрору туфангу банг,
Кину хашму душманиву ҷанг, дилгирем,
Ин касофатҳо раҳо созему аз домони дил гирем.

Домани дил домани сабзи муҳаббатҳову боварҳост,
Бас бувад дигар варо бо чормағзи пуч пур кардан,
Чун дар ин дунё набошад бурдание ғайри дил бурдан,
Ҷовидоние ба ҷуз дар кӯйи дил мурдан.

Сабз бодо васли дил бо ҷовидон ҷовид,
То абад пиндору гуфтору накукирдор бошад сабз,
То тановар он дарахти пири равшанёр бошад сабз,
То салиби хушку хунине санавбарвор бошад сабз,
То ливои моҳи навдидор бошад сабз,
Ваҳдату озодиву ин давлати бедор бошад сабз,
Бар фаротар з-ин ҳама пайванди ҷони мо ба он Додор бошад сабз.

Эй, ки гул-гул мешукуфӣ чун дарахти себ,
Хандаҳоятро мабод осеб!
                                                                                   Аскар Ҳаким

 

***

Муждагонӣ, муждагонӣ, субҳ омад,
Зиндагонӣ, зиндагонӣ! Субҳ омад.
Мурғакони бенавои шоми бетаҳ,
Нағмахонӣ, нағмахонӣ, субҳ омад.
Баргҳо, эй хилвати наҷвои асрор,
Ҳамзабонӣ, ҳамзабонӣ, субҳ омад.
Сабзаҳо, эй вожаи сабзи лаби ҷӯй,
Меҳрубонӣ, меҳрубонӣ, субҳ омад.
Ғунчаҳо, обилаҳои пойи поиз,
Бехазонӣ, бехазонӣ, субҳ омад.
Роҳҳо, эй ҳасрати васлу ҷудоӣ,
Каҳкашонӣ, каҳкашонӣ, субҳ омад.
Чашмҳо, эй мактаби меҳру муҳаббат,
Дарсхонӣ, дарсхонӣ, субҳ омад.
Дастҳо, фаввораҳои гарми хоҳиш,
Бо ҷавонӣ, бо ҷавонӣ, субҳ омад.
Эй лабони ташнаи дарёи уммед,
Комронӣ, комронӣ, субҳ омад.
Эй дили ошуфтаву ғамхораи ман,
Дӯстгонӣ, дӯстгонӣ, субҳ омад.
                                                             Гулназар

 

***

Дар шамъдони дастҳои мо
Ангуштҳо бошад шабеҳи шамъ.
З-ин шамъҳо ҷорӣ бувад як ҷӯйбори нур.
Пайванд зан бо дастҳоям дастҳоятро,
То рӯдбори рӯшноӣ дар ватан ҷорӣ шавад, эй дӯст.
Гар мушти худро во намоӣ,
Гар мушти худро во намоям,
Бошад ситора панҷаи бикшодаи ту,
Бошад ситора панҷаи бикшодаи ман.
Пайванд агар бо ҳам шавад исторае чанд,
Хуршед мегардад!
Дастони мо бар нахл мемонад,
Нахле, ки дорад шохаҳои нозуки ангушт.
Пайванд зан бо нахли дастам нахли дастат,
Таъми дигар дорад самар аз нахли пайвандӣ!
Шакли дақиқи панҷаҳои даст барг аст,
Бигзор барги дасти худро дар канори барги дастам,
То пеши чашмони хазон нозук натобанд!
Пайванд зан, эй дӯст,
Бо обшори панҷаҳоям обшори панҷаҳоятро,
Шояд, ки акси партави лабханди мо дар он
Рангинкамони ишқро созад муҷассам!
Озар

 

***

Чист миллат?
– Ваҳдати дунёи мост,
Дӯши мо, имрӯзи мо, фардои мост.
Аз саводаш дидаи мо равшан аст,
Дар ҳисораш ҳастии мо эман аст.
Аз пари Симурғи тавҳидаш калам
Мераҳонад ҳастии мо аз адам.
Ваҳдати миллат бақои миллат аст,
Устувор аз муддаои миллат аст.
Ҳарфҳо аз муддао гардад китоб,
Зарраҳо аз тоби мақсад офтоб.
Чашми Сино бар сари гаҳворааш,
Тарҳи сад олам ба ҳар ангорааш.
Дар вуҷуди миллати яктопараст
Ваҳдату мақсуд чун ду шаҳпар аст.
Бо ду шаҳпар дарнавардад ин ҷаҳон,
Зери болаш як бувад ҳафт осмон.
Сӯйи дому донаи кас нангарад,
Ҳимматаш то авҷи гардун мебарад.
Он ки ҳаст Албурзу Алвандаш нишем,
Аз сияҳчоли замонаш нест бим.
Бартариҳояш хам аз худогаҳист,
Огаҳӣ – шерозаи девони Зист.
Дастҳо пайванди ин ҳаблулматин,
Асли ҳикмат, асли ойин, асли дин.
Не гусастан, не шикастанро раҳе,
Пайкари пулоду ҷони огаҳе.
Фитнаи айём монанди ҳубоб,
Мешавад аз мавҷи дарёяш хароб.
Нури Ҳақ ойинаи идроки ӯ,
Хонаи хуршедҳо афлоки ӯ.
Ҳикматаш деринаву бахташ ҷавон,
Дар замираш растхези ҷовидон…
Тоҷикистон, эй раҳини иттиҳод,
Эй шуда даъват ба дини иттиҳод.
Ҳурмати ашки ятимон, иттиҳод,
Ҳурмати аҷзои Қуръон, иттиҳод.
Ашки тифлонат ширеши маҳкам аст,
Захмҳои душманиро марҳам аст.
Ҳурмати хуни шаҳидон, иттиҳод,
Бар сипоси оли Сомон, иттиҳод.
Кӯр бодо чашми шайтон, иттиҳод,
Эй муваҳҳид, баҳри Яздон, иттиҳод!
Рустам Ваҳҳобзода

 

***

Аспи обӣ ёлафшон аз фаросӯҳо расид,
Номи ӯ Хингоб шуд.
Хуни дилҳои ниёгон ҷӯш зад, аз гил дамид,
Номи он Сурхоб шуд.
Шиҳаи Хингоб омад:
– Нур бояд офарид,
Ҷӯш зад Сурхоб:
– Вақти иттиҳоди мо расид!

Ин ду рӯди равшанизо то ба ҳам омехтанд,
Тарҳи кохи ормону бахти моро рехтанд.
Номашон Вахшоб шуд.

Ҳолиё Вахшоб ҳамчун қосиди ваҳдатпаём,
Барфурӯзад машъали Роғуни моро бардавом.
Тинати тоҷикро ойинадорӣ мекунад,
Ваҳдати тоҷикро суратнигорӣ мекунад.
Толиби Луқмон

 

***

Ин кишваре, ки ин ҳама зебост, ваҳдат аст,
Ин ҷаннате, ки рашки Сурайёст, ваҳдат аст.
Ин чорбоғи шаҳр, ки аз мавҷхези ранг,
Гӯйӣ магар қиёмати гулҳост, ваҳдат аст!
Кӯҳе, ки ҳамчу бурҷи баланди ғурури халқ
То осмон расидаву барҷост, ваҳдат аст!
В-ин чашмаи наҷиб, ки аз остини кӯҳ
Бар ҷӯйи шир рехта, дарёст, ваҳдат аст.
Тифле, ки бо навори хати парчами Ватан,
Пешонаи баланд биёрост, ваҳдат аст.
Он мактабе, ки саф зада бар зери як суруд,
Он вожае, ки сархати иншост, ваҳдат аст.
Ваҳдат ҳисоби саҳмияву шартнома нест,
Ҷое, ки халқ якдилу яктост, ваҳдат аст.
Рӯзе, ки пушти як ваҷаби марзи Исфаранг,
Як кишваре чу зилзила бархост, ваҳдат аст.
Насле, ки вораҳида зи гирдоби ихтилоф,
Ҳампову ҳамнабарду ҳамовост, ваҳдат аст.
Хоне, ки ҷойи косаи ғам нест андар он,
Ё ин нақорабазм, ки ғавғост! Ваҳдат аст.
Эҳсоси орамидану лабханди эътимод,
К-аз рӯи гарми дӯст ҳувайдост, ваҳдат аст.
Рози бақои давлату сирри суботи мулк,
Ин назми устувор, ки барпост, ваҳдат аст.
Дар гирдбоди фитнаи бегонаву худӣ,
Барномае, ки ҳалли муаммост, ваҳдат аст.
Ин аст мунтаҳои паёми паёмбарон,
Тавҳид дар азал ба чи маъност? Ваҳдат аст.
Бар ресмони ваҳдати ҷовид чанг зан,
Андешае, ки аз ҳама болост, ваҳдат аст!
Абдуллоҳи Раҳнамо

 

***

Сабз бо ҳиммат намудан як гулистон Ваҳдат аст,
Ҷамъ кардан тифлаконро дар дабистон Ваҳдат аст.
Ҳарфи неке мебарад гоҳе ба сад роҳи дуруст
Ҳамнишасти шахсро, эй ҳамнишинон, Ваҳдат аст.
Ҳамчу рӯду чашмаҳо ҳимматбаландӣ доштан,
Бӯса кардан раҳ ба раҳ домони бустон Ваҳдат аст.
Бар мусофирҳои раҳ дар раҳгузори зиндагӣ
Гармие як мушт додан дар зимистон Ваҳдат аст.
Дар ҷаҳони бекарон бигзаштан аз ҷурми касон,
Доимо кардан тавон аз рӯйи виҷдон Ваҳдат аст.
Дар замоне ки ҳама ҳар сӯ парешон мераванд,
Ҷамъ гардидаст ин халқи пурармон, Ваҳдат аст.
Баҳри ман, баҳри шумо, эй дӯстони ростон,
Бо Ватан якҷоягӣ – бо Тоҷикистон, Ваҳдат аст!
Алии  Муҳаммадии  Хуросонӣ

 

***

Шукуфта аз қадами навбаҳор шуд Ваҳдат,
Танида аз нахи нангу виқор шуд Ваҳдат.
Намози модари чашминтизору армонӣ,
Ниёзи бовару меҳру қарор шуд Ваҳдат.
Ба рағми деву дади ҳастии ҷаҳонхоҳон
Намоди оина шуд, беғубор шуд Ваҳдат.
Расид мужда, ки андуҳу ғусса поён ёфт,
Ба субҳи хуррамию амн ёр шуд Ваҳдат.
Ливои шуҳрати тоҷик баланду парафшон,
Ба бахти мост, саодатшиор шуд Ваҳдат.
Биё, бародари ман, аз умед ҳарф занем,
Радифи шеъри тари обдор шуд Ваҳдат.
Субҳияи Зоҳид

 

***

Ишқ бошад, амоние бошад,
Шеър бошад, ҷавоние бошад,
Маҳфилу гулфишоние бошад,
Мешавад рӯзгор зеботар,
Тамъи ҳар чиз ҳам гуворотар.

Тарс дар ҷони модарон н-афтад,
Зиндагонӣ ба кас гарон н-афтад,
Моҳу Хуршед аз осмон н-афтад.
Мешавад рӯзгор зеботар,
Лаззати об ҳам гуворотар.

Дар саройи муваққати дунё,
Бад набошанд кош одамҳо,
Шод бошанд кӯдакони мо,
Фикр бояд намуд аз дигар,
Ҷанг ё ин ки сулҳ авлотар?!
Шаҳёд

 

***

Мо ҳамонем, ки дар дил ғами ваҳдат дорем,
Дар сар андешаи ояндаи миллат дорем.

Сулҳ агар нест, куҷо бахту саодат бошад?!
Мо зи сулҳ ин ҳама иқболу саодат дорем.

Каъбаи мост Ватан, саҷдагаҳи мост Ватан,
Шукри ин қисмати шоиста, ки давлат дорем!

Даҳр аз мо хираду адлу тамаддун омӯхт,
Мо ҳамонем, ки қонуни адолат дорем!

Ҳаст Наврӯз таҷассумгари фарҳанги қадим,
Мо аз ин тантана эҳсоси шаҳомат дорем.

Шеър моро ба фалак бурду ба маснад биншонд,
Мо зи юмни адабийёт абадийят дорем.

Як кафи хоки Ватанро ба ду олам надиҳем,
Мо ба ин хоки куҳан ишқу муҳаббат дорем!
                                                                      Абдумалики Абдуҷаббор

 

Кӯзаи Ваҳдат

Соли 1999 «Корвони сулҳу ваҳдат дар Шоҳроҳи ваҳдат» аз Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то шаҳри Исфараи вилояти Суғд сафар карда, аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон як каф хок ҷамъ овард ва аз он ҳунармандони шаҳри Исфара кӯзаи мунаққаше сохтанд, он ба таври рамзӣ «Кӯзаи Ваҳдат» номгузорӣ шуд.

Як мушт мисоли дурру гавҳар,
Аз хоки баланд, аз Бадахшон,

Бигрифт чу Корвони Ваҳдат
Мушти дигаре зи хоки Хатлон.

Як мушти дигар зи хоки Суғд аст,
Мушти дигарест аз Зарафшон.

Гирд оварда зи ҳар канору
Ҳар гӯшаи хоки Тоҷикистон.

Гилкорон гирди ҳам нишаста,
Ин хок ба нақди ҷон хариданд:

Сад мушти пареш ҷамъ карданд,
То «Кӯзаи Ваҳдат» офариданд.

То нашканад он зи санги айём,
Аз баҳри ҳифозаташ бикӯшем.

Биншаста ба гирди хони ваҳдат,
Аз кӯзаи ваҳдат об нӯшем.
Насимбек Қурбонзода

 

***

Хонаи ободу файзи бекарон аз Ваҳдат аст,
Сарбаландии тамоми одамон аз Ваҳдат аст.

Тирагун созад ҷаҳонро ҷангу даъвову мағал,
Беғубории замину осмон аз Ваҳдат аст.

Модарон безор аз овози тиру тӯпу танк,
Беғамии модарони меҳрубон аз Ваҳдат аст.

Парчамаш сарпаст бошад давлате, к-ором нест,
Парчами мо ҳар куҷое парфишон аз Ваҳдат аст.

Кӯдакони Тоҷикистон он қадар хушрӯзгор,
Хандаҳои беғаши ин кӯдакон аз Ваҳдат аст.

Ошиқонро мекунад ҷангу ҷидол аз ҳам ҷудо,
Пир бо ҳам гаштани дилдодагон аз Ваҳдат аст.

Боғбону боғ ҳам бо якдилӣ ғолиб шаванд,
Хандаи гулҳо миёни гулситон аз Ваҳдат аст.

Ваҳдати миллии тоҷик то абад поянда бод,
Обрӯю эътибори тоҷикон аз Ваҳдат аст.
Кӯҳзоди Фатҳулло

 

* * *

Пайи паймони Тоҷикистонам,
Ҷомгардони Тоҷикистонам.

Чун чанораш маро калон кардаст
Майдаборони Тоҷикистонам.

Аз Зарафшон дилам тапиш дорад,
Аз Зарафшони Тоҷикистонам.

То Бадахшон муҳаббатам рафтаст,
То Бадахшони Тоҷикистонам.

Ин тараф нур, он тараф гармӣ –
Рашту Хатлони Тоҷикистонам.

Мегузорам зи себи боғи падар
Дар лаби хони Тоҷикистонам.
Бузургмеҳри Тоҷиддин

Дигар хабарҳо