Зодрӯзи устод иди миллат аст
Мирзо Турсунзода
Эй табъи оташбор
(Ба устод Айнӣ)
Хома то фармонбарат, эй табъи оташбор, шуд,
Рӯ ба зидди боргоҳу даҳшату дарбор шуд.
Фош кард ӯ ҳилаву асрори макри душманон,
Хонумонсӯзи адуву ҷуббаву дастор шуд.
Ӯ ба дунёи куҳан монанди шер исён намуд,
Дасти мазлуми ситамкашро гирифту ёр шуд.
Духтари тоҷик то бишнид арзи хомааш,
Чеҳрааш хандону рахшон чун рухи Гулнор шуд.
Гашт дармону давои дарди ҳар бечорае,
Лек теғе бар гулӯи душмани маккор шуд.
Ҳар нидои ӯ чунин парвоз дорад сӯи Шарқ,
Ҳоли сайёдони Ҳинду Чин аз он душвор шуд.
Бин, чӣ сон дар рӯзҳои ҷашни устоди бузург
Ранҷбар бо ӯ қарини суҳбати дидор шуд.
Гулрухсор
Дили миллат, дили бедори Айнӣ!
Душанбе, шаҳри парчамдори Айнӣ,
Шукӯҳи руҳи пуранвори Айнӣ!
Нишони ворисони Оли Сомон,
Табиби хотири бемори Айнӣ.
Бинои шуҳрати мо нест комил,
Бидуни хишт аз осори Айнӣ.
Шамими накҳати фарҳанг дорад
Гули Ҳоланд не, ашъори Айнӣ…
Самарқанду Бухорои таманно,
Душанбе, пойтахти ори Айнӣ!
Душанбе, шаҳри тахту тоҷи Меҳан,
Дили Миллат, дили бедори Айнӣ!
Лоиқ Шералӣ
Айнӣ
Зи лавҳи гӯрҳо, аз мармари сарди мазористон,
Зи хоки мурдагони зиндатар аз зиндадаргӯрон,
Зи нақши ҳар катиба, нақши нохун дар тани зиндон,
Зи соҳилҳои бедарё, зи дарёҳои беҷарён
Ту моро кофтӣ, устод,
Ту моро ёфтӣ, устод!
Зи аъмоқи фаромушхонаҳои тираи таърих,
Зи хоке, ки шуда омоҷгоҳи тири бадхоҳон,
Чу абёти парешоне, ки монд аз Рӯдакӣ мерос,
Ту моро ҷамъ овардӣ зи ҳар маҷмуаву девон,
Ту моро зинда гардондӣ,
Ба мо моро шиносондӣ.
Зи исёнҳову шӯришҳо, зи кулли буду нобудаш,
Зи фарёди таболудаш, зи Фирдавсию Маҳмудаш,
Зи хунҳое, ки баҳри хунбаҳои ҳамгинонаш рехт,
Зи андӯҳи тараболуду шодии ғамолудаш
Ту ҷустӣ сарнавишти халқ,
Оғози сиришти халқ.
Чу айвони валангоре, ки на бому на девораш,
Чу девори ҳисоре, ки на синҷеву на болораш,
Ту таърихи хароби халқро тармимҳо кардӣ,
Шиносондӣ ба бунёдаш, ба фарҳангаш, ба осораш,
Ки мо ҳам одамем охир
Ва аз ин оламем охир!
Чу гумҷӯе, ки меҷӯяд пайи гумгаштагонашро,
Чу танҳое, ки меҷӯяд зи дунё дӯстонашро,
Нишони мардумон ҷустӣ ту аз шаш соҳати таърих,
Барои ҳоҷати имрӯз ганҷи бостонашро,
Ки бе дирӯз ҳоло нест,
Ки бе имрӯз фардо нест…
Зи юмни Инқилобе, к-устодат буд (худ гуфтӣ),
Бурун овардӣ як-як мурдаҳоро ту зи гӯристон
Ва андар тоҷгоҳи ҳар кадоме тоҷ бинҳодӣ,
Ҳидоят кардӣ ононро барои хидмати даврон,
Ба онҳо ҷон ато кардӣ.
Сари минбар баровардӣ.
Зи маснадҳову манзарҳо,
Зи чанги роҳи кишварҳо,
Зи авроқи баёзу ҳарфи нохонои дафтарҳо,
Зи сарҳое, ки рӯи дорҳо ҳам буда сарафроз,
Зи ҳар доре, ки бишкаста зи бори фитрати сарҳо,
Ту ҷустӣ номи тоҷикон,
Муроду коми тоҷикон.
Туро чун ҳимматеву фитрати олампаноҳе буд,
Ба чашмандози ту пайдо ҷаҳони мурғу моҳӣ буд,
Ҳама печухами таърихро бо сар гузаштӣ ту,
Ки аз мардонагии халқ осораш гувоҳе буд,
Шудӣ худ ҳайкале дигар,
Ба мардум машъале дигар.
Чу аз зиндон раҳо гаштӣ,
Хаёлам, нуру фазлу шеър аз зиндон раҳо гардид.
Ба дунё омадӣ чилсола шогирде, к-аз устодиш
Забони мо ба даъватҳои даврон ҳамсадо гардид.
Садояшро ҷаҳон бишнид,
Ҷаҳони бекарон бишнид.
Ту худ як инқилобе дар шуури мардумон будӣ,
Ту худ як изтиробе дар ниҳоди ину он будӣ,
Ба рағми он ҳама кӯрони таърихи наҷиби мо
Ту чун мушти гиреҳбаста, чу тири дар камон будӣ.
Ту аз мо сохтӣ моро,
Зи мо бишнохтӣ моро.
Бас аз хокистари хомӯш оташҳо фурӯзондӣ,
Шарарҳое басо аз сангҳои сард рӯёндӣ,
Сари гӯри ниёгон машъала афрӯхтӣ аз меҳр,
Аз ин рӯ ҳамчу машъал дар сари дасти замон мондӣ!
…Чунин андар ҷаҳони гирдгардон,
Чунин андар ҷаҳони руҳи озодон
Бузургонро бузургон зинда медоранд,
Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд…
Бозор Собир
Муҷассамаи Айнӣ
Халқ ҳамчун пайкареву пайкаре чун халқ хест,
Кӯҳи хоропайкаре дар ҳайкале бедор шуд.
Рӯи ӯ бар сӯи мову рӯи мо бар сӯи ӯст,
Халқ дар тимсоли Айнӣ халқи минбардор шуд.
Ҳайкали ӯро ба ҳукми ҳайкали фарҳанг бин,
Нангро дар санг бину сангро дар нанг бин.
Ҳар кӣ ӯро дид агар, Фирдавсии нодида дид,
Бори Рустамро ҳанӯз аз Рахш ноафтида дид.
Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд,
Халқи моро дафтари Айнӣ шаҳодатнома шуд.
Сарзамини мо худ аз осори ӯ сар мешавад,
Ин замин бо ӯ ба дунё баробар мешавад.
То ба Айнӣ гарчи дарёи сухан шодоб буд,
То ба ӯ дар зиндагӣ пайроҳаи ноёб буд.
Мисли он рӯзе, ки онро метавон дар ёд дошт,
Дар лаби Вахшу Зарафшон мардуме беоб буд.
Ин ҳақиқат мекунад чашми моро ҳар бор тар,
Кас набуд дар Панҷрӯд аз Рӯдакӣ гумномтар.
Дар Фаранг аз аҳди Сомон гар асар мекофтанд,
Дар Бухоро тӯдае дуздона зар мекофтанд.
То ба Айнӣ шоирон танҳо ба танҳо хондаанд,
Ӯ суруди инқилоби халқро бо халқ хонд.
То ба ӯ аз шоирон девону дафтар мондааст,
Ӯ ба мо девону дафтар, ҳам ватан, ҳам халқ монд.
Тоҷиконро аз замин чун донаҳо дарёфт ӯ,
Чун китоби куҳна аз вайронаҳо дарёфт ӯ.
Тоҷикистон гар на, ҳар як тоҷике осори ӯст,
Хотири бедори мардум хотири бедори ӯст.
Гарчи табъи Рӯдакӣ шеъри закӣ эҷод кард,
Офарин бар табъи Айнӣ, Рӯдакӣ эҷод кард.
Гар ба дунё рафт Сино чун табиби иллате,
Кард ӯро ҳиммати Айнӣ табиби миллате.
Шукри ин марде, ки рӯи хорасанги кӯҳсор
Дар Замин ҳамқомати давру замон истодааст,
Ҳамчу пири тоҷикон бо ҳайати пиронааш
Дар мадори Тоҷикистони ҷавон истодааст.
Баъд аз ин бе зиндагонӣ зиндагонӣ мекунад,
Нашканад санги ҳаводис сангҳои ҳайкалаш.
Вақт агар вақте кунад аз рӯи ӯ қатъи назар,
Пешпоӣ мехурад дар санги пои ҳайкалаш.
Муҳаммад Ғоиб
Айнӣ
Дар ҳамон аҳде, ки кас аз сояи худ шубҳа дошт,
Аз баёни фикру шарҳи ғояи худ шубҳа дошт,
Аз нигоҳи ҳамсару ҳамсояи худ шубҳа дошт,
Минбар аз мустаҳкамии пояи худ шубҳа дошт,
Дар сари минбар ту нотарсида мегуфтӣ сухан
Аз раҳи паймудаи тоҷику таърихи куҳан.
Дар ҳамон давре, ки авзояш гаронтасвир буд,
Мавҷи баҳри зиндагӣ монанд бар занҷир буд,
Мардумак ҳам дар камони дида мисли тир буд,
Дар ғами ояндаи миллат ҷавону пир буд,
Хомаат медод посух зарбаи ҳар тирро,
Мераҳонд аз банди навмедӣ ҷавону пирро.
Доштӣ ҳасрат ба дил аз аҳди Сомони бузург,
Об ҳарфи ғайр доду дод девони бузург,
Шуд сабақомӯз маҳрум аз дабистони бузург,
Монд танҳо қисса аз номи Хуросони бузург,
Умри ширини ту таъм аз ёдҳои талх дошт,
Ҳасратоҳанг аз Бухорову фиғон аз Балх дошт.
Буд аз тоҷик тарси ғайрибумӣ бештар,
Мезаданд ин қавмро рӯшоду пинҳон нештар.
Он чи медиданд, медидӣ аз онҳо пештар,
Доштӣ фарқ аз ҳама, будӣ ту дурандештар,
Ҳарфи ту беҳуҷҷату баҳси ту бебурҳон набуд,
Дар Фарорӯд аз ту донотар дар он даврон набуд.
Дастхат ҳам дар замонат аз хазон осор дошт,
Ранги худ гум карда, ёд аз чеҳраи бемор дошт,
Монда дар зери ғубори давр, ҳоли зор дошт,
Дар раҳи хатошнояш ҳарф чашми чор дошт,
Монд нури маърифат аз дидаи хатхӯрдаат,
Равшанӣ монд аз чароғи умри бар сар бурдаат…
Ганҷро ҷӯянду ёбанд аз таги вайронаҳо,
Ёфтӣ аз зери хоки куҳнасаҳро донаҳо,
Ёдгоҳе сохтӣ ҷойи фаромушхонаҳо,
Фарқ кардӣ ошноҳоро ту аз бегонаҳо,
Шишадилҳоро раҳондӣ аз фишори сангҳо,
Созҳои гунгро кардӣ пур аз оҳангҳо.
– Мо зи қавми Ориёием, – медонад ҷаҳон,
Дошт ин таъкид осоре зи аҳди бостон,
Ларза афкандӣ ба қалби ғасбсозони замон,
Муҳри хомӯшӣ задӣ ту бар лаби даъвогарон,
Мекунад дасти хирад садҳо дари пӯшида боз,
Бо каломи худ забони тоҷикон кардӣ дароз.
Ҷони ширин канда Фирдавсӣ Аҷамро зинда кард,
Порсии куштаи шамшери ғамро зинда кард,
Мавлавӣ бо най ҳама дарду аламро зинда кард,
Бедил оҳанги хамӯши зеру бамро зинда кард,
Қудрати ту мурдахоки зори намро зинда кард,
Хуфтаи садсолаи соҳибқаламро зинда кард.
Гирад аз нақлу ривоят ибтидо таърих ҳам,
Қисса созад рӯйдоди даврро аҳли қалам,
Аз аламҳо нанг пайдо гашта, мегардад алам,
Сар кашад дон аз дили хоке, ки дорад хуб нам,
Рӯзи равшан мекунад шабро ба нураш офтоб,
Сарнавишти миллати тоҷикро кардӣ китоб.
Сӯхтӣ як умр баҳри миллати худ, сӯхтӣ,
Дар сарои фаҳмҳо шамъи хирад афрӯхтӣ,
Сӯйи фардо дидаи уммеди худро дӯхтӣ,
Дарси душвори худогоҳӣ ба мо омӯхтӣ,
Қомататро бори ранҷи умрбодӣ хам накард,
Дарди миллатро касе беҳтар зи ту марҳам накард.
Дафтари ту тоҷиконро достони нанг шуд,
Хомаи ту шаҳсутуни гунбади фарҳанг шуд,
Рӯдакӣ бинову созаш боз хушоҳанг шуд,
Пири дар дасташ асо берун зи хоросанг шуд,
Дар набарди ҳифзи нангу ном гаштӣ Қаҳрамон,
Дода аз рӯзи зафар пайғом, гаштӣ Қаҳрамон…



