ПАЙКИ НАҶОТ БО МОСТ Имрӯз пар кушода дил дар ҳавои миллат, Дорад сафои дигар тан аз сафои миллат. Дар ҷони мост ҷони ин халқи некойин, Бахту бақои мо шуд бахту бақои миллат. Наврӯзу Меҳргону ҷашни Сада бақо ёфт, Олам таронахон аст аз муждаҳои миллат. Сад қулла фатҳ гардид, сад қуллаест дар пеш, Фирӯз миллати мост […]Идома...
Хоно китоби бахти миллат шуд, Санги асоси кохи давлат шуд, Бар мулки мо рўҳи дигар бахшид, Бар халқи мо роҳи саодат шуд. Дилшодии афзун муборак бод, Таҷлили Сарқонун муборак бод! Мо табъи чун оби равон дорем, Рўҳи баланд аз осмон дорем, Дорем то дар даст Сарқонун, Мо тахту тоҷи ҷовидон дорем. Дилшодии афзун муборак бод, […]Идома...
Алии Муҳаммадии Хуросонӣ 75-сола шуд Душанбеи ҷавони ман Туро ман дӯст медорам, Душанбеи ҷавони ман, Бурун аз дида нагзорам, Душанбеи ҷавони ман. Куҳаншаҳре, ки имрӯзат беҳ аз боғи Ирам бошад, Ба ҳуснат ҳусни нав корам, Душанбеи ҷавони ман. Ба ҳар маҳфил, ба ҳар маҷлис, ба ҳар базму ба ҳар назме Сароғозӣ ба гуфторам, Душанбеи ҷавони […]Идома...
Марсия ва таърих ба даргузашти Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо Кадом боди самуме вазид ҷониби мо, Рабуд бехабар аз мо Каромати Мирзо. Рафиқи анҷуманорои гулситони адаб, Суханваре, ки зи аҷдоди нек дошт насаб. Адиби пешсафи насри даври Истиқлол, Зи сабру заҳмати пайваста кард касби камол. Муқими кунҷи қаноат, ҳафизи ганҷи адаб, Ба сеҳри хома бино […]Идома...
Гавҳарам тоҷик, маконам тоҷикист, «Миллатам тоҷик, забонам тоҷикист». Тоҷикӣ чун лафзи аҳли ҷаннат аст, Ин ҷаҳону он ҷаҳонам тоҷикист. Фӯтаи рангинкамонам дар миён, Ҳам замин, ҳам осмонам тоҷикист. «Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад»: Мағзи нойи устухонам тоҷикист. Бар тани ман номи дигар мениҳӣ? Чун кунӣ ҷонам? Ки ҷонам тоҷикист! Аз насими Рукнободам шунав: Бӯйи […]Идома...
Шоираи ширинбаён Нуқраи Суннатниё 75-сола шуд ШОДХОНӢ Халқи пурмеҳру суғдзоди маро, Нурбуёду нуршоди маро Эътиқодаш ба нур сармадӣ аст. Нури Эзад ба раг-рагаш ҷорӣ, Боварашро намебарад аз ёд, Мезанад чарх даври оташи пок Шаби ҷашни арӯсиаш ба мурод. Дар бари кӯҳсори гардунбӯс, То кашад сар чу қуллаҳо озод, Ояти Нур хонад ӯ доим, Ояд аз […]Идома...
*** Биё, шеърат бихонам – бехгӯшӣ, Чу наҷвои насими субҳгоҳӣ. Басо бигзашт аз ман рӯзу шабҳо, Ки бо ёре нахондам шеъри худро. Нишин наздиктар, то лаҳзае чанд Ба ҳам печад нафасҳои таболуд, Бигирад рангу бӯи бомдодон Маро ҳарфу ҳиҷоҳои шаболуд. Чу бар рӯям расад як тора мӯят, Маро сад мӯяраг афтад дар оташ. Биҳил, то […]Идома...
Ба муносибати 80-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ Аз насими номи ҳамтои гулаш бишкуфта медидем Ғунчаи дилҳову лабҳову назарҳоро, Эй басо ин номи ҳамчун гул Рӯбарӯи мо кушода рӯи дилҳо, […]Идома...
Ба муносибати 85-солагии Ато Муҳаммадҷонов Гар назаркардаи Худо бошӣ, Як ҳунарманд чун Ато бошӣ. Ҳамчунон ў ба саҳнаи тоҷик Ахтаре шав, ки дар само бошӣ. Як қавирўҳ-Аҳмади Дониш, Як хирадпешае чу Аллома, Чун Имоми Бухории сонӣ Бе ягон ҳуҷҷатеву бе нома. Чун ҷавонмард буд беҳамто, Чун ҳунарманд буд […]Идома...
Фарёд Шукронае ба дасти ғуборам намедиҳӣ, Як лола ҳам ба хоки мазорам намедиҳӣ. Осоиши нигоҳи маро бурдаӣ зи ёд, Дар гиря лутфу меҳри баҳорам намедиҳӣ. Ин хонаро ба хишти умедам насохтам, Фарёди бекасии саворам намедиҳӣ. Тирамоҳи ашк Тирамоҳи ашки ман афсона нест, Хона дорад дар сари роҳи нигоҳ. Офтобаш бо хаёли шуълаест, Моҳтобаш аз шабам […]Идома...



