27 май дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат маҳфили адабӣ баргузор гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, муовини аввали раис Ато Мирхоҷа, Шоирони халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ, Камол Насрулло, Аскар Ҳаким, Ҳақназар Ғоиб, Рустам Ваҳҳобзода, котиби масъули бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар […]Идома...
27 майи соли равон маҷлиси навбатии Садорати ИНТ баргузор гардид. Сараввал Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ба аъзои Садорат барору комёбӣ хоста, зикр намуд, ки адибони мамлакат истиқболи сазовори ҷашнҳои бузурги давлатиро сармашқи фаъолиятҳои адабию эҷодии худ қарор дода, баҳри офаридани осори арзишманди бадеӣ ва тарѓиби бунёдкориҳо ва таҳкими сулҳу ваҳдат саъю талош менамоянд. […]Идома...
29 апрел дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолияти ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» дар соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Адибону адабиётшиносон, муаллифону хонандагони доимии нашрия ва кормандони он дар нишаст иштирок карданд. Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дар сухани ифтитоҳии худ зикр кард, ки пеш аз ҳама бо кўшишу талоши роҳбарияти ИНТ ва […]Идома...
Раҳмат НАЗРӢ Ба устод Мирсаид Миршакар Офарин, офарин ба имонаш, Ки барафрўхт гулхани ҷонаш. Ў дар ободгоҳи дашти Вахш Буд аз мардҳои майдонаш. Аз кафи чангбодҳо бигрифт Гарди хоки Ватан ба мижгонаш Канд сарҷў ба ҷўяҳои кишт, Рехт оби ҷабин ба домонаш. Аз баҳори ҷавонии ў руст Донаҳои умеду армонаш. Гўиё сабз шуд чу дастниҳол […]Идома...
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Муҳаммадтақӣ Собириро бо хоҳиши он ҷониб ба ҳузур пазируфт. Дар бораи вазъу дурнамои муносибатҳои адабӣ миёни ду мамлакат, иштироки адибон дар ҳамоишҳои баландпояи кишварҳои ҳамдигар, ба ҷонибҳо дастрас намудани осори ҷолиби адабӣ суҳбати самимона сурат гирифт. Аз ҷумла, ҷонибҳо оид ба иштироки адибони тоҷик […]Идома...
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим гурўҳи адибону ноширони Санкт-Петербургро, ки барои кўдакону наврасон эҷоду чоп мекунанд, ба ҳузур пазируфт. Бо хоҳиши меҳмонон ба онҳо дар бораи таърихи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ташаккулу такомули адабиёти кўдакону наврасон дар Тоҷикистон, самтҳои фаъолияти бахши кўдакону наврасони созмон маълумот дода шуд. Роҳбари гурўҳи адибону ноширон Кристина Кретова оид ба […]Идома...
Пайвастагии ин се мафҳуми калидӣ, ки дар унвони навишта канори ҳам чида шудаанд, танҳо як ҳамоҳангии лафзӣ набуда, балки дар воқеияти ҳаёт низ миёни онҳо пайванди унсурии ногусастанӣ вуҷуд дорад. Моҳияти ин занҷираи мантиқӣ чунин аст, ки танҳо маорифи илмбунёд ва моҳиятан миллӣ метавонад ҷаҳонбинии солиму ратсионалии фардро ташаккул дода, дарки амалгароёнаи (прагматикии) арзишҳо ва […]Идома...
Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Сюжети романи «Саройи санг»-и А. Мирхоҷа дар пасманзари рўйдодҳои таърихӣ сурат мегирад, ки воқеаҳо ба воқеият асос ёфта, бо таърих робита доранд. Ин як навъ барқарорсозии бадеии воқеияти таърихӣ дар бораи рўзгори сангини тоҷикони минтақаи Шуғнон дар партави ҳодисаҳои солҳои 1860-1880 ва муборизаи шадиди мардуми баландкўҳ […]Идома...
БА ПЕШВОЗИ 9- МАЙ РӮЗИ ҒАЛАБА Боре, ҳангоми яке аз суҳбатҳои муқаррарии самимона бо дўстам Муъмин, баччагиҳои ба айёми ҷанг ростомадаамонро ба ёд овардем. Нағз дар ёд дорам, чӣ гуна нақлаш дар бораи маросими фоҷиабоу дил фишори ёдбуди ашкбори қурбониёни ҷанг, ки дар зодгоҳаш – Дарвоз роиҷ аст, моту мабҳутам карда буд. Дар хонае, ки […]Идома...
Дар асари Кароматуллоҳи Мирзо «Ишқи Сархўр» тақдири инсони муосир тавассути бархўрдҳои иҷтимоӣ ва низоъҳои зиндагӣ бо услуби моҷароӣ ба силки тасвир кашида шудааст. Нависанда дар таълифи асари иҷтимоӣ ҳамчун пажуҳишгар, сиёсатмадор муносибат карда, ба ҳаводиси наве, ки дар ҷомеа ба миён меояд, бодиққат назар афканда, мафҳум, моҳият ва масъалаҳои ҷомеаро дар дарунмояи ин навъи асар […]Идома...