Ёде аз парвози «Гунҷишки сафед»

 Ёде аз парвози «Гунҷишки сафед»

24 ноябр дар Иттифоқи нависан­дагони Тоҷикистон маҳфили ёдбуди нависанда, барандаи Ҷоизаи давла­тии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Сайф Раҳимзоди Афардӣ баргузор шуд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ба маҳфил оғоз бахшида, гуфт:

«Мо бо Сайф Раҳимзоди Афардӣ то даргузашташ ошноии бистсола доштем. Вақте ки дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор ме­кардам, дар шумори дигар дӯстону бародаронаш аввалин хонандаи бештари навиштаҳояш будам. Сайф ба зуд-зуд чоп кардани асарҳояш ҳавас надошт. Бо талоши мову Раҳмон Остону чанд тани дигар як ҳикояи калонашро ба рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» овард, ки «Гунҷишки сафед» ном гирифта буд. Ҳис кардем, ки ба адабиёт нафаси гарму тозае омадааст. Баъдан Сайф дар доираи адабӣ хеле маъруф шуд. Вақте китоби аввалинаш ба нашр расид, аввалин тақризро ба он ман навиштам. Сайф доираи васеи муто­лиа дошт ва ба дигарон ҳам ҳамеша хондани китобҳои хубро тавсия ме­дод. Нависандае буд, ки ба сабки худаш менавишт. Ва бо ҳамон сабк, хушбахтона, хонанда ӯро пазируфт. Имрӯз дар радифи нависандагони бузурги асрҳои XX-XXI-и мо ном­бар мешавад. Барои ман «Қиссаи ситораи сари танӯр»-и ӯ баробари қиссаҳои Фазлиддин Муҳаммадиев, «Тобистон»-и Пӯлод Толис вазну мақом дорад»

Гардонандаи маҳфил Нависан­даи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад иброз дошт, ки ҳарчанд Сайф Раҳимзоди Афардӣ умри кӯтоҳ дид, осори арзишманд аз ӯ мерос монд. Эҷодиёти адиби хушном дар зинда­гияш аз ҷониби аҳли нақд пазироӣ ёфт. Дар шабу рӯзи бузургдошти хотираи нависанда бо дастгирии Президенти мамлакатамон муҳта­рам Эмомалӣ Раҳмон се ҷилд ки­тоби ӯ – «Чашми саҳар», «Доғҳои офтоб», «Аз ёдҳо, аз ёдҳо» рӯйи чоп омаданд.

Профессор Умар Сафар чопи ду­вуми китоби маҷмуаи мақолаҳои дар бораи осори Афардӣ таълифкардаи худро, ки «Дар соясори марг» ном гирифтааст, рӯнамоӣ намуд.

Сафар Ҳақдод, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон аз он ёдо­вар шуд, ки охири солҳои ҳаштодум, дар давраи бозсозӣ вақте Сайф ба «Тоҷикфилм» ба кор омад, кори кино мушкилиҳои зиёд дошт. Аммо ӯ, пеш аз ҳама, мавқеи кормандони ҷавонро мустаҳкам кард.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Бароти Абдураҳмон аз давраҳои ҷавонӣ ва донишҷӯии адиби зиндаёд хотираҳои ҷолиб нақл кард. Шоир Абдулқодири Раҳим, мудири бах­ши насри маҷаллаи «Садои Шарқ» Баҳманёр Муродӣ ва дигарон низ дар бораи осори Сайф Раҳимзоди Афардӣ андешаронӣ намуданд.

Тоҷиддини АЗИЗ, «АС»

Дигар хабарҳо