Ватан – сарчашмаи бахту саодат Дар Кохи ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент маҳфили адабию фарҳангии адиб, рӯзноманигор, барандаи Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Абдурауф Муродӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ватан – сарчашмаи бахту саодат» бо иштироки аҳли […]Идома...
Романе чун оинаи зиндагӣ 14 июн дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 50-солагии нашри романи «Палатаи кунҷакӣ»-и устод Фазлиддин Муҳаммадиев маҳфили илмӣ-адабӣ доир гашт. Гардонандаи маҳфил муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод дар оғоз гуфт, ки Фазлиддин Муҳаммадиев аз адибони соҳибмактаб буда, ба насри психологӣ асос гузоштааст. Романи «Палатаи кунҷакӣ» ҳам дар адабиёти мо ва ҳам […]Идома...
Маркази тарҷумаи назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ду ҷилд китобро аз забони тоҷикӣ ба забони ӯзбекӣ бо номи “Ҳозирги замон тожик насри” тарҷума намуда, ба нашр расонид. Китобҳои мазкур аз тарафи узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Омонбой Ҷуманов тарҷума шудаанд. Ин китобҳо ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар ду ҷилд ба нашр расидаанд. Дар […]Идома...
Имрӯз ба муносибати 90-солагии адиби зиндаёд Ҷумъабой Азизқулов дар толори хурди Иттифоқи нависандагон зери номи «Олим ва тарҷумони тавоно» нишасти илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Дар ин нишаст адибон ва донишмандони варзидаи кишвар аз қабили Абдунабӣ Сатторзода, Абдураҳмон Абдуманнон, Носирҷон Салимӣ, Камол Насрулло, Шералӣ Мӯсо, Шамсиддин Солеҳ ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд. Муовини аввали раиси ИНТ […]Идома...
Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзуи «Баррасии ҳусну қубҳи эҷодиёти адибони ҷавон» ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор шуд. Мудири бахши назми ИНТ Толиби Луқмон ба ҳамоиш оғоз бахшид. – Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳусну қубҳ ва бурду бохти навиштаҳои адибони ҷавонро, ки дар чанд соли охир ҳам дар нашрияҳо, ҳам дар маҷмуаҳои алоҳидаву дастҷамъӣ ба […]Идома...
16 май дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Конфронси илмӣ-адабӣ бахшида ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» баргузор шуд. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа ба конфронс ҳусни оғоз бахшид. Директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”, профессор Абдулҳамид Қаюмов дар бораи ин марказ ва фаъолияташ маълумоти муҳим дода, ба саволҳои ҷамъомадагон […]Идома...
Дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон 20 май дар ҳамдастӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешвози Рӯзи ҷавонон базми шеъру суруд баргузор гардид. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа ва муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Умед Раҳимзода дар оғози маҳфил аз […]Идома...
17 май дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Ӯлмас Ҷамол – пайвандгари ду миллат, ду адабиёт» баргузор гашт. Раиси ИНТ Низом Қосим дар оғози маҳфил гуфт, ки Ӯлмас Ҷамол барои тарғиби назму наср ва очерку публитсистикаи ду миллати ҳамҷавор хидмати зиёд кардааст. Наздики 10 асари саҳнавии адибони тоҷикро ба забони ӯзбекӣ тарҷума намудааст, […]Идома...
Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-адабӣ дар мавзуи «Нақши Маркази тарҷумаи бадеии Иттифоқи нависандагон дар тарғиби адабиёти муосири тоҷик» доир гашт. Муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод ҳамоишро оғоз бахшид. Сипас сармуҳаррири марказ Фирдавс Табаров дар бораи саҳми он дар муаррифии дастовардҳои адабиёти мусири тоҷик маъруза пешниҳод намуд. Гуфта шуд, ки дар тули фаъолият кормандони марказ […]Идома...
Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии адабиётшинос Абдушукури Абдусаттор маҳфили илмӣ-адабӣ доир шуд. Маҳфилро муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа оғоз бахшид. Профессор Мисбоҳиддин Нарзиқул ва адабиётшинос Нурулло Ғиёсов дар бораи корҳои илмии номбурда маърузаҳо пешниҳод намуданд. – Абдушукури Абдусаттор пажуҳишгари дақиқкор буд. Маводҳои заруриро ҷамъ меовард, фикрҳои ҳампешагонро ба назар мегирифт, сипас андешаҳои […]Идома...