Ҷашни шоир

 Ҷашни шоир

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 70-солагии шоир Иззатбек Идизода маҳфили адабӣ доир гашт. Пас аз сухани ифтитоҳии гардонандаи маҳфил, раиси ИНТ Низом Қосим паёми шодбошии раиси ноҳияи Нуробод шунида шуд.

Шоирону нависандагони халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо, Муҳаммад Ғоиб, Рустам Ваҳҳобзода, Муҳтарам Ҳотам, адибон Шаҳрия Аҳтамзод, Зариф Ғулом ва дигарон дар бораи шахсият ва эҷодиёти Иззатбек сухан карданд. Суҳбат дар атрофи маҷмуаҳои «Ба ҷўйи нав об омад», «Шаббода», «Духтари шаб», «Як гули садбарг»-и Иззатбек Идизода судманду хотирмон сурат гирифт. Таъкид гардид, ки китоби «Шаббода» соли равон дар Озмуни «Китоби сол», дар бахши назм ғолиб омад. Саид Сангин ашъори ба русӣ тарҷумакардаи соҳибҷашнро
пешниҳоди иштирокдорон намуд.

Сурудҳои аз матнҳои Иззатбек Идизода пешкашгардида истиқболи гарм ёфтанд.

Дигар хабарҳо