Маҳфили ҷавониву меҳр

 Маҳфили ҷавониву меҳр

Дар толори Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили шеъри шоири ҷавон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Бузургмеҳри Баҳодур таҳти номи «Ин Ватанро сохтан осон набуд» баргузор гардид.
Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон ба маҳфил ҳусни оғоз бахшида, дар бораи навиштаҳои Бузургмеҳри Баҳодур сухан кард. Сипас Бузургмеҳр аз шеърҳои худ ба ҷамъомадагон қироат намуд. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Лола Азизова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Хуршеди Иброҳим ва сарояндагони дигар оҳангҳои бар матнҳои шоир бастаи худро пешниҳоди иштирокдорон карданд.

Бузургмеҳри Баҳодур муаллифи китобҳои «Ҳамболи турнаҳо», «Баҳор овардан осон нест» ва «Соғари садо» буда, аз зумраи эҷодкорони ҷавони шинохта аст. Намунаи шеърҳои ӯ дар радифи шеърҳои чанд тан аз эҷодкорони ҷавони дигар ба забонҳои англисиву ӯзбекӣ тарҷумаву нашр гардидаанд.

Дигар хабарҳо