24 феврали соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки аҳли адабу илм муҳтавои маводи соли 2021 дар «Садои Шарқ» чопшуда мавриди баррасӣ қарор гирифт. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар оғоз фаъолияти маҷалларо дар соли гузашта хубу пурбор арзёбӣ намуд ва матлабҳои дар ҳар бахш нашршудаи онро намоёнгари сатҳу сифати адабиёти имрўзамон донист. […]Идома...
18-уми феврали соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзўи «Жанри ҳикоя ва инкишофи он дар насри муосир» мизи гирд баргузор гардид, ки дар он адибону пажуҳишгарони шинохта ширкат варзиданд. Муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод дар оғоз изҳор дошт, ки ҳикоя аз муҳимтарин ва пурхонандатарин жанрҳои насри бадеӣ буда, аз нависанда маҳорату ҳунари хос талаб […]Идома...
16-уми феврали соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки адибону пажуҳишгарон ва донишҷўён ба муносибати 100-солагии шоираи маъруф Жола Бадеъ маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Дар бораи рўзгори пуршўр, муборизаҳои озодихоҳона, муҳоҷирати Жола аз ватанаш Эрон ба Иттиҳоди Шўравӣ, робитаи ў бо Тоҷикистон ва аҳли адабу мардуми он муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа зимни […]Идома...
Ба муносибати 110-солагии нависанда ва публитсист Алӣ Хуши Найистонӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабиву илмӣ доир гардид. Маҳфилро муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа бо суханронии муфассал дар бораи хидматҳои шоёни Алӣ Хуш дар ташаккули адабиёти муосир ва матбуоти тоҷик дар солҳои бистуму сиюми қарни гузашта ҳусни оғоз бахшид. Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, […]Идома...
Бо дархости Сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров мулоқоти ў бо Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид. Низом Қосим меҳмонро бо таърихи созмони эҷодӣ ва ҳаёти имрўзаи он ошно карда, аз робитаҳои бисёрасраи халқу кишварҳоямон ҳарф зад. Алимирзамин Аскаров аз робитаҳои ҳасанаи ду кишвар дар соҳаҳои гуногун ёдовар шуда, ҳамкориҳои адабиро зарур шуморид. […]Идома...
Адибони тоҷик озодиву ободии Ватани азизамонро аз ҷону дил гиромӣ медоранд, зеро хуб дарку эҳсос мекунанд, ки ин неъматҳои беназир дар баҳои ашку хун ва ҷони ҳазорон ҳамватанонамон ба даст омадаанд ва пояи ҳастии ин давлату миллат ва кафолати ояндаи ин марзу буманд. Аз ин рў, рухдодҳои маркази вилояти Бадахшонро бо ларзаи дилу ҷон эҳсос […]Идома...
31-уми январ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзўи «Мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризм дар осори публитсистӣ» бо иштироки аҳли адаб ва рўзноманигорон семинари илмиву адабӣ баргузор гардид. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар оғоз мубрамияти мавзўи мазкурро дар ҷаҳони имрўза таъкид намуда, иброз дошт, ки семинар бо мақсади огоҳии бештар ёфтани адибон аз […]Идома...
Гузориш аз фаъолияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар соли 2021 Иттифоқи нависандагон дар соли ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти хешро тибқи нақшаи кори Раёсат ба роҳ монда, як қатор корҳоро ба сомон расонд. Пеш аз ҳама, адибони мо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани супориш, амр ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу […]Идома...
26-уми январи соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии нашри достони «Қишлоқи тиллоӣ»-и Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар маҳфили адабиву илмӣ баргузор гардид. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа зимни ифтитоҳи маҳфил изҳор дошт, ки достони «Қишлоқи тиллоӣ» аз ҷумлаи нахустин достонҳои адабиёти муосири тоҷик мебошад ва аз ҷиҳати мазмуну ғоя, тарзу шеваи […]Идома...
Бо даъвати Раиси Иттифоқи нависандагони Ўзбекистон, Шоири халқии Ўзбекистон Сироҷиддин Саййид ва Сафорати ин мамлакат дар шаҳри Душанбе Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим аз 8 то 11- уми декабр дар чорабиниҳо бахшида ба 80-солагии Қаҳрамони Ўзбекистон, Шоири халқии Ўзбекистон, муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Ўзбекистон Абдулло Орифов дар шаҳри Тошканд иштирок дошт. Дар толори калони […]Идома...