Як соли маҷаллаи «Памир»

 Як соли маҷаллаи  «Памир»

Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолияти «Памир», маҷаллаи русӣ, нашрияи бадеӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсии ИНТ дар соли 2022 бо иштироки аҳли адаб, кормандони маҷалла ва муаллифони фаъол натиҷагирӣ карда шуд.

Дар оғоз сардабири «Памир» адиби шинохта Мансур Суруш дар бораи маҷаллаи мазкур маълумоти ҷолибу судманд пешниҳод намуд. Сипас тарҷумон ва рӯзноманигори маъруф Амалхонум Гаҷиева, муҳаққиқон Саидалӣ Муҳиддинов ва Азимҷон Аминов, корманди маркази тарҷумаи ИНТ Фирдавс Табаров ва дигарон дар бораи асарҳое, ки соли сипаришуда дар «Памир» ба нашр расиданд, андешаронӣ карданд.

«Памир» намунаҳои беҳтарини назму наср, драматургияи муосири тоҷик ва вобаста ба ҷашнҳо дурдонаҳои адабиёти классики тоҷикро дар тарҷума ба забони русӣ муаррифӣ мекунад. Масъалаҳои рушди минбаъдаи адабиёти муосири тоҷикро тавассути тақризу мақолаҳои олимон баррасӣ менамояд, оид ба масъалаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа мақолаҳои публитсистӣ нашр месозад. Инчунин хонандагонро бо беҳтарин асарҳои адабии кишварҳои дигар, ки ба Тоҷикистон, таърихи тоҷикон бахшида шудааст, шинос мекунад. Маҷалла бо адибону олимон ва тарҷумонҳои тоҷик ҳамкории пайваста дорад.

Дигар хабарҳо