Маҳфиле пур аз орзуи ҷавонӣ

 Маҳфиле пур аз орзуи ҷавонӣ

1-уми майи соли равон дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили эҷодии шоири ҷавону муваффақ Бузургмеҳри Тоҷиддин баргузор гардид. Шоири халқии Тоҷикистон, узви Раёсати ИНТ Камол Насрулло бо суханронӣ дар атрофи шеъри ҷавонони тоҷик, аз ҷумла шеърҳои Бузургмеҳри Тоҷиддин маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки имрўз дар адабиёти мо ҷавонони воқеан баистеъдоду ҳунарманде ҳастанд, ки навиштаҳояшон таровату тозагӣ доранд. Номбурда ба шеърҳои Бузургмеҳри Тоҷиддин, ки дар китоби наваш – «Навори ҷавонӣ» гирд омадаанд, баҳои хуб дода, бозёфтҳои ўро дар маъниву тасвир ва тарзи ифода бо мисолҳои мушаххас зикр намуд.

Сипас Бузургмеҳри Тоҷиддин аз китоби тозаи худ ғазалу рубоиву дубайтиҳо хонд, ки аз тарафи аҳли толор пазироии хуб ёфт.

Сарояндагони хушовоз Орзугул Хўҷамова, Эркин Одинаев, Зиёвиддини Нурзод ва Зафар Каримӣ бо сурудҳои аз матни шоир эҷодшуда ба маҳфил гармӣ бахшиданд. Ҳамчунин шоир Исмоил Зарифӣ дар бораи ашъори Бузургмеҳр андешаҳояшро баён кард ва шоирони ҷавон Насимбек Қурбонзода, Кўҳзоди Фатҳулло, Синои Абўалӣ ва Малоҳат Толибова шеърхонӣ карданд.

Дар охир Бузургмеҳр ба роҳбарияти ИНТ ва устодоне, ки ўро дар ҷодаи шеър раҳнамоӣ мекунанд, арзи сипос намуд. Маҳфили мазкур, ки ба пешвози Рўзи ҷавонон баргузор гардид, иқдоми муассире буд ҷиҳати муаррифии ашъори шоирони ҷавон ва имтиҳоне дар назди хонандагон.

Мавриди ёдоварист, ки Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои пуштибониву ғамхории адибони ҷавон пайваста талош дорад. Сол аз сол афзудани шумораи ҷавонон дар сафи аъзои ИНТ ва нашри осори онҳо дар нашрияҳои адабии ин созмон далели возеҳи ин гуфтаҳо мебошанд.

Дигар хабарҳо