Бузургдошти Мавлоно дар ИНТ

 Бузургдошти Мавлоно дар ИНТ

3-юми октябр дар Иттифоқи на­висандагони Тоҷикистон ба муноси­бати Рӯзи Мавлоно нишасти адабӣ баргузор шуд. Муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод ба он ифтитоҳ бахшид.

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрух­сор Сафӣ, муҳаққиқон Ҳасан Султон, Мубашшир Акбарзод, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ибодулло Ма­шраб ва дигарон дар бораи Мавлоно ва навиштаҳои пурғановати ӯ суханронӣ намуданд.

Аз ҷумла, Гулрухсор Сафӣ иброз дошт, ки Мавлоно худ эъҷоз аст. Илмро шеър кард. Ӯ дар симои худ барномаи ҷаҳонӣ шудани як инсонро барои мардуми гуногунмил­лат пешниҳод намуд. Агар мо даҳ миллиард шавем ҳам, Мавлоно як нафари алоҳида боқӣ мемонад.

Ҳасан Султон дар бораи шеъри Мавлоно маърузаи худро ироа кард. Муҳаққиқ Мубашшир Акбарзод дар бораи заминаҳои аз замони шуравӣ то кунун ба хонанда дастрас гаштани осори Мавлоно ҳарф зада, аз баъзе нуқсу камбудии нашри онҳо мисолҳо овард.

«Аз «Маснавии Маънавӣ» ме­тавон ҳам барои театр ва ҳам барои кино саҳнаҳо сохт. Имкони зиёди ба навор гирифтани силсилафилмҳо низ ҳаст», — гуфт номбурда.

Дигар хабарҳо