Имрӯз ва фардои публитсистика

 Имрӯз ва фардои публитсистика

Дар Иттифоқи нависандагон 31 марта маҳфили «Гуфтугӯ аз эҷод» дар бахши паблитсистика баргузор шуд. Дар кори он устодони шинохтаи соҳа, муҳассилини ДМТ, мактаби соҳибистеъдодҳои Академияи хурд, ширкат ва суханронӣ намуданд.

Доир ба шаклу муҳтавои публитсистика бадеӣ, теъдод ва сифати очерк, лавҳа, эссе, фелетон, памфлет иштирокчиёни маҳфил андешаҳои худро баён намуданд.

– Мо, се нафар ширкатдорони ин маҳфил – Бахтиёр Муртазо, Шералӣ Мӯсо ва инҷониб аз публитсистика ба адабиёт ворид шуда, сазовори унвони Нависандаи халқии ҷумҳурӣ шудем, – зикруд намкруд Ато Ҳамдам. – Имрӯз барои паблитсистикаи бадеӣ, очерк унсурҳои бадеии бамавқеъ истифодашуда зарур аст. Мутаассифона, дар в жанре бештар адибони калонсол менависанд, ҷавонро тарбият кардан лозим. Қаҳрамонҳо дар коргоҳ, маҳалли зисти шумо зиёданд. Онҳоро пайдо кардан ва баррасӣ намудани зиндагиномаашон зарур аст. мовонем ба хоҳишмандон кумак расонем.

– Ин бахши душворписанди адабӣ як сир дорад, – гуфт Шералӣ Мусо, Нависандаи халқии Тоҷикистон, – шавқу завқи эҷод, мушоҳидакорӣ, омӯзиши амиқи масъала ва қаҳрамон. Ҳамин шавқ маро, ки муҳандиси мошинсоз будам, ба адабиёт пайваст ва ҳоло ҳам менависам, таҳрир мекунам ва пайваста дар саф мондаам. Дар очерк тасвири ҷузъиёти ҳаёти инсон, вазъиятҳои гуногуни руҳию ҷисмонии одам, ки бисёр вақт паси далелу рақамҳои истеҳсолию эҷодӣ мемонанд, басо муҳим аст.

– Публитсистика мавзуъ ва муҳтавои хоси худро дорад, ҳамзистии тамаддунҳо, таъсири манфии идеологияи кишварҳои дигар, хатарҳои глобалии ҷаҳонишавӣ ва ғайра, – кр намуд устоди ДМТ, номзади илми филолог Мухторутбид. – Донишҷӯён имрӯз аз техникиву технологиии муосир хуб истифода мебаранд, ба онҳо таҷрибаи амалӣ ва роҳбаладии устодони соҳа зарур аст.

Мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагон Сироҷиддин Икромӣ оид ба таъсири манфии фарҳанги Ғарб ва рушди афкори миллӣ сухан ронда, онро аз масъалаҳои мубрами рӯз, вазифаи публитсистика ҳисобид. Мебояд бо асари ҷолиб ба руҳияи мардум таъсири нек расонд. Дар баробари халқҳои дигари ҷаҳон имрӯз руҳияи фаъолро тарбия кардан зарур аст. Публитсист бо дониши васеъ, ҷамъ овардани далелу бурҳон ба руҳияи қаҳрамон ворид шавад ва тимсолҳои волоро ба ҳамзамонон пешниҳод намояд.

Бахтиёр Муртазо, Нависандаи халқии Тоҷикистон, аз он ёдовар шуд, ки публикистон, махсусан очерк, омӯзиши бештари масъала ва қаҳрамонро талаб мекунад. – Устод Мутеулло Наҷмиддинов барои омӯхтани шахсияти сарчӯпони ноҳияи Данғара Тӯрахон Тошев борҳо ба чарогоҳи дурдаст рафта, қаҳрамонро дар муҳити корӣ, сифатҳои инсонии ро омӯхтаанд. Барои журналисту адибони ҷавон чунин шароитро муҳайё кардан лозим аст.

Муовини раиси Иттифоқи нависандагон Равшани Махсумзод аз публитсистика асарҳое таманно дошт, ки чун жанри фаъоли таблиғотӣ аз инсонҳои бунёдкор, хатарҳои глобалӣ ҳикоят карда, меъёрҳои олии инсонӣ, дастовардҳои муҳимми ҳамзамононро тарғиб ва ташвиқ намояд. Аз ҷониби ҷавонон майлу хоҳиш ва омӯзиши ин ҷодаи заҳматталаб зарур аст. Дар натиҷаи ҳамкорӣ ба мақсад расидан мумкин аст.

Публитсистика аз дидгоҳи баланд, аз интихоби мавзуи ҳассоси замон ва қаҳрамони сазовор оғоз гашта, бурду бохти ҳамзамонон, мушкилоти замон, таъсири фарҳангҳои бегона, пешгирии ифротгароӣ, зӯроварӣ ва ғайраро баррасӣ менамояд, аз бунёди сохтмонҳои азим, нақбу роҳ, иншооти нодир, кашфу коркарди конҳои нав, қаҳрамониу далерии халқ хикоят мекунад. Таҷрибаи адибони насли калонсол роҳу воситаҳои тасвири қаҳрамони ҷабҳаи мехнат ва ҷанг барои ҷавонон намунаи ибрат аст. Мутаассифона, ҷавонон онҳоро фаромӯш мекунанд. Дуюм, дар матбуот в жанрҳо кам истифода мешаванд, ки ин омил ҷавонро аз ин намуди адабӣ дилсард менамояд. Публитсистика фаъол ба нашрияҳо зарур буда, дар мавриди даркорӣ боз адибони калонсол ба кумак меоянд. Ҳама масъулини соҳа бояд сари ин масъалаҳо андеша намуда, барои рушди соҳа саҳмгузор бошанд.

Ҷумъа Қуддус,

мудири шуъбаи очерк в публикации ИНТ

Дигар хабарҳо