Гуфтугӯ аз эҷод

 Гуфтугӯ аз эҷод

14 июл дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо ибтикори бахши назм маҳфили «Гуфтугӯ аз эҷод» баргузор гардид, ки дар он китоби шеърҳои шоир Саъдӣ Мирзо бо номи «Парвини хаёл» рӯнамоӣ шуд. Гардонандаи маҳфил – мудири бахши назми ИНТ Толиби Луқмон, Шоирони халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким ва Рустам Ваҳҳобзода, адабиётшиносон Абдунабӣ Сатторзода ва Ҳафиз Раҳмон, адиб Иззатбеки Идизод, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сангин Гулзод ва дигарон дар бораи китоби тозанашр андешаронӣ намуданд.

Мавриди ёдоварист, ки маҷмуаи «Парвини хаёл»-и Саъдӣ Мирзо тавассути нашриёти «Адиб» ба нашр расида, дар он ашъори дар солҳои гуногун эҷоднамудаи муаллиф ҷамъоварӣ гардидаанд. Ровӣ Саодат Шарифзода чанд шеъри Саъдӣ Мирзоро бо маҳорати хос ба гўши ҷамъомадагон расонид. Дар охир муаллифи маҷмуаи тозанашр Саъдӣ Мирзо ба ҷамъомадагон изҳори ташаккур намуда, аз навиштаҳои худ қироат кард.

Дигар хабарҳо