24 июн Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон якҷо бо Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллиро таҷлил намуданд. Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим ва сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода дар оғоз ҷамъомадагонро бо ин ҷашни пуршукӯҳ муборакбод гуфтанд. Таъкид гардид, ки ваҳдати миллӣ чун омили тақвиятдиҳандаи Истиқлоли давлатӣ сарнавишти Тоҷикистони […]Идома...
Дар Димишқ маҷмӯаи ашъори панҷ шоири шинохтаи Тоҷикистон ба забони арабӣ таҳти унвони «Ҳамосаи панҷгона» ба табъ расид. Нашриёти «Амал ал-ҷадида» дар Димишқ – пойтахти Ҷумҳурии Арабии Сурия маҷмӯаи ашъори панҷ шоири халқии шинохтаи Тоҷикистон — Низом Қосим, Гулназар, Гулрухсор, Фарзона ва Доро Наҷотро дар тарҷума ба забони арабӣ таҳти унвони «Ҳамосаи панҷгона» ба табъ […]Идома...
Дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон китоби тозанашри шоир, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рӯдобаи Мукаррам рӯнамоӣ шуд, ки «Навои рӯди кӯҳистон» унвон гирифтаву дар ҶДММ «Эр-граф» ба зевари табъ ороста гардидааст. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, Шоирони халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, адабиётшиносон Мисбоҳиддин Нарзиқул, Умриддин Юсуфӣ ва дигарон […]Идома...
Абдураҳмони АБДУМАННОН: Маърузае, ки аз Рустам Ваҳҳобзода шунидем, хеле фарогир буд ва қариб ба тамоми ҷанбаҳо ва махсусиятҳои нақди адабии кунунӣ равшанӣ андохт. Ҳамчунин мақолае, ки дирӯз аз Бадриддин Мақсудзода вобаста ба баррасии маводи нақд дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» дар соли 2021 нашр шуд, бурду бохти ин соҳаро хеле ҳирфаӣ ва одилона ошкор кард. […]Идома...
(Гузориши Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон) Рӯйдоди таърихии даҳаи охири қарни бистум ва муяссар гардидани Истиқлоли давлатӣ барои ба миён омадани андешаи тоза, боло рафтани ҳисси худшиносӣ, омӯзиши амиқи таърихи гузашта, арҷгузорӣ ба фарҳангу суннат ва ташаккулёбии тафаккури миллии мо заминаи мусоид фароҳам овард. Нависандагони даврони Истиқлол имкон пайдо карданд, ки рӯзгори пешину имрӯзро бо диди […]Идома...
(Суханронӣ дар маҳфили адабию ҳунарии бахшида ба 90-солагии устод Муъмин Қаноат) Низом ҚОСИМ, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Устод Муъмин Қаноат шоирест, ки бо нафаси комилан тоза ва садову симои хос вориди адабиёт шуд ва аз ҳамон оѓоз шеърҳои пуртаровату пурсанъату пурмуҳаббаташ табъи устодонро болида намуд. Мураббии маъруфи адибони ҷавон Боқӣ Раҳимзода дар хотираҳои хондании «Дӯсти […]Идома...
Бадриддин МАҚСУДЗОДА Ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» дар миёни рӯзномаҳои мо, дар воқеъ, ягона нашрияест, ки инъикоскунандаи ҳаёти фарҳангию адабии кишвар буда, дар ташаккул ва инкишоф додани завқи бадеӣ ва донишҳои адабии ҷомеа ҷойгоҳи муҳимме дорад. Аз ин ҷост, ки нашрияи адабии мазкур бо интишори матолиби ҷолиб дар байни мардум ҳамвора аз эътибори хоссае бархурдор аст. […]Идома...
27 май дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат маҳфили адабӣ баргузор гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, муовини аввали раис Ато Мирхоҷа, Шоирони халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ, Камол Насрулло, Аскар Ҳаким, Ҳақназар Ғоиб, Рустам Ваҳҳобзода, котиби масъули бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар […]Идома...
27 майи соли равон маҷлиси навбатии Садорати ИНТ баргузор гардид. Сараввал Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ба аъзои Садорат барору комёбӣ хоста, зикр намуд, ки адибони мамлакат истиқболи сазовори ҷашнҳои бузурги давлатиро сармашқи фаъолиятҳои адабию эҷодии худ қарор дода, баҳри офаридани осори арзишманди бадеӣ ва тарѓиби бунёдкориҳо ва таҳкими сулҳу ваҳдат саъю талош менамоянд. […]Идома...
29 апрел дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолияти ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» дар соли 2021 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Адибону адабиётшиносон, муаллифону хонандагони доимии нашрия ва кормандони он дар нишаст иштирок карданд. Муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа дар сухани ифтитоҳии худ зикр кард, ки пеш аз ҳама бо кўшишу талоши роҳбарияти ИНТ ва […]Идома...