ШОДӢ СОЛЕҲ 10 январи соли 1947 дар деҳаи Қазоқони ноҳияи Ленин, таваллуд ёфтааст. Соли 1966 мактаб-интернати №2 шаҳри Душанберо хатм карда ҳамон сол вориди шуъбаи актёрии Донишкадаи давлатии театрии ба номи А. В. Луначарский (Маскав) шудааст. Соли 1971 Донишгоҳи театриро хатм карда, ба Ватан баргаштааст ва то нафақаву баъди он дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон […]Идома...
НУР ТАБАР 15 июли соли 1941 дар деҳаи Ғешии ноҳияи Кофарниҳон (Ваҳдат) ба ҷаҳон омадааст. Соли 1962 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, соли 1970 шуъбаи рӯзноманигории Мактаби олии ҳизбии Маскавро ба итмом расонда, солҳои тӯлонӣ корманди матбуот, аз ҷумла, ходими адабӣ, котиби масъул, ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», хабарнигори махсуси […]Идома...
АТО ҲАМДАМ 13 июни соли 1948 дар деҳаи Сангчашмаи дараи Алмосии ноҳияи Ҳисор ба ҷаҳон омада, пас аз хатми мактаби ҳаштсолаи деҳа Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-маърифатии ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ), факултаи филологияи тоҷики ДДТ ба номи В.И.Ленин ва Мактаби олии ҳизбии Тошкандро бомуваффақият итмом бахшидааст. Дар рӯзномаҳои «Ҳақиқат»-и ноҳияи Ленин (1966-1970), «Тоҷикистони Советӣ» (1970-1975) ва Кумитаи […]Идома...
Акбар Абдуллоҳ (Абдуллоев Алиакбар Шарифович) 9 июни соли 1950 дар деҳаи Дашти Ҷами вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1969 техникуми индустриали-педагогии шаҳри Душанбе — ро хатм намудааст. Солҳои 1969 – 1971 хизмати ҳарбӣ дар сафи Армияи Советӣ. Соли 1976 мактаби Олии Вазорати корҳои дохилии СССР-ро дар шаҳри Тошканд хатм намудааст. Инчунин […]Идома...
ЗИЁ АБДУЛЛО (Абдуллоев Зиёдулло) 10 ноябри соли 1948 дар деҳаи Хишткӯпруки ноҳияи Қубодиён зода шуда, шаҳодатномаи маълумоти миёнаро (1966) дар ҳамон ҷой гирифтааст. Маълумоти олии омӯзгориро соли 1971 дар Душанбе соҳиб шудааст. Солҳои 1971-1976 муаллими мактабҳои зодгоҳаш будааст. Дар ин миён соле хизмати аскарӣ карда, солҳои 1976-1977 дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон», 1977-1983 дар маҷаллаи «Садои […]Идома...
Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо 10-уми марти соли 1971 таваллуд шуда, пас аз хатми мактаби миёна, давраҳои таҳсили олӣ ва такмили ихтисоси худро дар риштаҳои муҳандисӣ, сиёсатшиносӣ ва диншиносӣ дар кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, ИМА ва Русия гузаронида, соли 2007 пас аз хатми аспирантури ДМТ дар мавзӯи «Масъалаи ҳокимият дар равандҳои сиёсии Тоҷикистони муосир» аз рӯи ихтисоси сиёсатшиносӣ […]Идома...
БАҲРИДДИН АЗИЗӢ соли 1895 дар шаҳри Истаравшан таваллуд ёфтааст. Падараш Мулло- Абдулазиз аз аҳли саводу қалам ва мударрис буда, бо тахаллуси «Ҷазмӣ» шеър эҷод мекардааст. Маълумоти ибтидоиро аввал аз падараш омӯхта, то 15-солагӣ дар мадориси гуногуни зодгоҳаш таҳсили илм кардааст. Пас аз гирифтани маълумоти миёна озими Бухоро гардида, бо намояндагони пешқадами замон ошнойӣ пайдо карда, ба туфайли рӯзномаю […]Идома...
ОДИНА АЗИМӢ 5 майи соли 1952 дар деҳаи Самҷони шӯрои деҳоти Ланглифи ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳи вилояти Суғд таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи деҳаи Зарафшони ноҳияи Пролетар, соли 1969, вориди факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шуда, соли 1973 ба итмом расондааст. Баъди хатми донишкада муддате дар нашриёти «Ирфон» адои вазифа намуда, соле чанд […]Идома...
НАЗРУЛЛОҲИ АЗИЗИЁН (Азизов Назрулло Мираҳмадович) 19 октябри соли 1967 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфара таваллуд ёфта, соли 1984 мактаби миёнаи № 21 зодгоҳашро хатм кардааст. Дастпарвари факултаи филологияи тоҷики Донишоҳи миллии Тоҷикистон (1991). Солҳои 1991-1992 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» муҳаррири шуъба ва котиби масъул, солҳои 1992-2001 омӯзгори мактаби деҳаи Ворух, 2001-2003 корманди газетаи «Нилуфар» ва муҳаррири […]Идома...
ВАЛИҶОН АКБАРӢ 5 майи соли 1951 дар деҳаи Қалъаи Баланди ноҳияи Истаравшан дида ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1968 мактаби миёнаи деҳаро хатм карда, ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил гардидааст. Баъди хатми донишгоҳ, соли 1973, бо роҳхати Вазорати маориф ба шаҳри Қӯрғонтеппа рафта, то соли 1976 дар мактаби миёнаи […]Идома...



