СОЛЕҲ ШОДӢ

 СОЛЕҲ ШОДӢ

ШОДӢ СОЛЕҲ 10 январи соли 1947 дар деҳаи Қазоқони ноҳияи Ленин, таваллуд ёфтааст.
Соли 1966 мактаб-интернати №2 шаҳри Душанберо хатм карда ҳамон сол вориди шуъбаи актёрии Донишкадаи давлатии театрии ба номи А. В. Луначарский (Маскав) шудааст.
Соли 1971 Донишгоҳи театриро хатм карда, ба Ватан баргаштааст ва то нафақаву баъди он дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, ҳунарпеша будааст. Дар баробари кори саҳнаву нақшофарӣ, завқи навиштанаш боло гирифта, қаламашро барои драманависӣ, ғолибан, саҳнаҳои иҷмолии ҳаҷвӣ, тез кардааст.
Намоишномаи аввалинаш «Умед», ки аз ҳаёти донишҷӯён ҳикоя мекунад, соли 1983 дар Театри ҷавонони ба номи М.Воҳид рӯи саҳна омадааст. Баъдан ин намоишро театр дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ беш аз 800 маротиба намоиш додааст. Ҳамин тариқ, дилгармона дар жанрҳои гуногуни драматургияи ватанӣ хомаронӣ карда, таъдоди танҳо асарҳои калонҳаҷмаш аз сӣ боло рафтааст, ки драмаҳои «Ҷияни хира» (1985), «Ба пеш, холаҳо!» (1986), «Ҳукм» (1988), «Аҳмади бинӣ», (1989), «Исёни майитҳои бекафан», (1994), «Фиғон аз қарнҳо» (1995), «Сархӯрҳои ғалбербадаст», «Табаралӣ Япония меравад», «Шулук ва беваҳои террорист», «То реша дар об аст…», «Тахти Султон Маҳмуд», «Тавқи лаънат ва номзад», «Дуъо диҳед, қиблагоҳ!», «Меҳмони нохонда», «Туҳфа аз муҳоҷират» аз он шумуланд. «Бойи золим ва хурӯси ҷабрдида», «Шер омад!», «То надидана, думдароз!», «Ин овози Ванябобост!» «Мурғоим ва хурӯспоччо», «Алвидоъ зардинамӯй!»-ро барои наврасону ҷавонон офаридааст.
Аксари намоишномаҳои мазкур дар саҳнаи Театрҳои ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри ҷавонони ба номи М. Воҳид, Театри «Лӯхтак», Донишгоҳи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода, Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ, Театри «Тамошобини наврас», Академияи санъат, (Хуҷанд), Театри русии Чкаловск, Театри ба номи М. Назаров, (Хоруғ), Театри ба номи Туҳфа Фозилова (Конибодом) коргардонӣ шудаанд.
Драмаи «Ҳукм» соли 1987 аз тариқи телевизиони СССР, (Маскав) намоиш дода шудааст.
Соли 1989, мазҳакаи «Ҷияни хира» дар театри ӯзбекии Ҷумҳурии Қирғизистон (шаҳри Ош) саҳнагузорӣ шудааст.
Намоишномаҳои «Ҷияни хира», «Фиғон аз қарнҳо», «Ғуруб», «Сархӯрҳои ғалбербадаст», «Тавқи лаънат ва номзад» пайваста аз тариқи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ намоиш дода мешаванд. Мазҳакаи «Тахти Султон Маҳмуд» дар коргардонии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Баҳодур Миралибеков (дар Театри ба номи устод Лоҳутӣ) сазовори Ҷоизаи «Боргоҳи сухан» гардидааст.
Муаллифи зиёда аз 300 намоишномаи кӯтоҳи ҳаҷвист, ки дар телевизиону радиои ҷумҳурӣ коргардонӣ ва сабт шудаанд.
Намоишномаи «Исёни майитҳои бекафан» (1994) дар шакли китоби алоҳида чоп шудааст.
Соли 2006 нашриёти «Адиб» маҷмӯаи намоишномаҳои «Ҷияни хира», соли 2010 китоби дигари «Итари бадам не…!»-ро ба дасти чоп расондааст.
Артисти шоистаи Тоҷикистон (1984), Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (1997).
Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

 

 

Дигар хабарҳо