ТАҶАССУМИ ШЕЪР

Бозор СОБИP

Мо, навқаламони побараҳнаи ҳаёту адабиёти солҳои шаст, дуздакони ашъори Нодири Нодирпур будем, ки ба унвони шеъри нави форсӣ мунташир шуда, моро ҳавою васваса медод. Яке сатре меканду яке лахте, яке мазмуне мерабуду яке ташбеҳе, яке вожае мебардошту яке ҷумлае. Аз вожааш вожаю аз суханаш сухану аз ҷумлааш ҷумлаю аз сатраш сатру аз байташ байту аз ташбеҳаш ташбеҳу аз тасвираш тасвиру аз ташхисаш ташхис ва аз шеъраш шеър мебофтем. Ба тақлиди «Эй бенаво дарахт!»-у «Шеъри ангур» садҳо шеъри дарахту дарахти шеър навишта, ба равиши «Туро дар хобҳои кўдакӣ гум карда будам ман» ва «Сафар ба деҳкадаи сабзи кўдакӣ кардам» он қадар кўдакиҳо сурудем, ки агар дар як ҷилд гирд оварда шаванд, китоби сангине мешавад, ки кўдаки даҳсола бардошта наметавонад.

Агар ба амри таҳҷўйӣ нахустин китобчаҳои пўстипиёзии моро варақ гардонӣ, метавон дид, ки чи қадар осори Нодири Нодирпур дар таркиби ҳар шеъраки мо ҳамчун пўлакҳои тилло дар муште рег мавҷак зада рўшанӣ мекунад.

Худашро ҳам бори аввал дар анҷумани пурҷамъияти пуршўру пуровозаи забону назми форсӣ, ки дар Душанбе баргузор шуда буд, ҳамон солҳо дида будем. Ҷавони олуфтанамои хушандому болобаланде буд, сар то ба қадам варзидаю тарошидаю мураттабу мутаносиб ва мўйлаби сиёҳ ба ҳеҷ сурате ҳамчун ба сурати сафеди нуронии ў намезебид. Яъне, сурати хушояндаш таҷассуми шеъру сирати хушояндаш буд.

Ўро дар паси минбари он анҷумани дерина низ ҳанўз фаромўш накардаем. Аз шарму ҳаёи ҷавонию сеҳру афсуни чашмҳои нигарон, ки аз чаҳор ҷониб сар то ба қадамашро менигаристанду мечариданд, дона-дона арақ мекард. Ва раиси маҷлис ҳам, ки шоире буд, бадоҳатан гуфт:

Нозанине, ки дар арақ тар шуд,

Нозанин буд, нозанинтар шуд.

Дубайтии зерин, ки он рўз аз забони Нодири Нодирпур тару тоза шунида будем, сию панҷ сол инҷониб ёдовари гаронбаҳои махмалпечи хотираи мост:

Насиме, к-аз сари он кокул ояд,

Маро хуштар зи бўи сунбул ояд.

Хаёлашро шабе гирам дар оғўш,

Саҳар аз бистарам бўйи гул ояд.

Лаҳзае ки танаффус дода шуд, барои соядасташро гирифтан кашмакашу аҷалаю ҳангомае бархост, ки гуфтан надорад; китоб болои китобу дафтар болои дафтару даст болои даст ба ў дароз мешуду дароз мешуд ва ў зайли кафбине мегирифту мекушоду менигаристу менавишту пас мегардонд. Дар дафтарчаи ман навишта буд:

Тоҷи хурўсҳои саҳарро буридаанд,

Дар хок кардаанд,

Аз хок ҷаста хирмани анбўҳи лолаҳо.

Ман дар домани лолазори Файзобод ба воя расида, ҳамшаклию ҳамрангии дуқабатаи тоҷи буридаи хурўсу лолаи хунҷўшро ҳеҷ тасаввур накарда будам. Шоири соҳибзавқ дар ҳамин як соядасти нўгиқаламӣ ҳам шоирие карда, ки фаромўш намешавад. Ва мақолае, ки дар он анҷуман қироат кард, сабақи воқеии нахустину вопасини мост, ки сиюпанҷ сол муқаддам аз устоди воқеие гирифта будем, ки ў низ қариб ҳамсоли худамон буд. Ў гуфт, ки шеърро андешаи шигифту шигарф шеър мекунад, на унсурҳои шеърӣ.

Ҳанўз мо аз таассуроти он дидору мулоқоти тез ба худ наомада будем, ки Нодири Нодирпур ба Теҳрон баргашт. Мо дигар ўро аҳёнан дар рўйи ҷилди китобҳояш медидем, ки ҳамчунон хушрўю ҷиддию андешаманд менамуд, намехандид, хандонаки хандонлабу хандонрў набуд. Умуман, дар ёд надорем, ки ў даҳан кушода хандида бошад, ҳол он ки хандаи ҷавонӣ ба он сурату симои қашанги монавии ў мезебид.

Дубора мо мондему:

Эй бенаво дарахт!

Мурғони баргҳои ту дар оташи хазон

Якбора сўхтанду ба пойи ту рехтанд,

Гунҷишкҳои дар ба дар аз ошёни хеш

Ҳамроҳи баргу бод ба саҳро гурехтанд,

Оё дар интизори баҳорӣ ҳанўз ҳам?..

Боз мо мондему:

Чӣ мегўед?

Куҷо шаҳд аст ин обе, ки дар ҳар донаи ширини ангур аст,

Куҷо шаҳд аст?

Ин ашк аст,

Ашки боғбони пири ранҷур аст,

Ки шабҳо то саҳар бедор буда,

Токҳоро об дода,

Пуштро чун ҷафтаҳои мў дуто карда…

Шаробаш к-аз куҷо хондед?

Ин хун аст.

Шумо ҳам, эй харидорони шеъри ман,

Агар дар донаҳои нозуки

                                  лафзам

Ва ё дар хўшаҳои равшани шеърам,

Шаробу шаҳд мебинед,

Ғайр аз ашку хунам нест…

Боз ҳам мо мондему:

Ситора дар қафаси шохаҳо нафас мезад,

Сапеда дар шутури кўҳҳо сафар мекард…

***

Борон чи гиряест?

Гирйидане ба вусъати андўҳи осмон…

***

Дар гўш карда пунбаи барф имшаб

Шаҳре, ки ҷовидона пур аз ҳарф аст;

Чашмони поки ҷўй пур аз об аст,

Мижгони сабзи коҷ пур аз барф аст…

Мо мондему:

Ту ҳар ғуруб назар мекунӣ ба хонаи ман,

Дареғ панҷара хомўшу хона торик аст.

Хаёли кист дар он сўйи шишаҳои кабуд,

Ки аз ту дур, вале бо дили ту наздик аст…

Мо будему:

Эӣ шеър, эй тилисми сиёҳе, ки сарнавишт

Умри маро ба риштаи ҷодуии ту баст.

Гуфтам туро раҳо кунаму зиндагӣ кунам,

Бас тавбаҳо, ки дар сари ин орзу шикаст…

Боз ҳам мо будему шеъри ташбеҳ андар ташбеҳу тасвир андар тасвиру ташхис андар ташхису талмеҳ андар талмеҳу малеҳ андар малеҳи Нодири Нодирпур. Дар ҷайби ҳар кадомамон дафтарчае аз гулчину сарчини эҷодиёти ў буд, ки раҳ ба раҳу кўча ба кўча, қадам ба қадам мехондему азбар мекардем. Алъон ҳеҷ асари Нодири Нодирпур зери дасти ман нест ва ҳар пораю лахту хўрдае, ки дар ин мақола иқтибос овардаам, муште аз ҳамон дафтарчаҳост, ки дар кўчаҳои Душанбе қадам зада ҳифз мекардам.

Мо Маҳдии Ахавони Солис, Сиёвуши Касроӣ, Суҳроби Сипеҳрӣ, Фурўғи Фаррухзод, Сояи Ибтиҳоҷ,Фаридуни Таваллулӣ, Симини Беҳбаҳонӣ, Жолаи Исфаҳонӣ ва дигаронро низ тақлиду тарғиб менамудем. Натанҳо ошиқу шайдои шеъри нав, ошиқи шайдои ҳар вожае будем, ки созмони вожаҳои форсӣ интишор медод. Ҳар вожаи авастоиро зайли нонрезае бардоштаю бўсида бар чашм мебурдем. Солномаю моҳномаи паҳлавиро шинохта — фарвардину урдибиҳишту даймоҳу баҳманмоҳ мегуфтем. Маҳфилу маҷлису хонишу сароиши достонҳои ҳамосии «Шоҳнома» мекардем, ки баробари бузургдошти ниёгон қомати мардум барозанда мешуд. Мо ҳам забони форсии шевою тавоное мехостем, ки мояи ифтихору қадру шинохти фарҳанги миллат бошад. Ва ройсозу ройзани он ҳама кўшишу полишу пажўҳиш шоирон буданд.

Дигар хабарҳо